Маод – XY

 

Маод – XY

Бахши понздаҳум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инкори руҳ дар китоби “Роҳи тайшуда“

Ҳол, биравем дунболи баҳсе, ки дар ҷаласаи гузашта кардем. Дар ҷаласаи гузашта арз кардам, ки ҷаноби оқои муҳандис Бозаргон бо ин ки дар чандин китобашон, ки ман хондаам — ва шояд баъзе китобҳояшон, ки ман нахондаам — мисли “Роҳи тайшуда” ё масъалаи ваҳй, масъалаи руҳро инкор мекунанд ва муддаӣ ҳастанд, ин ки инсон дорои руҳи муҷаррад аст, як фикри юнонӣ аст, ки вориди олами ислом шудааст ва дар матни ислом чунин чизе вуҷуд надоштааст, вале худи эшон дар китоби “Зарраи беинтиҳо” — ки ба ақидаи ман, ҳам беҳтарин китоби оқои муҳандис Бозаргон аст ва ҳам яке аз китобҳои нафисе аст, ки дар асри мо навишта шудааст, бисёр китоби нафисе аст ва хеле олӣ аст — хушбахтона аз роҳе рафтаанд (ки мунҷар ба исботи руҳ шудааст). Намехоҳам бигӯям ин роҳро аз касе тақлид кардаанд, воқеан нишон медиҳад, ки худашон рафтаанд. Бо ин ки дар инҷо эшон боз муддаӣ ҳастанд, ки ман намехоҳам руҳи муҷаррадро исбот кунам ва мехоҳанд нафй кунанд, вале сад дар сад исбот кардаанд ва ин нишон медиҳад, ки тасаввури эшон дар боби руҳи муҷаррад — ки инкор мекунанд — як тасаввуре аст мисли навъи тасаввуре, ки баъзе дар бораи Худо доранд ва ӯро нафй мекунанд, ки он чи онҳо дар бораи Худо фикр кардаанд ва нафй мекунанд дуруст аст, вале Худои воқеиро нафй намекунанд. Ман фақат як хулосае арз мекунам.

Дар ин китоб, мисли ин ки асли фарзияашон бар ин асос аст, ки ҷаҳон ва падидаҳои ҷаҳон ва махсусан таҳаввулоти ҷаҳонро танҳо бо модда ва энергия намешавад тавҷеҳ кард, ҳатман як унсури севвуме ҳам барои тавҷеҳи ҷаҳон зарурат дорад. Аз худи ҷамодот шурӯъ кардаанд (ва баъд) наботот ва ҳайвон ва инсон ва махсусан такомул дар ҷондорон ва хусусиёти инсон. Ва дар ҳамаи инҳо асоси фарзия ин аст, ки ҷаҳонро танҳо бо модда ва энергия намешавад тавҷеҳ кард. Баъд мегӯянд, дар Қуръон аз як матлабе баҳс шудааст, ки Қуръон онро ба таъбирҳои гуногун ва дар ҷоҳои мухталиф баён кардааст, гоҳе онро бо калимаи “руҳ”, гоҳе бо калимаи “амр”, гоҳе бо калимаи “калима” ва гоҳе бо калимаи “ирода” баён кардааст ва ҳатман чунин чизе ҳам бояд бошад ва ин чизе, ки Қуръон гуфта болотарини ҳарфҳо дар ин замина аст.

Аз ҷамодот шурӯъ мекунанд ва эшон мӯътақиданд, ки ин низоми ғоие, ки дар олами ҷамодот ҳаст, як чизи дигаре бояд дар матни ин олами хилқат дахолат дошта бошад ва ин ҳамон аст, ки Қуръон аз он таъбир мекунад:

وَأَوْحی فِي كُلِّ سَماءٍ أَمْرَها

(Фуссилат/12) Худо дар ҳар осмоне (1) амр ва корашро ба он ваҳй карда ё амрашро ба он иблоғ кардааст. Маълум мешавад, як чизе, як иртибот ва иттисоле байни ин ҷаҳон ва олами рубубӣ ҳаст ва дар олами рубубӣ ба ҳамаи ашё як чизе — ки моҳияташро наметавонем таъриф кунем — дода шудааст, ки ба мӯҷиби он, кори худашро муназзам анҷом медиҳад. Баъд мегӯянд, дар сари ҳар пече аз печҳои хилқат, он ҷо, ки олами беҷон мехоста ба олами ҷондор табдил шавад, он ҷо, ки дар олами ҷондор инсон мехоста пайдо шавад, Қуръон ба инҷоҳо, ки мерасад, аз масъалае ба номи “ваҳй” ё “руҳ” ё “калима”, ба як номе аз инҳо ёд мекунад, яъне ҳар ҷо, ки як танаввӯъи асарӣ ва як асари ҷадид пайдо шудааст, Қуръон онро маълули як нафхаи илоҳӣ медонад, ки аз тарафи Худо як нафхае шудааст, як чизе ба дунё ва олам дода шуда, ки як амри ҷадид ба вуҷуд омадааст.

