Маод – XYII
Бахши ҳабдаҳум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Масъалаи руҳ (идомаи матлаб)
Мо дар баҳси худамон расидаем ба ҷойе, ки ҳам бо як баҳси бисёр мушкили илмӣ ва ақлӣ ва фалсафӣ сару кор дорем ва ҳам бо як баҳси бисёр мушкили қуръонӣ ва он масъалаи руҳ аст. Оятҳои Қуръон, ки ба таври куллӣ дар онҷо калимаи “руҳ” омадааст, оёте аст, ки тафсиру тавҷеҳи онҳо ниёзманд ба тадаббури хеле зиёд аст ва наметавон иддао кард, ки хеле возеҳ ва равшан аст ва аз ҷанбаи илмӣ ва ақлӣ ҳам ин баҳс баҳси бисёр душворе аст.
Ваъда додем, ки дар ин ҷаласа роҷеъ ба оятҳое аз Қуръон, ки дар онҳо калимаи “руҳ” омадааст баҳсе кунем, вале мебинем, ки он қисматҳои дигар ҳам ҳанӯз ниёзманд ба баҳс аст ва махсусан баҳсҳое, ки ҷаноби оқои муҳандис Бозаргон дар китоби “Зарраи беинтиҳо” кардаанд, баҳсҳои хуб ва муфиде аст ва мо як қисматашро баҳс кардем, баъд фикр кардем як қисмати дигаре ҳам боз идома диҳем. Ҳоло аввал бар ҳасби ваъдае, ки кардем, дар бораи оятҳое аз Қуръон, ки дар онҳо калимаи “руҳ” омадааст, миқдоре баҳс мекунем ва бидуни ин ки иддао кунем, ки метавонем сад дар сад тавҷеҳ кунем, иҷмолан мефаҳмем, ки дар Қуръон аз як ҳақиқате ба номи руҳ ёд шудааст.
“Руҳ” дар Қуръон
Аз ҷоҳое, ки дидаам нисбатан муфассалтар баҳс кардаанд, тафсири “Алмизон” аст дар зайли ояти каримаи:
وَیَسْئَلُونَكَ عَنِ الرُّوحِ قُلِ الرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي
(Исро/85) Ман феълан бо истифода аз ҳамин тафсири “Алмизон” баҳс мекунам ва худи ин тафсир ҳам дар инҷо иддао надорад, ки як баҳси муставфое кардааст ва ман ба таври хусусӣ ҳам, ки бо муаллифи мӯҳтарами ин китоб сӯҳбат кардам, гуфтанд, ин баҳс ҳанӯз як баҳси комили қуръонӣ нест ва мо мехоҳем дар ояти сураи Қадр:
تَنَزَّلُ الْمَلائِكَةُ وَالرُّوحُ
— ва ё ояти сураи Амма:
یَوْمَ یَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلائِكَةُ
— як баҳси қуръонии беҳтаре бикунем.
