Reuters: ДОИШ тасовири муҳоҷимон ба солуни консерти Маскавро мунташир кард

Reuters: ДОИШ тасовири муҳоҷимон ба солуни консерти Маскавро мунташир кард

Ахбори байналмилал

Ба гузориши хабаргузории Reuters, ДОИШ бо судури баёнияе, ҷузъиёти бештаре аз ҳамлаи шаби гузашта ба солуни консерте дар атрофи Маскав, ки ин гурӯҳ масъулияти онро бар ӯҳда гирифтааст, мунташир кард.

Ин хабар аз сӯйи хабаргузории “Аъмоқ” мутааллиқ ба ДОИШ мунташир шудааст. Ҷузъиёти ҷадиде, ки аз тариқи ин хабаргузорӣ мунташир шуд ҳокӣ аз он аст, ки чаҳор муҳоҷим дар ин ҳамла даст доштаанд ва тасовире ҳам мунташир кард ва эълом кард, ки мутааллиқ ба ин чаҳор муҳоҷим аст, ки ҳамагӣ ниқоб доранд.

Дар ангезаи ин ҳамла, “Аъмоқ” гуфтааст: “Ин ҳамла дар чорчӯби ҷанге оддӣ байни “Давлати Исломӣ” (ДОИШ) ва кишварҳои “зидди ислом” анҷом шудааст.”

Сухангӯи ДОИШ гуфт, ки ин ҳамла тавассути “ҷангҷӯёне” анҷом шуд, ки ба “мусалсал, туфанг, чоқу ва бомбҳои оташзо” мусаллаҳ будаанд ва қабл аз ин ҳамла як маъмурияти шиносоии “ҳамоҳанг” ҳам сурат гирифтааст.

Омрико иддао кард, ки гурӯҳи мавсум ба “Давлати Исломӣ” (ДОИШ) метавонад пушти ин ҳамла бошад.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паси пардаи ин амалиётҳои террористӣ кист?
Чанд ҷумла бо муллоҳо ва талабаҳо

Матолиби пурбоздид