Маод – XIII

Маод

Бахши 13

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Посух ба чанд пурсиш

Пурсиш: Суоли аввали банда роҷеъ ба руҳ буд, ки оқои Мутаҳҳарӣ аз маҷмӯъи оятҳои Қуръон истинбот мекунанд, ки эътиқод ба вуҷуди руҳ тақрибан барои як мусалмон воҷиб ва зарурӣ аст, то битавонад маъодро бипазирад ё истидлол кунад. Суолам ин буд, ки агар кӯшиши шумо мунтаҳӣ ба натиҷа шуд ва агар собит кардед, ки ҳатман бояд ҳадди фосиле ва омиле мавҷудоти зинда ва ҷондорро аз олами ҷамодот ҷудо бикунад, агар рӯзе илм муваффақ шуд, ки ин пардаро бардорад ва собит кунад ин омил вуҷуд надорад, он вақт тамоми истидлолҳои шумо пояаш зада мешавад, ҳамон тавр, ки заминааш ҳам алъон фароҳам аст ва ахиран шунидам, ки ҳолати хеле соддаи мавҷуди зиндаро сохтаанд. Оё ин руҳеро, ки шумо баён мекунед, ки ҷамодотро аз ҷунбандагон ҷудо мекунад, ҳамон руҳи инсонӣ аст ё ин ки руҳе барои гиёҳон қоил ҳастед ва руҳе барои инсон ба таври алоҳида? Ва он ояте аз Қуръон, ки ишора мекунад, ки шумо ҳамон тавр, ки мехобед ва бедор мешавед, мемиред ва зинда мешавед, агар инро аз лиҳози илмӣ бихоҳем тавҷеҳ кунем, хоб як падидаи комилан ҷисмонӣ аст. Мумкин аст кайфият ва моҳияти як чизро натавонем он тавр, ки бояд ташреҳ кунем, вале далолат бар адами шинохти он намекунад. Масалан мо алъон барқро камо ҳува ҳаққуҳ намедонем чист, аммо тамоми хавосси барқро медонем ва бар барқ ҳукумат мекунем ва дар ихтиёрамон аст. Як одами бедорро ба роҳатӣ хоб мекунанд, ин чизи соддае аст дар тибб. Пас дуруст маълум аст, ки як амали ҷисмӣ, моддӣ ва физикӣ анҷом мегирад, то як касе хоб мешавад. Касеро ҳам, ки беҳуш мекунанд, ҳамин тавр ва касе, ки тоза аз хоб баланд шуда агар аз хуни бадани касе, ки хоболуд аст ба ӯ тазриқ кунанд мехобад. Пас ин масъала зимни ин ки мумкин аст мо натавонем ба таври возеҳ баён кунем, ки чӣ асаре бар мағз мегузорад, як амали моддӣ аст.

Суоли дуввум дар бораи ташбеҳе аст, ки байни ҷанин ва ин олам мекунанд ва баъд ин оламро бо олами барзах ё маъод қиёс мекунанд, мегӯянд: ҳамон тавр, ки ҷанин дорои аъзое аст, ки дар он олам ба дардаш намехӯрад ва ин далолат мекунад бар ин ки ҳадаф аз хилқат чизи дигаре буда, дар ин дунё ҳам ҳамин ҳолат ҳаст. Мо шабеҳи онро дар ин дунё ва дар бадани инсон чизе намебинем. Худатон масал мезанед, ки ӯ аъзое дорад, ки ба дардаш намехӯрад ва баъд ба кораш меояд, аммо мо дар ин дунё тамоми аъзои баданамон ба кор меафтад ва ҳамаи онҳо ҳам масраф ва фалсафае доранд ва шояд аз ин ҳам истифодаҳои истидлолӣ барои вуҷуди Худо ва ҳадаф ва нақша ва тарҳ доштани хилқат мекунем. Бинобар ин, ин ташбеҳро чӣ гуна комил мекунед, ки мегӯед: метавонем ин натиҷаро бигирем, ки дар оянда як миқдор аз аъзоъ ва ҷавореҳ, эҳтиёҷот ва ниёзҳои руҳиамонро мехоҳад таъмин кунад.

Аммо масъалаи севвуме, ки оқои муҳандис Бозаргон суол карданд ва оқои Мутаҳҳарӣ ҷавоб доданд ва худашон ҳам дар китоби “Роҳи тайшуда” як миқдор ҷавобашро додаанд, масъалаи таносуб байни муҷозот ва аъмол буд, ки оқои Мутаҳҳарӣ ҷавобе доданд, ки дар китоби “Адли илоҳӣ” ба тафсил баён кардаанд. Он ҷавоб ҳам ба назари банда қонеъкунанда нест. Эшон гуфтанд, ин муҷозотҳо ё барои ибрати дигарон аст ё барои ташаффии афроде, ки садама дидаанд ва чун ин ҳар ду наметавонад дар дастгоҳи хилқат ва Худованд маънӣ дошта бошад, пас ҳеч кадом аз инҳо нест ва аслан ин қиёси мо, ки мегӯем муҷозот дар дунё бояд таносубе дошта бошад, ношӣ аз иштибоҳе аст, ки мекунем, вагарна ин масъала ба куллӣ масъалаи дигаре аст ва ба таквиниёт иртибот пайдо мекунад. Баъд масал зада буданд, ки вақте мо ба касе мегӯем, ба канори дара наздик нашав, агар наздик шавӣ, меафтӣ ва аз байн меравӣ, ин мумкин аст хирасаре кунад ва биравад ва баъд суқут кунад, он вақт ба мо эътироз кунанд, ки ин муҷозот дар муқобили ин хирагии мухтасар номаъқул аст, ақаллан мехостӣ 2 метр биафтад, чаро 70 метр меафтад, то сараш ба куллӣ бишканад? Ба назари ман, ин масал дуруст нест. Инҷо ба ин иллат ба назари мо дуруст меояд, ки созандаи дара бо қонунгузоре, ки мегӯяд шумо наздики дара нашав, дуто ҳастанд. Он аввалӣ табиат ё Худое аст, ки дараеро халқ карда ва ин яке башар ё падару модаре аст, ки мегӯяд ба ин дара наздик нашав, вагарна агар ҳар душон яке буданд эрод ворид буд, ба ӯ мегуфтанд, ба чӣ муносибат агар ин фард як қадам ҷилав рафт, бояд нобуд шавад, мехостед ҳадди ақалл иртифоъи камтаре бигузоред ва ба ҳамин иллат ҳам ҳаст, ки имрӯз тарҳҳои эминӣ ҷавоб инҳоро медиҳад. Аммо дар ин ҳолат, ки холиқи Худост, ба чӣ муносибат касе, ки чанд соле аҳёнан дар дунё гуноҳ мекунад, бояд то абад муҷозот шавад? Ҳоло подошро мегӯем ҷуду бахшиши Худост, қобили эрод ҳам нест, намехоҳем камтар ҳам бошад, ҳамоне, ки ҳаст бошад, аммо дар муҷозоташ ин эродро метавонем бигирем.