Дар Қуръон дар баъзе аз оёт, аз руҳ ба унвони як амр ва ҳақиқате дар арзи малоика ном бурда мешавад, вале маълум мешавад, ки ба ҳар ҳол аз синхи ин мавҷудоте, ки мо мебинем ва ҳис мекунем (масалан аз санге, аз дарахте, аз кӯҳе, аз дарёе, аз ситорае, аз як чунин чизе) нест, як чизе аст аз навъи умуре, ки мо ҳиссу ламс намекунем. Дар сураи Амма мефармояд:
یَوْمَ یَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلائِكَةُ صَفًّا
(Набаъ/38) Он рӯзе, ки руҳ ва малоика дар як саф биистанд. Зоҳири таъбир ин аст, ки руҳ аз навъи малоика ҳам нест, чун онро дар арзи малоика (қарор медиҳад), Ҷабраил яке аз малоика аст, Микоил яке аз малоика аст ва ин таносуб надорад, ки яке аз малоикаро дар арзи умуми малоика зикр кунад: “Руҳ ва малоика дар як саф меистанд”. Ё дар ояти дигаре мефармояд:
تَنَزَّلُ الْمَلائِكَةُ وَالرُّوحُ فِیها بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ
(Қадр/4) Дар шаби қадр малоика ва руҳ нозил мешаванд. Боз малоика дар арзи руҳ ва руҳ дар арзи малоика қарор мегиранд. Дар як ояти дигар мефармояд:
یُنَزِّلُ الْمَلائِكَةَ بِالرُّوحِ مِنْ أَمْرِهِ
(Наҳл/2) Малоикаро ба руҳ фуруд меоварад. Ин ки “бо”-и “бирруҳ” оё “бо”-и истиъонат ва истимдод аст ва дар воқеъ ин тавр аст, ки малоика бо истимдоди руҳ фуруд меоянд, ё “бо”-и мулобасат ва мусоҳабат аст, яъне малоика бо руҳ (фуруд меоянд), дар муддаои мо, ки Қуръон малоика ва руҳро дар канори якдигар зикр мекунад (тағйире намедиҳад) ва дар ин ҷиҳат далолати оят кофӣ аст. Ва дар ҳамин ҷост, ки ҳадисе аз амирулмӯъминин Алӣ (алайҳис салом) нақл шуда ва эшон гуфтаанд, руҳ ғайр аз малоика аст ва ба ҳамин оят истидлол кардаанд, ки Қуръон руҳро бо малоика як чиз намегирад.
Калимаи руҳ гоҳе ба калимаи “амин” ва гоҳе ба калимаи “қудс” тавсиф шудааст:
نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِینُ عَلی قَلْبِكَ
(Шуароъ/193 ва 194) Руҳуламин Қуръонро бар қалби ту фуруд овардааст. Ё дар ояти дигар:
قُلْ نَزَّلَهُ رُوحُ الْقُدُسِ مِنْ رَبِّكَ
(Наҳл/102) Бигӯ: инро Руҳулқудс аз ноҳияи парвардигори ту фуруд овардааст. Чун дар баъзе оятҳои дигар ҳаст, ки Ҷабраил Қуръонро бар пайғамбар нозил кардааст, гуфтаанд, пас калимаи Руҳулқудс ва Руҳуламин кинояе аз Ҷабраил аст.
Ҳамчунин шояд баъзе гуфта бошанд, ки дар он ояти:
یَوْمَ یَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلائِكَةُ
— мақсуд хусуси Ҷабраил аст, ки ба таври ҷудогона зикр шуда — ки ин ҳарф баъид аст — вале эшон ин ҳарфро қабул надоранд, ки ҳатто мақсуд аз Руҳуламин ва Руҳулқудс Ҷабраил бошад, балки мегӯянд, аз оятҳои Қуръон инчунин фаҳмида мешавад: малоика, ки ваҳйро нозил мекунанд, ҳамроҳи он, ҳақиқате ҳаст, ки Қуръон номи онро “руҳ” гузоштааст ва ҳомили ваҳй дар воқеъ он руҳ (ҳамон Руҳуламин ва Руҳулқудс) аст, на ин ки Ҷабраил ҳомили ваҳй бошад, Ҷабраил ҳомили ваҳй нест. Ин ақидае аст, ки эшон дар инҷо изҳор медоранд.
