Музокироти оташбас ба бунбаст расид

Музокироти оташбас ба бунбаст расид
Расонаҳои режими саҳюнистӣ ба нақл аз дафтари Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири ин режим, эълом карданд, ки музокирот барои барқарории муҷаддади оташбас бо Ҳамос, ба бунбаст расидааст.
Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз расонаҳои саҳюнистӣ эълом кард: Довуд Борниё, раиси Мусод ба аъзои ҳайати Исроил дар Қатар дастур додааст, то ба Телавив бозгарданд ва ин тасмим дар пайи мунтаҳӣ шудани музокирот ба бунбаст иттихоз шуд.
Гуфта мешавад, сабаби ба бунбаст расидани музокирот, 2 шарти Ҳамос будааст. Намояндаи Ҳамос дар Ғазза имрӯз (шанбе, 2 декабор), 2 шарти Ҳамос барои озодии низомиёни саҳюнистро эълом кард.
Ба гузориши Исно, Исмоил Ассавобита бо баёни ин ки сарбозони режими саҳюнистӣ, ки дар банди Ҳамос дар Ғазза ҳастанд, ҷуз дар сурати дастёбӣ ба оташбаси доим ва озодии ҳамаи асирони фаластинии дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ озод нахоҳанд шуд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро арабҳо барои раиси режими саҳюнистӣ “фарши қирмиз” паҳн карданд?!
Пойгоҳи низомии Омрико дар Сурия зери ҳамалоти сангини рокетӣ

Матолиби пурбоздид