Устод Мутаҳҳарӣ: Аммо суоли аввал, ки фармудед, тасаввур аз масъалаи руҳ буд. Масъалаи руҳро мо ҷудогона баҳс мекунем. Аввалан инро арз кунем, ки мо иттифоқан — баръакси таъбири шумо — масъалаи руҳро поя барои қиёмат қарор надодем ва ҳеч вақт дар таъбироти мо ин набуд, ки барои ин ки қиёматро тавҷеҳ карда бошем, бояд қоил ба руҳ шавем. Зеро он марҳилае, ки Қуръон аз қиёмат мегӯяд, мегӯяд: ҳамин мурдаҳо зинда мешаванд. Ҳарфи мо ин аст, ки Қуръон як марҳилае қабл аз қиёмат, як марҳилае баъд аз мурдан, аз мурдан то қиёмат қоил аст, ки дар ин марҳила ҳаёте барои инсонҳо (чӣ инсонҳои саодатманд ва чӣ инсонҳои шақӣ) қоил аст. Бо ин ки худи Қуръон ҳеч намехоҳад бигӯяд, ин мурдаҳое, ки баъдҳо мехоҳанд зинда шаванд (яъне) ин ҷисмҳо зинда ҳастанд, (мегӯяд: ин ҷисмҳо дар қиёмат зинда мешаванд) ва бо ин ки ин ҷисмҳо феълан мурда ҳастанд ва ба сурати зарраҳои парокандаи чунину чунон дармеоянд, дар айни ҳол (мегӯяд) дар фосилаи мурдан то қиёмат, афрод зинда ҳастанд.

Аз маҷмӯъи таъбироти зиёде, ки дар Қуръон буд, гуфтем ин на аз боби муқаддимаи қиёмат (аст, балки) ин худаш мерасонад, ки Қуръон барои инсон воқеияте қоил аст, ки мегӯяд мо он воқеиятро дар мурдан мегирем:

اَللّهُ یَتَوَفَّی الْأَنْفُسَ حِینَ مَوْتِها

(Зумар/42)

یَتَوَفّاكُمْ مَلَكُ الْمَوْتِ

(Саҷда/11) ва оятҳои дигаре, ки намехоҳам такрор кунам. Пас он муқаддима барои ин матлаб набуд. Гуфтем, ба ҳеч илму фанн ва фалсафае ҳам кор надорем, мо воқеан мехоҳем бибинем назари Қуръон чист? Оёте, ки Қуръон роҷеъ ба руҳ дорад, танҳо ояти:

قُلِ اَلرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي

(Исро/85) нест — ки онро ҳам баҳс мекунем — ки бигӯед, он марбут ба руҳи инсон нест. Қуръон оятҳои дигаре дорад, ки инҳо ҷуз бо ҳамон фарзи руҳ имкон надорад, тасвир надорад, яъне дар Қуръон тасреҳ аст.

Баъд хостед бигӯед, ки агар рӯзе илм омад хилофи онро собит кард, мо чӣ бигӯем? Аввалан, мо агар чизеро аз Қуръон истинбот мекунем, баъд, аз тарси ин ки мабодо рӯзе илм хилофашро бигӯяд, наметавонем бигӯем имрӯз истинбот намекунем. Ҳадди аксар ин аст, ки Қуръони мо ин тавр гуфта, илм ҳам хилофи онро гуфтааст. Шумо бояд ба мо эрод бигиред, ки оё аз Қуръон чунин чизе истинбот мешавад ё намешавад? Аз тарси ин ки мабодо рӯзе илм хилофашро бигӯяд, мо биёем аз ҳоло бигӯем Қуръон инро намегӯяд? Ҳоло Қуръон инро гуфта, бигӯед, хилофи илм ҳам ҳаст, шумо рӯйи оятҳои Қуръон баҳс кунед, ки воқеан Қуръон чунин чизе мегӯяд ё намегӯяд? Агар собит шуд Қуръон мегӯяд, он гоҳ меравем дунболи он матлаб, агар собит шуд, намегӯяд, ки ҳеч. Вале чун аз назари мо собит аст, ки Қуръон мегӯяд, меравем дунболи он ҳарфи дигар.

Шумо тамоми нигарониатон аз ин аст, ки накунад рӯзе як мавҷуди зинда ва бахусус инсонро бисозанд. Ман намефаҳмам ин нигаронӣ чӣ нигароние аст? Агар инсонҳо инсонро сохтанд ё гиёҳро сохтанд, он вақт магар инсонҳо гиёҳро халқ кардаанд? Ин олам қонуне дорад, ки аз он тахаллуф намекунад, яъне агар он маҷмӯи шароити моддӣ барои пайдоиши як гиёҳ ба вуҷуд ояд ё — ба қавли касоне, ки қоил ба руҳ ва нафс ҳастанд — агар маҷмӯи шароит барои ин ки як кӯдак (нафс) мутаваллид шавад ба вуҷуд биёяд (ба ҳар васила ба вуҷуд биёяд, мехоҳад омилҳои табиат онро ба вуҷуд оваранд ё инсонҳо), маҳол аст, ки ӯ ба вуҷуд наёяд. Инро бо мисол зикр кунам — дар мисол беҳтар мешавад матлабро гуфт — ва он ин аст:

Ду нафар бо ҳам сари телевизион мубоҳаса доранд. Телевизиони гирандаеро мебинанд, ки аксҳо ва тасвирҳоеро нишон медиҳад. Ин ду нафар дар як чиз бо ҳам иттифоқ доранд ва он дастгоҳи гиранда аст. Яке аз ин ду нафар мегӯяд, ин тасвирҳои рӯйи сафҳаро ҳамин дастгоҳ, худаш эҷод мекунад, хоссияти ҳамин дастгоҳ аст, ки эҷод мекунад. Дигаре мӯътақид аст, ки як дастгоҳи фиристандаи дигар ҳаст, ки амвоҷеро пахш мекунад ва ҳар вақт як дастгоҳи гиранда ба ин кайфият сохта шавад, дар ҳар ҷо, ки бошад, сурати онро мунъакис мекунад. Баъд он касе, ки муддаӣ аст дастгоҳи фиристандае нест, ки тасвир аз онҷо меояд ва ин худи ҳамин дастгоҳ аст, ки ин тасвирро месозад, мегӯяд, алъон бо далел собит мекунам, худам дар ҷилави чашмат як телевизион месозам, ки тасвирро мунъакис мекунад. (Дар ҷавоби ӯ бояд гуфт) ин чӣ ҳарфе аст? Агар шумо ҳазор телевизиони дигар ҳам бо дасти худатон бисозед, боз тоза мешавад мисли ҳамаи телевизионҳои дигар, вақте мисли ҳамаи телевизионҳои дигар шуд, ба ҷабр ва зарурат хоссияти онҳоро пайдо мекунад, яъне он дастгоҳи фиристандае, ки ҳамеша дар ҳоли фиристодан (-и тасвир) аст ва як “он” аз кори худаш ғофил нест, табъан (тасвирро дар он) мунъакис мекунад.