Дар баъзе аз оёт, руҳ бо калимаи ваҳй тавъам шудааст, мисли ин ки дар ин оят мефармояд:
وَكَذلِكَ أَوْحَیْنا إِلَیْكَ رُوحاً مِنْ أَمْرِنا ما كُنْتَ تَدْرِي مَا الْكِتابُ وَلاَ الْإِیمانُ
(Шӯро/52) Мо руҳе аз амри худамон (1) ба ту ваҳй фиристодем. Гуфтаанд: он ки Худованд ваҳй фиристода оятҳои Қуръон аст, пас инҷо ҳамон нафси оятҳои Қуръон ба руҳ таъбир шудааст. Албатта монеъе надорад, ки мо оятҳои Қуръонро аз (навъи) он ҳақоиқ (бидонем). Мусаллам оятҳои Қуръон вақте бар қалби пайғамбар нозил мешавад, ба сурати як ҳақиқат нозил мешавад ва баъд сурати лафзӣ пайдо мекунад ва ба ҳар ҳол: “Мо руҳе аз амри худамон ба ту ваҳй кардем”. Пас, ба қавли ин оқоён, яке аз мавориди итлоқи калимаи руҳ, худи оятҳои Қуръон аст, вале эшон (2) муддаӣ ҳастанд, ки дар инҷо ҳам мақсуд аз калимаи руҳ, худи оятҳои Қуръон нест, ҳамон ҳақиқате аст, ки дар ҷоҳои дигар Руҳуламин ва Руҳулқудс гуфтааст, ба эътибори ин ки худи ӯ ҳам калиматуллоҳ аст ва Қуръон ин чизҳоро калимоти илоҳӣ меномад, вақте, ки мефармояд:
أَوْحَیْنا إِلَیْكَ رُوحاً مِنْ أَمْرِنا
— маънояш ин аст, ки Руҳуламинро, ки аз амри мо ва аз ҷинси амри мост, бар ту фурӯ фиристодем. Аслан маънои:
أَوْحَیْنا إِلَیْكَ رُوحاً مِنْ أَمْرِنا
— тақрибан:
نزّلنا روح القدس من أمرنا
— мешавад, мо Руҳулқудсро аз амри худамон бар ту нозил кардем.
Мақсуд аз руҳ дар инҷо ба ақидаи эшон, худи оятҳои Қуръон нест, балки ҳамон ҳақиқати ҳомили ваҳй аст ва мақсуд аз:
أَوْحَیْنا
— ҳам дар инҷо яъне “фуруд овардем”, ки рӯйи ин ҷиҳат миқдоре баҳс мекунанд; мегӯянд: ҳамон тавре, ки ба Исои Масеҳ руҳ гуфта шудааст — ки яке аз таъбироти Қуръон аст — ба он ҳақиқат ҳам, ки руҳ гуфта шудааст, мақсуд ин аст.
Яке дигар аз мавориде, ки боз калимаи руҳ дар Қуръон итлоқ шудааст, бар шахси Исо ибни Марям аст, ки лақаби руҳи илоҳӣ гирифтааст:
وَكَلِمَتُهُ أَلْقاها إِلی مَرْیَمَ وَرُوحٌ مِنْهُ
(Нисо/171) Исо калимаи Худост, ки ӯро ба сӯйи Марям илқо фармуд ва ин Исо руҳе аз ӯст. Ин ҳам ҷойе аст, ки дар Қуръон ин калима истеъмол шудааст.
Оятҳои дигаре, ки боз калимаи руҳ дар Қуръон омадааст зиёд аст, мисли мавориде, ки ба унвони таъйиди мӯъминин аст. Дар як ҷо дар боби таъйиди мӯъминин мефармояд:
أُولئِكَ كَتَبَ فِي قُلُوبِهِمُ الْإِیمانَ وَأَیَّدَهُمْ بِرُوحٍ مِنْهُ
(Муҷодала/22) Худо имонро дар дилҳои онҳо сабт кард ва онҳоро ба василаи руҳе аз худ таъйид кард. Мақсуд аз руҳ дар инҷо чист? Оё мақсуд ҳамон ҳақиқате аст, ки дар арзи малоика зикр мешавад (яъне ӯро муайиди инҳо қарор дод) ё мақсуд як ҳолати маънавӣ аст, як илқои маънавӣ аст ба қулуби мӯъминин, як нури маънавӣ аст бар қулуби мӯъминин, ки фуруд меояд, ҳамонро Қуръон руҳ номидааст, масалан Худованд илҳоме ба қалби онҳо фиристод, қудрате ва қуввае ба қалби онҳо фиристод ва ҳамонро руҳи илоҳӣ меномад, як таъйиде, ки аз ноҳияи Худо расидааст, онро руҳи илоҳӣ меномад? Баъид нест ҳамин дуввумӣ бошад.
