Кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар заминаи омузиш

Кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар заминаи омузиш

Ахбори минтақа

Ба гузориши “Форс”, шурои мудирони иҷроии Бонки Ҷаҳонӣ санади кумаки 50 миллион долларӣ ба Тоҷикистон, барои иҷрои тарҳи беҳбуди сифати тадрис ва омузиш дар системаи омузиши миёнаи кишварро тасвиб намудааст.

Дар баёнияи ин созмон дар ин хусус омадааст, бо вуҷуди ин ки дастрасӣ ба омузиши миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон болост ва пушиши он дар соли 2019 мелодӣ 96.6 дарсад будааст, аммо сифати омузиш ҳамчунон поён аст.

Дар чорчуби ин тарҳ як системаи нави миллии тадрис ва омузиш, тадвин ва муаррифи хоҳад шуд ва маблағи лозим барои бозсозӣ ва навсозии мактабҳо, бо ҳадафи афзоши теъдоди синфхонаҳои дарсӣ, ифтитоҳи омузишгоҳҳои замонавӣ, ироаи таҷҳизот ва густариши фурсатҳо барои мутолиаи мавзуот бо ҳадафи таъмини донишомузони Тоҷикистон бо маҳоратҳои замонавии мавриди ниёз дар қарни 21 ироа хоҳад шуд.

Лозим ба ёдоварист, Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир 24 тарҳро дар Тоҷикистон ба арзиши 1.54 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Инчунин аз соли 1996 Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 2.72 миллиард доллар ба унвони кумак ба Тоҷикистон пардохт намудааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Ҳамос дар баробари ҷиноёти Исроил
Шарокати стротежики Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди гуфтугӯи масъулини ду кишвар

Матолиби пурбоздид