Худо, ки инсон нест, ки инсони ҳавасбоз бихоҳад бошад. Агар мо ба дунёи дигаре ва ба олами арвоҳ қоил бошем, маънояш ин аст, ки ҳар чи дар ин дунё пайдо шавад (мехоҳад ба дасти башар пайдо шавад, мехоҳад ба дасти дигаре) хориҷ аз қонуни хилқат нест. Магар алъон инсонҳо инсон намесозанд? Ҳамин алъон ҳам инсонҳо инсон месозанд, алъон ҳам мавту ҳаёт ба дасти инсонҳост, яъне як зану шавҳар дилашон бихоҳад бачча ба вуҷуд биёяд, ба вуҷуд меояд, дилашон бихоҳад ба вуҷуд наёяд, ба вуҷуд намеояд. Пас бигӯем инҳо дар кори Худо дахолат кардаанд? Ҳарфи калисо роҷеъ ба масъалаи ҷанин бисёр ҳарфи ғалате аст, ки мегӯянд: агар касе бихоҳад бачча мутаваллид нашавад ва ҷилавгирӣ кунад, дар кори Худо мудохила кардааст. Ҳамеша мардум дар кори Худо ба ин маъно мудохила мекунанд. Он кишоварзе ҳам, ки кишоварзӣ мекунад, дар кори Худо мудохила мекунад.

Қуръон ҳам мегӯяд:

أَفَرَأَیْتُمْ ما تَحْرُثُونَ، أَأَنْتُمْ تَزْرَعُونَهُ أَمْ نَحْنُ الزّارِعُونَ

(Воқеа/63 ва 64) Дар ҳамон кори кишоварз, Қуръон чизе аз онро аз ӯ медонад ва чизе аз онро — ки аз ӯ нест ва аз дастгоҳи хилқат аст — аз худаш медонад. Кишоварз кори худашро анҷом медиҳад, яъне заминаро мусоид мекунад ва ин олами хилқат аст, ки онро эҷод мекунад, на кишоварз.

Як чизро ман барои ҳамеша ба шумо қавл медиҳам ва он ин аст, ки барои ҳазорҳо соли дигар ҳам башар қодир нахоҳад шуд, ки ба куллӣ хориҷ аз қонуни хилқат мавҷудеро эҷод кунад, масалан инсоне эҷод кунад, ки ҳеч иртиботе бо олами хилқат надошта бошад. Илми инсон ҳар чи пеш меравад, дар ҷиҳати шинохти қонунҳои хилқат пеш меравад ва аз ҳамон қонуни мавҷуди хилқат истифода мекунад. Кадом қонунро башар дар олами халқ кардааст? Било ташбеҳ — албатта ҷасорат набошад — Намруд ба Иброҳим (а) гуфт: Худои ту кист? Гуфт:

رَبِّيَ الَّذِی یُحْیِي وَیُمِیتُ

(Намруд) гуфт:

أَنَا أُحْیِي وَأُمِیتُ

(Бақара/258) Ман ҳам эҳё ва имота мекунам. Дастур дод, ду нафарро аз зиндон оварданд, якеро сар буриданд (ва якеро озод карданд). Ин возеҳ аст, ки мағлата аст, айни ин мағлатаи ҷаноби олӣ роҷеъ ба хоб.

Шумо чаро роҷеъ ба хоб мегӯед? Роҷеъ ба мирондан бигӯед. Чаро мисол рӯйи хоб овардед? Аввалан ин ояти Қуръон нест, ки фармудед: “Ҳамон тавр, ки мемиред, зинда мешавед”, ин ҳадис аст. Фармудед хоб (талқини мегнотизмӣ) чун дар ихтиёри инсонҳост, ҷанбаи моддӣ дорад. Аввалан ин ҷанбаи моддӣ ва ғайри моддӣ, ки шумо як девори азиме дар инҷо қоил шудаед, аз куҷост? Шумо чаро аслан барои мурдан мисол ба хоб задед? Дар бораи худи мурдан сӯҳбат кунед, бигӯед, агар мурдан як ҷанбаи моварои табиӣ бошад, пас бояд ҳеч кас натавонад касеро бикушад, чун Қуръон мегӯяд Худо қабзи руҳ мекунад, малакулмавт меояд қабзи руҳ мекунад. Худо, ки мегӯяд:

اللّهُ یَتَوَفَّی الْأَنْفُسَ حِینَ مَوْتِها

— агар Худо қабзи руҳ мекунад, пас ҳеч кас набояд битавонад каси дигареро бимиронад. На, инҳо бо ҳам мунофот надорад. Он коре, ки банда мекунад, ғайр аз коре аст, ки Худо мекунад.

Банда шароити бақои ҳаётро дар инҷо аз байн мебарад. Аз назари Қуръон, ин ба маънии фонӣ шудан ва тамом шудан нест. Вақте, ки ин шароит маъдум шуд, як чизе ҳаст, ки қабз мешавад, як чизе ҳаст, ки аз инҷо бурда мешавад, як чизе ҳаст, ки дигар имкони бақо надорад ва чун имкони бақо надорад, гирифта ва бурда мешавад. Пас инҳо бо ҳамдигар ба ҳеч ваҷҳ мунофот надорад.

Ман 10-15 сол пеш (ҳамон вақт, ки сӯҳбати ин буд, ки он донишманди итолиёӣ ҷанинро дар хориҷи раҳим парвариш медиҳад ва рӯзномаҳо сару садои зиёде роҳ андохта буданд ва рӯйи ҳамин (ҷиҳат) поп ҳам (ин корро) таҳрим карда буд, ки ин дахолат дар кори Худост ва чунину чунон, мақолае навиштам таҳти унвони “Қуръон ва масъалае аз ҳаёт” ва ҳамин масъаларо онҷо тарҳ кардам.

Бинобар ин, масъалаи руҳ ҳеч вақт бо ин ҳарфҳо ботил намешавад, ки масалан агар рӯзе башар қодир шуд инсон бисозад ва фарз кунем воқеан аз нутфа ҳам насозад, селлуле мисли селлули мардро аз моддаи дигаре бисозанд ва дар хориҷи раҳим парвариш диҳанд ва як инсони тамом бисозанд, дар ин сурат руҳ ботил аст, на, ин ба ин масъала иртиботе надорад.