Яке дигар (аз мавориди истеъмоли калимаи руҳ) дар мавриди Марям аст, он ҷо, ки Марям бино бар он чи Қуръон тасреҳ мекунад, ки ҳомила шуд, вале на аз як инсон, балки Худованд фариштае ё ҳақиқате ғайр аз фариштаро фиристод ва ӯ ба як шакли хоссе, ин омодагиро дар ӯ ба вуҷуд овард. Ин ҷо ҳам, ки ба истилоҳ ҳаётбахшӣ дар кор аст, боз калимаи руҳ омадааст. Таъбир ин аст:
فَأَرْسَلْنا إِلَیْها رُوحَنا
Мо руҳи худро ба сӯйи Марям фиристодем.
فَتَمَثَّلَ لَها بَشَراً سَوِیًّا
(Марям/17) Ӯ дар назари Марям ба сурати як башари мӯътадил мутамассил шуд, ки худи:
فَتَمَثَّلَ لَها بَشَراً سَوِیًّا
— нишон медиҳад башар набуд, вале ба сурати як башар бар Марям зуҳур кард. Ин ҷо ҳам боз –
فَأَرْسَلْنا إِلَیْها رُوحَنا
— аст, ки баъид нест бигӯем ин ҳамон руҳе аст, ки дар оятҳои дигар бо малоика радиф қарор дода шудааст ва Қуръон мехоҳад бигӯяд, мо ҳамонро фиристодем.
Яке дигар аз мавориде, ки таъбири “руҳ” дар Қуръон омадааст, он ҷойе аст, ки дар бораи инсон ва ё инсонҳо ба таври куллӣ омадааст. Дар бораи одам — ки албатта аз маҷмӯъ оятҳо маълум мешавад, ки ба ҳар ҳол ба одами аввал ихтисос надорад — (мефармояд):
ثُمَّ سَوّاهُ وَنَفَخَ فِیهِ مِنْ رُوحِهِ
(Саҷда/9) Сипас ӯро тасвия кард. Мегӯянд, маънои тасвия ҳамон таъдил кардан ва такмил кардан аст. Зоҳираш ин аст, ки пас аз он ки хилқати ҷисмонии одамро такмил кард, аз руҳи худ дар ӯ дамид. Дар ояти дигар роҷеъ ба ҳамон одами аввал мефармояд:
فَإِذا سَوَّیْتُهُ وَنَفَخْتُ فِیهِ مِنْ رُوحِي فَقَعُوا لَهُ ساجِدِینَ
(Ҳиҷр/29) Вақте, ки ӯро такмил кардам ва аз руҳи худам дар ӯ дамидам, пас шумо ӯро саҷда кунед.
Ҳанӯз ҳам оятҳои дигар дар Қуръон зиёд аст, ки калимаи руҳ итлоқ шудааст, шояд куллиёташ ҳаминҳое бошад, ки арз кардам, зоҳиран, ҳам дар сураҳои маккия омада ва ҳам дар сураҳои мадания ва ҳатто ҳамин сураи Банӣ Исроилро, ки дар он ояти:
یَسْئَلُونَكَ عَنِ الرُّوحِ
— омада, сураи маккия медонанд. Дар ин сура ин матлаб омадааст:
یَسْئَلُونَكَ عَنِ الرُّوحِ، قُلِ الرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي
Аз ту дар бораи руҳ пурсиш мекунанд, бигӯ: руҳ аз амри парвардигори ман аст. Дар инҷо боз масъалае матраҳ шуда, ки аввалан мақсуд аз руҳ дар инҷо чист, ки суол кардаанд? Баъд, ин ҷавоб чӣ тавр ҷавобе аст? Оё воқеан дар инҷо ҷавоби ҳақиқиро хоста баён кунад ё хоста бигӯяд шумо дар бораи он суол накунед, ин чизе нест, ки мо барояш таърифе бикунем, то шумо битавонед ба моҳият ва ҳақиқати он пай бибаред? Роҷеъ ба ҳар ду ҷиҳаташ (баҳс шудааст).