Умда, дар бораи инсон аст. Эшон дар бораи инсон мӯътақиданд, ки инсонро ҳам ҳамон чизе инсон кардааст, ки Қуръон аз он таъбир мекунад:

وَنَفَخْتُ فِیهِ مِنْ رُوحِي

(Ҳиҷр/29) Яъне дар он марҳилае, ки инсон мехоста инсон шавад, дар ҳамон ҷо, ки имрӯз мегӯянд як ҷаҳише сурат гирифтааст, ин ҷаҳиш якчунин таҳаввуле аст, ки Қуръон аз он таъбир ба нафхаи илоҳӣ мекунад. Як чизе билохира дар инсон пайдо шуда, ки дар ғайри инсон нест. Он чиз маншаъи як осоре аст. Конунаш куҷост? Мегӯянд, намедонем куҷост ва балки аслан маҳал надорад, ҷо надорад, ҳеч ҷойи баданро наметавонем бигӯем ҷойи ӯст. Дил ҷойи ӯст? На. Мағз ва аъсоб ҷойи ӯст? На. Тасреҳ мекунанд, ки ҷо надорад, вале –

من عند اللّه

— (“Аз назди Худо”) аст. Қуръон мехоҳад бигӯяд, ин тавр чизҳо аз назди Худо омада, инҷо набуда, яъне инсонро, ки инсон карданд, бо ин маводде, ки дар олам буд, намешуд инсонро инсон кард, дар шароити таҳаввулӣ ва такомулии ин олам, ҳайвон расид ба ҷойе, ки як чизе аз назди Худо бар ӯ изофа шуд, то инсон инсон шуд.

Ин хулосаи ҳарфи эшон аст, ки мегӯянд, (як чизе) аз боло сарозер шуд, ба таъбири худашон, аз бениҳояти бузург ба ин бениҳояти кучак сарозер шуд —

من عند اللّه

— аст. Пас як чизе ба номи нафхаи илоҳӣ

من عند اللّه

— бар инсон изофа шудааст. Албатта мақсуд танҳо инсони аввал нест. Эшон ҳам қабул доранд дар ҳамаи инсонҳо (ин тавр аст), чун Қуръон ҳам ихтисос ба инсони аввал намедиҳад, ба ҳамаи инсонҳо таъмим медиҳад ва тасреҳ мекунанд, ки ин шайъ ҷо надорад ва лузуме ҳам надорад мо барояш ҷо муайян кунем ва чун мегӯянд ғайр аз унсури модда ва энергия аст, пас агар бигӯем буъд дорад ё надорад? Мегӯянд надорад, чун агар дошта бошад, мешавад модда ва ба далели ин ки ҷо надорад, буъд ҳам надорад. Ин хеле равшан аст ва эшон ҳам намехоҳанд қоил ба буъд барои он бишаванд, бигӯянд абъод дорад. Агар бигӯянд абъод дорад, ки ҳамон хоссияти моддаро дорад. Як қудрате ҳам барои он қоил ҳастанд, ки метавонад ҳоким ва мусаллат бар модда ва гардонандаи модда бошад, на монанди як хоссияти модда, ки маҳкуми модда аст.

Асли каломи эшон аз рӯза шурӯъ мешавад, ки рӯза барои истиқлоли инсон ва хуруҷи инсон аз асорати табиат аст. Ҳарфи хеле хубе аст ва ҳамин ҷост, ки моро ба фикр меандозад: он чист, ки мехоҳад аз табиат озод шавад? Худи табиат, ки наметавонад аз худаш озод шавад. Он чист, ки мехоҳад бо ибодат, бо рӯза, бо намоз, аз асорати табиат озод шавад? Вале билохира мерасанд ба ҷойе, ки ҳатто корҳои гипнозерҳоро қабул мекунанд ба ин ки ирода бар бадан мусаллат мешавад. Иродаи он гипнозер бар ин шахсе, ки таҳти таъсири ӯ қарор гирифтааст ҳукумат мекунад ва иродаи ӯро таҳти таъсир қарор медиҳад ва иродаи ӯ тамоми қувваҳои баданиро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ба ӯ мегӯяд: бихоб! Бадан фармон мебарад ва мехобад, ба ӯ мегӯяд: бедор шав, бедор мешавад, ба ӯ мегӯяд: бирав, меравад, ба ӯ мегӯяд, биё, меояд. Ва аз он болотар — ки мо ба як муносибате дар боби ваҳй дар ин бора баҳс кардем ва ёдамон набуд, ки эшон ҳам дар инҷо баҳс кардаанд — эшон кори масъалаи талқинро ба инҷо мерасонанд, ки мегӯянд ҷойи тардид нест, ки гоҳе аз талқин ба ҷойи доруи беҳушӣ истифода мешавад, яъне як узвро, ки мехоҳанд ҷарроҳӣ кунанд ва мехоҳанд эҳсоси дард накунад, ба ҷойи ин ки доруи мухаддир ба кор бибаранд, ба ӯ фармон медиҳанд, ки дард накаш! Фармон, ки медиҳанд, дигар дард намекашад. Ин ниҳояти тасаллути руҳ бар бадан ё ниҳояти тасаллути умури руҳӣ бар умури баданӣ аст ё — ба қавли эшон — ниҳояти тасаллути ирода аст бар модда ва энергия.

Тарҳи ду суол

Мо дар инҷо аз эшон фақат ду суол мекунем: яке ин ки он чизе, ки шумо ирода ва руҳ дар истилоҳи Қуръон — на руҳ дар истилоҳи дигарон ба қавли эшон — (меномед), он чизе, ки шумо худатон тасреҳ мекунед, ки ғайр аз модда ва энергия аст ва тасреҳ мекунед, ки ҷо надорад, дар ҳеч узве ҷо нагирифта ва намешавад гуфт, дар фалон селлули мағз аст, оё он ҳақиқат худогоҳ аст ё худогоҳ нест?

Дар инсон як худи огоҳе вуҷуд дорад. Мо як мавҷуди худогоҳ ҳастем. Оё худогоҳии мо марбут ба унсури моддӣ аст ё марбут ба энергияҳои бадани мост ва ё мутаъаллиқ ба унсури севвум аст? Ва оё шумо метавонед бигӯед, он унсури севвум худогоҳ нест; ҳамон, ки талқин мепазирад, ҳамон, ки бо пазириши талқин бар модда мусаллат мешавад, худаш худогоҳ нест? Исме аз масъалаи худогоҳӣ набурдаанд.

Суоли дуввуми мо ин аст: оё он чизе, ки шумо мегӯед, унсури севвум дар канори модда ва энергия аст ва мегӯед:

من عند اللّه

— омадааст ва бо абъоди дигари вуҷудии инсон фарқ дорад, бо мурдан боқӣ мемонад ё маъдум мешавад? Шумо, ки ба Қуръон истидлол мекунед, оё Қуръон дар бораи ҳар чи ки онро

من عند اللّه

— таъбир мекунад, қоил ба бақо нест? Намегӯяд:

ما عِنْدَكُمْ یَنْفَدُ وَما عِنْدَ اللّهِ باقٍ

(Наҳл/96) Он чи ки назди шумост фонӣ мешавад? Мақсуд аз “он чи ки назди шумост” яъне он чи ки мо онро дар олами табиат ва олами тағайюр мебинем, ки доиман кӯҳна мешаванд ва аз байн мераванд,

وَما عِنْدَ اللّهِ باقٍ

— ва ҳар чи ки дар назди Худост аз байн намеравад, ҳар чи ки ҷанбаи:

عند اللّه

— дорад аз байн намеравад. Магар дигарон, ки мегӯянд, руҳи муҷаррад (чӣ манзуре доранд?) Аслан муҷаррад яъне чӣ? Муҷаррад яъне абъоди моддиро муҷаррад аст, аз хавосси модда (муҷаррад аст). Агар бипурсем, худи он дар зоти худаш мутағайир ва мутаҳаввил аст? Мегӯед, на. Агар бигӯем, абъоди моддӣ дорад? Мегӯед, на. “Муҷаррад аст” яъне инҳоро надорад, яъне муҷаррад аз ин нақоис аст. Шумо, ки мегӯед, ҷо надорад, яъне муҷаррад аз ҷост. Маънии таҷарруд ҳамин аст ва чизи дигаре нест. Агар шумо барои он, худогоҳӣ қоил бошед — ки хаёл намекунам инкор кунед — ва бақо ҳам барояш қоил бошед, сад дар сад ҳамон ҳарфи онҳоро задаед ва агар ҳам қоил набошед, муқаддамоте, ки чидаед, мунтаҳӣ мешавад ба ин ки қоил ба инҳо бишавед. Ин аст, ки мо мегӯем, он чи ки дар китоби “Зарраи беинтиҳо” исбот шуда, ба ҳақ исбот шудааст. Албатта мо як муноқишоти ҷузъӣ — ки ба асли матлаб садама намезанад — дорем, муноқишоти ҷузъӣ дар он ҳаст, вале пайкараи китоб пайкараи бисёр саҳеҳе аст ва ҳамон ҳарфи руҳиюнро мегӯянд.

* * *

(1) Албатта маълум аст, ки Қуръон мехоҳад дар ҳамаи ашё бигӯяд.

* * *

Идома дорад…

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Киштии коғазӣ” дар уқёнуси мудернита
Бозгашти контроли Ҳамос ба шимоли Ғазза баъд аз ақибнишинии Исроил

Матолиби пурбоздид