Дар масъалаи руҳ, касоне, ки баҳс мекунанд, дар воқеъ ҳамин таъбир аст, ки оё инсон ҳамаи абъоди вуҷудаш ҳамин абъоди маҳсус аст ё як буъди вуҷудии дигаре ҳам дорад, ки он буъди вуҷудӣ дар вақте, ки шароити он ба вуҷуд омад, ба вуҷуд меояд, ҳамин тавре, ки агар шароите ба вуҷуд ояд, ин абъоди вуҷудиаш ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷиҳат ҳеч фарқе байни ҳамон мисоли телевизион ва мо вуҷуд надорад. Пас шумо нигарон набошед, агар рӯзе ҳам ҳазор то инсон бисозанд, бо масъалаи руҳ ҳеч иртибот надорад. Ҳоло агар мо вориди худи масъалаи руҳ қатъи назар аз Қуръон бишавем, масъалаи дигаре аст. Мо феълан рӯйи Қуръон баҳс мекунем.

Шумо феълан бояд рӯйи Қуръон баҳс кунед ва ман бемайл ҳам нестам, билохира масъалае аст, ки мо рӯйи он ғарази хоссе надорем, агар руфақо маслиҳат медонанд, ки рӯйи худи масъалаи руҳ ҳам ба таври куллӣ баҳсе кунем, баҳс мекунем.

Дар китоби “Зарраи беинтиҳо” гӯё ин ки аз назари худи оқои муҳандис Бозаргон баҳсашон идомаи баҳсҳои “Роҳи тайшуда”аст, вале аз назари мо, ба куллӣ ғайр аз он баҳсҳост ва баҳси бисёр саҳеҳе аст. Аз назари мо, ин баҳс, сад дар сад баҳси саҳеҳе аст ва радди назарияе аст, ки эшон дар “Роҳи тайшуда” додаанд ва мо баъд рӯйи ин қазия баҳс хоҳем кард ва матлаби дуруст ҳамон аст. Ин ки эшон дар онҷо ин ҳама рӯйи калимаи “амр” дар Қуръон такя кардаанд, агар ғайр аз оқои муҳандис Бозаргон мебуд, мегуфтем ҳатман ҳарфҳои дигаронро, ки дар чандин сад сол пеш гуфтаанд, аз китобҳои дигарон бардоштаанд дар китоби худашон нақл кардаанд, вале чун медонем, ки (истинботи) эшон бо муроҷеа ба китобҳои дигар набуда, аз назари ман воқеан хеле қобили таҳсин буд, ки чизеро, ки дигарон баъд аз солҳо диққат ва мутолеа аз Қуръон истинбот кардаанд, айни ҳамон истинботро эшон кардаанд, албатта бо як ихтилофоти ҷузъӣ, ки арз мекунам.

Эшон таъбир мекунанд, ки қаблан оламро бо ду унсур тавҷеҳ мекарданд ва бо ду унсур ҷаҳонро намешавад тавҷеҳ кард, унсури дигаре (низ лозим аст). Як тасҳеҳи мухтасар бояд кард, ки он чизеро, ки худашон амр ё руҳ меноманд, ба сурати як унсур дар арзи ин ду унсур (ки ин се то бихоҳанд бо ҳамдигар таркиб шаванд) намешавад тасвир кард.

Албатта он ҳам таъбир аст, на ин ки се чиз бо якдигар таркиб мешаванд ва аз маҷмӯъи мураккаб як шайъ дуруст мешавад, як чизе аст, ки беҳтарин таъбир аз таъбироти имрӯзӣ таъбири “буъд” аст: як буъди дигар. Фарқ аст байни ин ки бигӯем руҳ буъди дигаре аст аз инсон ва ин ки бигӯем як унсури дигаре аст аз аносур, ки (инсон) аз маҷмӯъи аносур таркиб шудааст. Абъод бо якдигар таркиб намешаванд, абъод ҷиҳоти мухталифи як шахсиятанд, вале аносурро маъмулан мо дар ҷойе мегӯем, ки инҳо як воқеияти ҷудое аз ҳамдигар доранд ва баъд меоянд бо ҳамдигар таркиб мешаванд ва мураккаб ба вуҷуд меоваранд.

Абъод, шахсияти ҷудо аз ҳам надоранд, на ин ки қаблан шахсияти ҷудое доштаанд, ҳар буъд қаблан вуҷуд дошта, баъд омадаанд бо ҳамдигар таркиб шуда ва замима шудаанд ва як мураккаб ба вуҷуд овардаанд, мисли абъоди сегонаи ҷисм. Ба ин шакл нест. Ҳоло он бошад барои баъд. Ба ҳар ҳол хостам ин нигарониро ҷаноби олӣ надошта бошед.

Матлаби дигаре, ки дар масъалаи лағв ва абас (будани) хилқат фармудед, ман ба эътироз кардани шумо ҳақ медиҳам, вале ба эътирози шумо на, яъне шумо ҳақ доштед эътироз кунед, чун баёни ман ноқис буд ва таъаммуд ҳам доштам ноқис бигузарам, вале эътирози шумо дуруст нест. Ин ҳам, ки ман гуфтам мабнӣ бар масъалаи руҳ аст, ки мехоҳам тавзеҳ диҳам, яъне мехоҳам бигӯям, ки Қуръон намехоҳад бигӯяд дар ин хилқати ҷисмонии шумо чизе ҳаст, ки ба дарде намехӯрад. Он ташбеҳ буд, ки ман ба масъалаи ҷанин мисол задам. Албатта ман дар ин ки аз Қуръон ҳатман ин истифода мешавад тардид дорам, вале ҳарфи ман ин буд ва хеле аз ашхосе, ки ин оётро тавҷеҳ кардаанд ин тавр тавҷеҳ кардаанд, мехоҳанд бигӯянд, ки унсури бақои баъд аз марг алъон дар шумо вуҷуд дорад, ҳамон масъалаи олами барзах, ки олами барзах баъд аз ин халқ намешавад, шумо алъон инҷо як вуҷуди мисолии барзахӣ доред, алъон ҳамроҳи шумо ҳаст. Ҳикмати ин чашм ва гӯши шумо ҳамонҳое аст, ки алъон шумо доред мебинед, вале шумо алъон аъзо ва ҷавореҳи дигаре, андоми дигаре ва хусусиёти дигаре доред, ки онҳо дар ин вуҷуди ҷисмонии шумо назири аъзо ва ҷавореҳи ҷисмонии шумост дар олами раҳим, синхи онҳо асосан аз синхи ин олам нест, аз синхи олами барзах аст. Ин ки ман онро ин қадр тавзеҳ надодам, чун то мо масъалаи руҳро баҳс накунем, гуфтанаш инҷо зоид аст. Мо хостем бигӯем аслан унсури қиёмат (яъне он чи аз мо дар барзах боқӣ мемонад ва он чи дар қиёмат шахсияти моро ташкил медиҳад) алъон вуҷуд дорад ва агар ин ки бо мо ҳаст инҷо маъдум шавад назири ин аст, ки ниҳояти сайри ҷанин поёни раҳим бошад, ки агар масъалаи руҳ собит шавад, ин баёни ман дуруст аст ва агар собит нашавад, ғалат аст. Эътироз кардани шумо саҳеҳ буд, на нафси ҳарфи шумо, чун ман амдан баёнро ноқис гузоштам, ҳақ доштед эътироз кунед, вале (баёни ман) бар асосе аст, ки бояд баъд рӯйи он баҳс кунем.

Эроди севвуми шумо масъалаи муҷозотҳо буд. Инҷо боз ман хаёл мекунам, ки шумо ҳанӯз гири он мафҳуми калимаи муҷозот ҳастед, яъне боз масъалаи кайфар дар зеҳни шумост. Кайфар ба он маъное, ки мо мегӯем, ҳамон мафҳуми таъдиб кардан, танбеҳ кардан, ташаффӣ пайдо кардан ё таҳдид кардан, асбоби ибрати дигарон фароҳам кардан. Арз кардем, ки на, (мафҳуми муҷозоти ухравӣ) ин нест, ба ин маъно: дар мисоли таквин, ки зикр кардам, мисоли дигаре ҳам оқои доктор … зикр карданд, ки ман аз забони эшон мегӯям: дар муҷозоти таквинӣ агар мо муҷозот мегӯем, албатта лафзи он бо лафзи муҷозотҳои иҷтимоӣ яке аст, вале моҳияташ дутост. Касе, ки дар асари як ҳарзагии панҷ дақиқаӣ дучори бемориҳои сифлис ва назири он мешавад ва баъд, то охири умр домангираш мешавад ва аҳёнан дар наслаш ҳам то чанд насл идома пайдо мекунад, мо ба он мегӯем муҷозот. Дар ин тавр маворид арз кардем, ҷойи ин ҳарф нест, ки касе бигӯяд таносуб (вуҷуд надорад), чун онро барои ин вазъ накардаанд, ки шумо бигӯед: ҳоло, ки барои ин вазъ кардаанд, мехостанд камтарашро вазъ кунанд. Он (муҷозот) натиҷаи қаҳрӣ ва ҷабрии ин (амал) аст, яъне ин роҳе аст, ки ниҳояташ он аст. Шумо наметавонед ба Худо эътироз кунед, ки ин роҳе, ки ман ҳамин тавр аз ин тараф дар пеш мегирам ва охираш мунтаҳӣ мешавад ба масалан Афғонистон, ту як коре бикун, ки ман аз ин роҳ биравам, вале ба Афғонистон нарасам. Ин маҳол аст. Шумо метавонед масалан бигӯед, ки эй кош ман набудам, оламе набуд, аммо наметавонед бигӯед, ки эй кош ман будам, олам ҳам мебуд, роҳ ҳам мебуд ва ман ҳам аз ин тараф мерафтам, вале ба Афғонистон намерасидам. Чунин чизе маҳол аст. Ман мехоҳам имсол биравам Макка, вале ба қавли Саъдӣ, ба тарафи Туркистон роҳ меафтам. Ҳол чӣ айбе дошт Худо чунин дуруст мекард, ки ман ба тарафи Туркистон мерафтам, вале ба Каъба мерасидам? Ин маҳол аст. Шумо агар метавонед, бигӯед эй кош оламе намебуд, мане намебудам, роҳе намебуд, Каъбае намебуд, Туркистоне намебуд, на ин ки инҳо ҳама ҳамин тавре, ки ҳастанд бошанд ва ман ҳам аз ин роҳ биравам, вале ба онҷо нарасам. Аз он роҳ рафтан ниҳояташ ин аст, маҳол аст ғайр аз ин бошад, ин таваҳҳуми мост, ки мо аз инҷо биравем ва ба он натиҷа нарасем.

Чун он роҳҳоро хеле возеҳ мебинем, шумо ҳеч вақт авомтарини авомро пайдо намекунед, ки дуо кунад Худоё!, ман аз инҷо меравам ба тарафи шимол, вале (ту коре кун, ки) ба Мозандарон нарасам, вале чун роҳҳои дигар ҷанбаи роҳ буданаш бар мардум махфӣ аст, ин аст, ки ин таваққӯъотро мекунанд, ки аз ин роҳ бираванд, вале ба натиҷа ва ниҳояташ нарасанд.

Пас масъала ин нест, ки чизеро вазъ карда бошанд. Он вақт вазифаи як нафар олим ё ҳодӣ ва пайғамбар эълом аст, эълом мекунад, ки аз ин роҳ нарав, ки табъан ва қаҳран ба он натиҷа мерасӣ ва Худои арҳамурроҳимин бо ин ки арҳамурроҳимин аст ва раҳматаш ҳам ғайри мутаноҳӣ аст, бо вуҷуди ин табдил намекунад, чун аслан маҳол аст, яъне як тасаввури ғалат аст ва наметавонад воқеият бошад.

Дар масъалаи муҷозотҳои ухравӣ шумо гуфтед ҳама чиз дасти Худост. Албатта ҳама чиз дасти Худост, аммо оё “ҳама чиз дасти Худост” яъне Худованд маҳолеро мумкин ва мумкинеро маҳол мекунад? Маҳол, дигар биззот маҳол аст. Гуфтем, дар масъалаи муҷозотҳо — он тавре, ки мо дар китоби “Адли илоҳӣ” гуфтем ё дар инҷо баён кардем — агар мо бошем ва Қуръон, Қуръон мегӯяд, ин худи амали шумост, на чизи дигар. Шумо метавонед аз Худо ин таваққӯъро дошта бошед, ки ман набошам, то ин амалро эҷод кунам ва асосан амал эҷод нашавад, на ин ки амал эҷод шавад, вале худаш худаш набошад. Қуръон мегӯяд, он ақраби газандаи ҷаррораи қиёмат, ки чунин туро мегазад, ҳамон газидане аст, ки ту дар дунё дар фалон соат муртакиб шудӣ, ҳеч чизе маъдум намешавад, ҳар чизе, ки мавҷуд шуд, як виҷҳааш маъдум мешавад, як виҷҳаи дигараш боқӣ аст, вуҷуди ин ҷаҳониаш маъдум мешавад, вуҷуди он ҷаҳониаш боқӣ аст, ту хаёл мекунӣ маъдум шуд, воқеан боқӣ аст. Дар мавриди фарзанд, магар мешавад коре кард, ки фарзанди касе фарзанди ӯ набошад? Масалан фарзанде аз зино аз касе мутаваллид шавад, баъд бигӯем, коре кунем, ки ин фарзанд фарзанди ӯ набошад. На, дигар вақте фарзанди ӯ шуд, фарзанди ӯст, фарзанди ӯ фарзанди ӯст. Вақте, ки моҳияти амали шумо ин шуд ва ин амал ҳам биззот боқӣ аст ва фано дар он тасаввур надорад, дигар ин ҳаст. Шумо дар бораи он мисол фармудед, ки дар онҷо холиқи дара яке аст ва возеъ қонуни каси дигар ва намешавад ба возеъи қонун гуфт, ту ин корро накун, вале (дар инҷо метавон гуфт). На, инҷо ҳам намешавад гуфт. Инҷо ҳам ҳамон холиқи инҳо яъне он касе, ки сарриштаи кор (дар дасти ӯст), холиқи қонун ва низоми олами моро роҳнамоӣ ва ҳидоят карда, гуфта ин амалро муртакиб нашав, ки ин амали ту ин аст, ғайр аз амали ту чизи дигаре нест.

Қуръон дар айни ин ки таъбир ба ҷазо ва муҷозот мекунад — ки мусаллам дар ин ҷиҳат риояти фаҳми мардумро карда, чун аз назари асари тарбиятӣ назири муҷозотҳои қарордодӣ аст — мегӯяд:

فَمَنْ یَعْمَلْ مِثْقالَ ذَرَّةٍ خَیْراً یَرَهُ، وَمَنْ یَعْمَلْ مِثْقالَ ذَرَّةٍ شَرًّا یَرَهُ

(Зилзол/7).

Ҳар касе кучактарин амали хайре кунад, ӯро мебинад, кучактарин амали шарре кунад, ӯро мебинад. Мо аз боби ин ки ба ақламон намерасад, ки “ӯро мебинад” яъне чӣ, (мегӯем) ман амали хайре кардам, амали хайр маъдум шуд, рафт, яъне чӣ ӯро мебинам? Мегӯем, на, як чизи дигареро мебинад, ки ҷазои он аст, яъне ҷазои онро мебинад. Мегӯяд:

وَوَجَدُوا ما عَمِلُوا حاضِراً

(Каҳф/49) Ҳар чи кардам, онҷо ҳозир мебинам. Мегӯяд:

یَوْمَ تَجِدُ كُلُّ نَفْسٍ ما عَمِلَتْ مِنْ خَیْرٍ مُحْضَراً وَما عَمِلَتْ مِنْ سُوءٍ تَوَدُّ لَوْ أَنَّ بَیْنَها وَبَیْنَهُ أَمَداً بَعِیداً

(Оли Имрон/30) Рӯзе, ки ҳар касе амали хайри худашро — худи амалро мегӯяд — ҳозиршуда мебинад ва амали бади худашро ҳамчунин ҳозиршуда мебинад. Дар ин замина оятҳои зиёде дар Қуръон дорем.

Агар нахоҳем таъбири:

ما قَدَّمَتْ یَداهُ

(Набаъ/40)-ро тавҷеҳу таъвил кунем ва нахоҳем дар Қуръон тасарруф кунем, Қуръон он чиро, ки дар он олам ба мо мерасад аз хайр ва аз шарр –

ما قَدَّمَتْ یَداهُ

— медонад, яъне чизе, ки ба дасти худ онро пеш фиристодааст. Ин оятро ҷаласаи пеш хондам, ки:

یا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا اتَّقُوا اللّهَ وَلْتَنْظُرْ نَفْسٌ ما قَدَّمَتْ لِغَدٍ

(Ҳашр/18) Таъбири “пешфиристода” мекунад. Бар ин мабно эроде ворид нест, бар мабнои касоне, ки муҷозоти ухравиро аз навъи муҷозоти дунявӣ яъне як амри ҷудои аз амал ва фақат аз тавобеъи қонунҳои дунё медонанд (эрод ворид аст), ки агар Худо қонуне вазъ накарда буд, ки аслан на биҳиште буд, на ҷаҳаннаме, на азобе, ҳеч чиз набуд, вале чун Худо қонунро вазъ карда, барои ин ки ин қонунаш бемуҷозот боқӣ намонад — дар дунё, ки муҷозот накарда — омада муҷозоти онҷоро вазъ кардааст. Агар чунин чизе буд, ки аз навъи корҳои башарӣ буд, ҷойи ин ҳарфҳо буд: ҳоло, ки Худо мехоҳад як муҷозоте дар изои амали мо вазъ кунад, пас бояд мутаносиб бошад ва тоза ишкол пеш меомад, ки дар ин сурат фоидааш чист? Худо мехоҳад ташаффӣ пайдо кунад ё мехоҳад асбоби ибрати дигаронро фароҳам кунад ё мехоҳад моро таъдиб кунад? Он ҷо, ки ҳеч кадом аз инҳо мавзӯъ надорад.

Муҳандис Бозаргон: Мо аз як тараф қиёматро қабул дорем ва ин ки дар онҷо айни муктасабот ва айни натиҷаи амал ба инсон мерасад. Ҳамон тавр, ки фармудед касе, ки як ҳарзагии панҷдақиқаӣ мекунад, як умр гирифтор аст, аммо эрод ин аст, ки Қуръон дар бораи корҳои хуб мегӯяд:

مَنْ جاءَ بِالْحَسَنَةِ فَلَهُ عَشْرُ أَمْثالِها

— ва дар бораи корҳои бад мегӯяд:

فَلا یُجْزی إِلاّ مِثْلَها

— дар ҳоле, ки мебинем дар корҳои бад, бениҳоят мисли он ҷазо дода мешавад.

Устод Мутаҳҳарӣ: Ман хаёл мекунам ҷавоби ин суол дода шуд, чун “мисл” онҷо мутаваҷҷеҳи каммият нест, балки мо болотар мегӯем; мегӯем:

فلا یجزی الاّ عینها

Чун айни ҳар чизе қаҳран “мисл” ҳам дар борааш содиқ аст, яъне касе, ки кори бад мекунад, Худо зоид бар он чи ки кардааст ӯро муҷозот намекунад, чун ӯ муҷозоташ айни амалаш аст, чизи дигаре нест. Вақте мо мегӯем, оташи қиёмат ҳамоне аст, ки худаш афрӯхта, ҳамин амал аст, нафси амал аст, ки дар онҷо таҷассум пайдо мекунад, пас чизи зоиде нест, чун ҷазо бо амал дуто нест, ки бигӯем ин бештар аз он аст. Худаш, ки аз худаш ҳеч вақт бештар нест, мунтаҳо чун худашро дар инҷо мебинад ва вуҷуди инҷояшро мебинад маҳдуд аст, мегӯяд пас ин чизи дигаре аст, ман маҳдуд будам ва ин номаҳдуд аст. На, ӯ худи шайъи номаҳдудро алъон халқ кардааст. Ин одаме, ки кори бад мекунад, алъон худаш барои худаш ва ба дасти худаш як азоби номаҳдуд халқ кардааст. Ҷаласаи пеш ҳам гуфтем, ки маънии номаҳдуд ин нест, ки воқеан хулуд дар ҷаҳаннам аст. Холид ба маънои (ҳақиқӣ), билохира хеле кам хоҳанд буд, вале шак надорад, ки (замони он) хеле зиёдтар аз (замонҳои маҳдуд) аст,

لابِثِینَ فِیها أَحْقاباً

(Набаъ/23) аст. Ин амале, ки ин шахс анҷом медиҳад, дар қиёмат ба ӯ мегӯянд, мо чизи дигаре ба ту намедиҳем, мо амали худатро ба худат дорем медиҳем, мо чизе изофа ба ту надодаем.

Пас

فَلا یُجْزی إِلاّ مِثْلَها

— чизи изофа нест. Вале дар масъалаи биҳишт, чун ин (амали бад) дар хилофи ҷиҳати низоми олам аст ва он (амали хуб) дар ҷиҳати низоми олам аст, он табъан метавонад борвар бошад, яъне метавонад замина бошад барои ин ки аз тарафи Худованд файзи бештаре ҳам ба он ифоза шавад, вале дар (кори бад) на, ҳамон худаш аст ва ғайри худаш чизе нест.

Пурсиш:

مِثْلَها

— яъне монанди ин ки як касе гандум бикорад ва натиҷаи он ҳафтсад дона шавад. Ӯ набояд мутаваққеъ бошад, ки як гандум, ки кошт, як гандум дарояд. Вале агар кори хуб кунад, он ҳафтсад, то ҳам даҳ баробар яъне ҳафт ҳазор дона гандум мешавад.

Устод Мутаҳҳарӣ: То андозае таъбир ҳамин тавр аст. (Қуръон мегӯяд) вақте, ки мо масъалаи айниятро мегӯем, мо дорем амали худатро ба ту медиҳем, мо зоид бар амали туро, ки ба ту надодаем. Агар як чизи дигар аз пеши худамон ба ту бидиҳем, ту мегӯӣ ман ин корро кардам, чаро бештар (таҳвил мегирам?) Мо мегӯем, худи амалатро дорем ба ту таҳвил медиҳем, ин дигар зиёдтар аз худаш нест, ҳеч чизе (худаш) аз худаш зиёдтар нест.

Агар мо масъалаи муҷозоти ухравиро аз навъи муҷозоти қарордодӣ ва эътибории дунё бидонем, ишкол ворид аст, яъне дар қарордодҳои дунё бояд таносубе бошад. Аммо ин ки Қуръон аз низоми олам хабар медиҳад, дар хабар додан аз низоми олам, дигар ин ҳисобҳо нест.

Ҳамон тавр, ки дар муҷозоти машрубхор ва дар муҷозоти баччаи хирасаре, ки лаби ҳавз меравад, фарзи таносуб ба он маъно ғалат аст, дар муҷозоти ухравӣ ҳам дар назар гирифтани ин ҷур таносубҳо ғалат аст. Қуръон хабар медиҳад, ки ин амали бад то абад бо ту боқӣ мемонад. Албатта ҳамеша –

سَبَقَتْ رَحْمَتُهُ غَضَبَهُ

(“Раҳмати Худо бар ғазабаш пешӣ гирифтааст.”) Ҳамеша ҷониби хайр дар олам мечарбад. Инсон вақте кори хуб бикунад, беш аз миқдоре, ки кардааст бар ва самар медиҳад:

فَلَهُ عَشْرُ أَمْثالِها

Кори бадан чун бар хилофи низоми олам аст, як тухмро кошта ҳамон як тухмро бармедорад, на бештар. Вале ба ҳар ҳол чӣ кори хуб чӣ кор бад, он чи боқӣ мемонад нафси амал аст ва Худо ва паёмбарон ҳам ахборкунанда аз воқеияте дар низоми олам ҳастанд. Адли илоҳӣ ҳам эҷоб мекунад, ки ҳар мавҷуде ба он чи ки истеҳқоқи онро дорад (бирасад), яъне ҳар чи имкони вуҷуд дорад, дар олами вуҷуд пайдо мекунад. Агар мавҷуде истеҳқоқи як наҳв вуҷудеро дорад, ҷилави вуҷудаш ҳаргиз гирифта намешавад (бо ин тавҷеҳ), ки баъд ӯро озор медиҳад. Хуб, озор диҳад! Ин ҳисобҳое, ки мо рӯйи отифа мекунем, ки диламон месӯзад ба ҳоли одаме, ки ӯро азоб кунем, пас Худо ҳам дилаш бисӯзад, Худо дил надорад, ки бисӯзад! Масоили дилсӯзӣ ва отифӣ, ки абзорҳои мо барои ин зиндагии дунёст, дар соҳат рубубӣ дахолате надорад. Ӯ раҳмат дорад, раҳим ва рауф аст ва раҳмати вуҷудаш ба ҳар мавҷуде ба андозаи истеъдоди вуҷудаш мерасад, аммо ин ки дилаш ба он маъно бисӯзад ва мутаассир шавад (ин тавр нест), инҳо моли мо башарҳо ва мавҷудот аст. Агар чунин таассуре дар ӯ бошад, дигар Худо нест, таҳти таъсири омилҳои хориҷӣ қарор гирифтааст, ӯ таҳти таъсири омилҳои хориҷӣ қарор намегирад.

Пурсиш: Чаро Худо амали бадро ба адлаш ҷавоб медиҳад, вале амали хубро ба фазлаш?

Устод Мутаҳҳарӣ: Ҳамон масъалаи

عَشْرُ أَمْثالِها

— фазл мешавад. Арз кардам “мисл” ба кӯмаки оятҳои дигар, худаш аст, “мисли он” яъне бештар аз худаш нест. Қаҳран агар мо он оётро гирифтем, ки мегӯяд нафси амал ҳаст, “мислаҳо” дар инҷо яъне беш аз худаш нест, ҳамон худаш, на беш аз худаш. Вале дар корҳои хайр, худаш дар ҳоле аст, ки ба фазли илоҳӣ бор ҳам дода, вагарна бояд ҳамон ҳарфи мутакаллимонро бигӯем, ки амалаш инҷо мемонад, баъд як муҷозоте, як чӯбе ҳам меоянд мезананд. Сӯҳбати чӯб задан нест.

Пурсиш: Роҷеъ ба ин ки муддати 50-60 сол кори хуб ё бад мекунем, чаро бояд, то абад натиҷа дошта бошад, ин суол шуда буд ва ҷавобро ин тавр дода буданд, ки мебинем бештар рӯйи оқибат ба хайрӣ таъкид мешавад, яъне барои он натиҷае аст, ки охир, инсон мегирад ва он бардоште, ки бояд нисбат ба зиндагӣ дошта бошад. Баъд дар онҷо ин тавр зикр шуда буд, ки Худованд медонад фарди солеҳ агар то абад зинда бошад, корҳои салоҳ ва хуб хоҳад кард ва агар фарди фосиқ то абад зинда бошад, фисқу фуҷур хоҳад кард ва тақрибан ба унвони шоҳид метавон он оятеро овард, ки:

قالَ رَبِّ ارْجِعُونِ، لَعَلِّي أَعْمَلُ صالِحاً

Ба онҳо гуфта мешавад:

كَلاّ إِنَّها كَلِمَةٌ هُوَ قائِلُها

(Мӯъминун/99 ва 100) Яъне дурӯғ мегӯяд, ӯ агар баргардад, ҳамон корҳоро идома хоҳад дод. Баъд рӯйи ин милок, яке аз имомон тавҷеҳ карда буданд, ки абадӣ будани натиҷаи кори хуб барои он фарди солеҳ ва абадӣ будани азоб барои он фарди фосиқ, хилофи адл нест.

Устод Мутаҳҳарӣ: Ҳисоб ин нест, ки Худо медонист, ки ӯ ҳамеша бад мекунад. Он чизе, ки дар ривоят омада ин нест. Онҷо ҳисоби ният ва қасд аст, яъне яке дар ният ва қасдаш ин аст, ки агар умри абад ҳам пайдо кунад, хубӣ кунад ва яке дар қасдаш ин аст, ки агар умри абад ҳам пайдо кунад, бадӣ кунад. Ӯ азобаш ин тавр аст, барои ин ки аслан гӯ ин ки қасд ва фикр ва руҳаш нақши абадият хӯрда, ки барои абад инчунин бошад ва ба ҳамин далел он чи ки барои абад мехоҳад, ба он барои абад расида, ӯ барои абад гуноҳро писандида ва барои абад ҳам бо гуноҳи худаш маҳшур хоҳад буд ва ӯ барои абад хайрро писандида ва барои абад ҳам бо хайр маҳшур хоҳад буд.

Як нукта изофа кунам ва он ин аст, ки хулуди ҷаҳаннам ҳатто роҷеъ ба ҳамон қатли нафс ҳам, ки дар насси Қуръон омада (ба маънои абадият нест), чун мо дар Қуръон роҷеъ ба ғуфрон ҳам оят дорем, яъне як асле дорем ба номи асли мағфират, ки агар ба Худо нисбат диҳем, мағфират аст ва агар ба висотати анбиё нисбат диҳем, шафоат аст. Шафоати анбиё ҳамон мағфирати илоҳӣ аст ва чизи дигаре нест. Худ ҷаноби олӣ (муҳандис Бозаргон) дар китоби “Мутаҳҳарот дар ислом” баёне карда будед, ки дар олам асли шустушӯ ҳаст. Ҳамин тавре, ки мо дар ин дунё як асли шустушӯе мебинем, яъне асл бар таҳорат ва бар саломат аст, асли хилқат ҳам бар саломат аст. Агар баччае носолим ба дунё биёяд, ин (ношӣ аз) як омили хориҷӣ аст. Қонуни аслӣ саломат аст. Оқоёни пизишкон агар бибинанд як бачча солим ба дунё омада, дигар дунболи ин намераванд, ки бибинанд чӣ омиле аз хориҷ сабаб шуда солим ба дунё биёяд. Агар диданд ӯ фалаҷ ба дунё омад, мегӯянд, бибинем чӣ омиле аз хориҷ дахолат кардааст. Асл, раҳмат ва мағфират аст ва (азоб) бар хилофи масири аслӣ аст.

Аз оятҳои Қуръон истифода мешавад, ки билохира иддае барои ҳамеша боқӣ мемонанд, аммо он идда чӣ қадранд? Алъон наметавонем бигӯем. Ин ки аксарияти мардум мераванд ҷаҳаннам, гӯё аз оятҳо мешавад истинбот кард, ки чунин чизе ҳаст, вале аксарияти аксарияташон мағфирати илоҳӣ шомили ҳолашон мешавад, яъне то ҳадде, ки дар вуҷуди касе кучактарин мояе бошад барои ин ки мағфират шомили ҳолаш шавад (шомил хоҳад шуд). Мисли ин ки барои баъзе ҷаҳаннам ҳукми тасфияи хонаро дорад, ки дар онҷо тасфия мешаванд ва он моддаи аслии раҳмат, ки дар онҳо ҳаст билохира онҳоро берун меоварад, аз ин рӯ Қуръон дар инҷо мефармояд:

لابِثِینَ فِیها أَحْقاباً

Ҳамон, ки дар ҷойи дигар “холидин” мегӯяд, (дар инҷо) “аҳқоб” мегӯяд.

“Аҳқоб” зоҳиран ҷамъи “ҳақб” аст, ки муддати хеле зиёдро мегӯянд (чанд ҳазор сол), билохира маҳдуд аст. Иддае

لابِثِینَ فِیها أَحْقاباً

— ҳастанд. Бинобар ин мо ба ин маъно наметавонем бигӯем ҳар касе, ки қатли нафс карда, ба ҳар шарорате ҳам бошад, холид ба он маънои абадият аст, яъне машмули мағфират намешавад, ҷазояш ба худии худ хулуд аст нобахшиданӣ –

لو لا مغفرة ولو لا شفاعة

— ва ба қавли баъзе аз оқоён:

وإنّ لأهل الخیر غلبة عظیمة

Ин ки дар Қуръон мардумро се даста карда: муқаррабин, асҳобулямин, асҳобушшимол, баъзе аз уламо мӯътақиданд — ман дар “Адли илоҳӣ” зикр кардаам — ки муқаррабин ҳадди аълоҳо ҳастанд ва асҳобушшимол пойин пойинҳо ҳастанд, ки дигар аҳли ҷаҳаннаманд ва асҳобулямин мутавасситин ҳастанд. Мегӯянд, ғалаба бо мутавасситин аст, ки Қуръон башорати раҳмат дода. Ва Бӯалӣ Сино ҳарфи хеле хубе мезанад, мегӯяд: ҳамон тавре, ки зебои зебо ҳамеша дар ақаллият аст, зишти зишт ҳам дар ақаллият аст, аксарият мутавасситин ҳастанд ва ҳамон тавре, ки солими солим (касе, ки аз назари пизишкӣ як зарра инҳироф дар мизоҷаш набошад) хеле дар ақаллият аст, маризи мариз ҳам, ки аслан фалаҷ ва афтода бошад дар ақаллият аст, аксар мутавасситин ҳастанд, ки ҳам солиманд ва ҳам каме беморӣ дар онҳо ҳаст, дар умури руҳӣ ва маънавӣ ҳам низоми олам бар ҳамин (асос) аст, онҳое, ки аҳли саодати комил ҳастанд ва ба таъбири Қуръон, муқаррабин, мусаллам ақаллият ҳастанд, онҳое ҳам, ки дигар ҳеч вақт раҳмати илоҳӣ шомили ҳолашон нахоҳад шуд, ақаллият ҳастанд, аксарият онҳое ҳастанд, ки ҳам гуноҳе кардаанд (ва ҳам кори хуб анҷом додаанд).

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аҳамияти оростагии зоҳир
Ошноӣ бо Наҳҷулбалоға – I

Матолиби пурбоздид