Дар (миёни) муфассирон чунин қавле ҳаст. Муфассирон дар ин замина ихтилоф кардаанд, ки ин руҳе, ки мавриди суол аст яъне чӣ? Чӣ буда, ки мавриди суол будааст? Баъзе гуфтаанд: чун қаблан дар баъзе оятҳои дигар номи руҳ дар арзи малоика омада будааст, ин суол ба вуҷуд омада, ки ин руҳе, ки ғайр аз малоика аст, он дигар чист? Пас мавриди суол он аст. Баъзе гуфтаанд: на, мақсуд аз руҳ дар инҷо худи Қуръон аст. Ҳамон касоне, ки гуфтаанд, дар:
وَكَذلِكَ أَوْحَیْنا إِلَیْكَ رُوحاً مِنْ أَمْرِنا
— мақсуд аз руҳ, худи оятҳои Қуръон аст, (гуфтаанд) инҷо ҳам вақте суол кардаанд:
یَسْئَلُونَكَ عَنِ الرُّوحِ
— яъне вақте дар бораи Қуръон аз ту суол мекунанд, бигӯ: ин аз амри парвардигор аст, яъне амре аст, ки аз ноҳияи парвардигор нозил шудааст. Баъзе ҳам гуфтаанд, ки мақсуд аз руҳ дар инҷо Ҷабраил аст. Инҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Руҳуламин ва Руҳулқудсро мусовӣ бо Ҷабраил медонанд ва гуфтаанд: ҳар ҷо, ки дар Қуръон руҳ омадааст ва ҳар ҷо, ки махсусан дар арзи малоика қарор гирифта, мақсуд Ҷабраил аст. Пас вақте суол карданд:
یَسْئَلُونَكَ عَنِ الرُّوحِ
— яъне аз моҳияти Ҷабраил (суол кардаанд) ва гуфтаанд: ин ки гуфта мешавад ҳомили ваҳй аст, бар пайғамбар нозил мешавад ва бо пайғамбар сухан мегӯяд, чист? Инро барои мо таъриф кун. Баъзе ҳам гуфтаанд: мурод аз руҳ дар инҷо ҳамин руҳи инсонӣ аст, ки дар он оятҳо омадааст:
وَنَفَخْتُ فِیهِ مِنْ رُوحِي
— суол аз руҳи инсон кардаанд, ки мақсуд чист? Ва ҷавоб дода шудааст, ки:
مِنْ أَمْرِ رَبِّي
Баъзе дигар, ки худи эшон (3) онро интихоб мекунанд, (назарашон) ин аст, ки суол аз руҳ ба маънии хосс нест, суолкунандагон медидаанд зикри руҳ дар Қуръон зиёд омадааст, як ҷо:
یَوْمَ یَقُومُ الرُّوحُ وَالْمَلائِكَةُ صَفًّا
Як ҷо:
یُنَزِّلُ الْمَلائِكَةَ بِالرُّوحِ مِنْ أَمْرِهِ عَلی مَنْ یَشاءُ مِنْ عِبادِهِ
(Наҳл/2) ва ҷойи дигар:
وَأَیَّدَهُمْ بِرُوحٍ مِنْهُ
(Муҷодала/22), ки хеле дар Қуръон калимаи руҳ омадааст, медидаанд, ин калима хеле истеъмол мешавад бидуни ин ки чизе аз он бифаҳманд ва аз ҷумла дар мавриди инсон истеъмол шудааст, гуфтаанд, ин руҳ чист, ки мураттаб мегӯед руҳ, дар инсон руҳ, дар паёмбарон руҳ, руҳе дар муқобили малоика, ин чист? Ҷавоб омадааст:
قُلِ الرُّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي
Эшон худашон мӯътақиданд, ки ин ҷавоб ҳамон ҷавоби воқеӣ аст, на ҷавобе, ки дар воқеъ ин аст, ки дар ин мавзӯъ суол накунед.
* * *
(1) Роҷеъ ба калимаи “аз амр” баъд сӯҳбат мекунем, ки дар ағлаби ин оятҳо калимаи “аз амр” омадааст.
(2) Манзур, муаллифи тафсири “Алмизон” аст.
(3) Манзур, муаллифи тафсири “Алмизон” аст.
* * *
Идома дорад…
Муртазо Мутаҳҳарӣ – таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн