Маод – II

Маод

Бахши дуввум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Тафсирҳои гуногун дар бораи маод

1) Иодаи маъдум:

Баъзеҳо хаёл кардаанд, маод яъне иодаи (багардондани) маъдум (нестшуда). Мутакаллимони қадим чӣ қадр рӯйи ин қазия баҳс мекарданд, ки иъодаи маъдум маҳол нест, барои ин ки фикр мекарданд, маъод яъне иъодаи маъдум, қиёмат яъне иъодаи маъдум. Яъне аввал фарз мекарданд, ки ашё маъдум мешаванд (маъдуми мутлақ), он вақт мегуфтанд: оё агар чизе маъдуми мутлақ шуд, бори дигар имкон дорад вуҷуд пайдо кунад ва ё ин аз муҳолот аст?

Ин албатта чизе аст, ки аслан лузуме надорад мо рӯйи он баҳс кунем. Мо чӣ далеле дорем бар ин ки ашё маъдум мешаванд, то баъд биёем рӯйи масъалаи иъодаи маъдум баҳс кунем, ки иъодаи маъдум маҳол аст ё мумкин? Мо на далели илмӣ дорем ва на далелт шаръӣ, ки ашё маъдум мешаванд билкуллия ва маънии қиёмат яъне иъодаи он маъдумот.

Яке аз масоиле, ки фалосифа бо мутакаллимон галовез буданд, масъалаи иъодаи маъдум аст. Фалосифа мегӯянд, аввалан ашхос маъдум намешаванд, то бихоҳанд иъода шаванд, онҳо мегӯянд, маъдум мешаванд. Баъд онҳо (мутакаллимон) мегӯянд, иъодаи маъдум мумкин аст, инҳо мегӯянд, иъодаи маъдум маҳол аст. Лузуме надорад мо рӯйи ин қазия аслан баҳсе бикунем, агар касе лозим донист, баъдан суол мекунад ва мо рӯйи он баҳс мекунем.

2) Авди (баргаштани) арвоҳ ба аҷсод:

Баъзе дигар маъодро ба ин шакл тавҷеҳ мекунанд: маод яъне авди арвоҳ ба аҷсод. Яъне инсон вақте, ки мемирад, руҳаш аз баданаш муфорақат мекунад ва ин руҳ ҷудои аз бадан ҳаст дар як оламе (ки он оламро олами барзах мегӯянд), то вақте, ки биност қиёмат шавад, вале вақте, ки қарор шуд қиёмат шавад, он вақт руҳҳо бармегарданд ба баданҳои худашон, ҳар руҳе ба бадани худаш бармегардад. Ин тавр омадаанд матлабро таъбир кардаанд.

Як матлабро бояд қаблан арз кунам ва он ин аст, ки иттифоқан дар таъбироти қиёмат, мо калимаи “маод” надорем. Аз ҳамаи исмҳои қиёмат маъруфтар маъод аст, вале ин истилоҳ, истилоҳи шаръӣ нест, яъне истилоҳи муташарриъа аст, он ҳам ба мафҳуми хоссе. Дар Қуръони Карим, мо калимоте назири маъод дорем мисли “маъоб”, вале калимаи маъодро надорем. Дар дуоҳо ва аҳодис ҳам ман алъон ёдам нест, ки дар ҷойе аз қиёмат бо калимаи маъод таъбир шуда бошад.

Калимаи маъодро зоҳиран мутакаллимон халқ кардаанд. Ин калима метавонад калимаи дурусте ҳам бошад, яъне бо таъбироти Қуръон мунтабиқ бошад, аммо чун маъод яъне макони авд ё замони авд (исми макон ва замон аст.) Онҳо, ки ин калимаро гуфтаанд, ба ин эътибор гуфтаанд, ки қиёматро ё замони авд ба маънии иъодаи маъдум медонистаанд, ё замони авди арвоҳ ба аҷсод.

Дар Қуръон, мо калимоте шабеҳи калимаи маъод дорем, калимаи маъод надорем, вале калимаи “марҷаъ” ё “руҷӯъ” ва калимаи “маъоб” дорем. “Авд” яъне бозгашт. “Авд”-ро дар ҷойе мегӯянд, ки як чизе аз як асле омада бошад, думартиба ба он асл баргардад, мегӯянд, авд кард. “Руҷӯъ” ҳам ҳамин тавр аст, “руҷӯъ” ҳам яъне бозгашт, бояд як омадане бошад, то бозгашт сидқ кунад ва аз ин рӯ агар дар Қуръон дар бораи қиёмат калимаи (маод) надорем, калимаи “руҷӯъ” дорем, аммо он чи дар Қуръон калимаи “руҷӯъ” ва амсоли он омада, ба маънои бозгашт ба Худост, яъне таъбири Қуръон ин аст. Дар Қуръон ҳеч ҷо руҷӯъи арвоҳ ба аҷсод наомада, ё ҳеч ҷо руҷӯъ ба маънои (бозгашт) баъд аз маъдум шудан наомада, балки таъбир ин аст:

إِنّا لِلّهِ

Мо аз он Худо ҳастем,

وَإِنّا إِلَیْهِ راجِعُونَ

(Бақара/156) Ва мо ба сӯйи ӯ бозгашт мекунем.

Пас, калимаи маъодро ҳам агар мо ба кор бибарем, агар ба маънии авд илаллоҳ истеъмол кунем, он вақт бо таъбироти қуръонӣ хуб мунтабиқ мешавад. Ё ин таъбир:

وَأَنَّ إِلی رَبِّكَ الْمُنْتَهی

(Наҷм/42) Ва ин ки ниҳоят ва тамомият ва поёне ба сӯйи парвардигор аст, яъне ба сӯйи ӯ ҳама чиз поён меёбад,

إِنَّ إِلی رَبِّكَ الرُّجْعی

(Алақ/8) Ва амсоли ин таъбирот.

3) Авди арвоҳ ба Худованд:

Муҳаддисини муташарриъа мисли марҳум Маҷлисӣ иддао мекунанд, ки иҷмоъи ҳамаи аҳли адён аст бар маъод ба маънии авди арвоҳ ба аҷсод, вале иддае мегӯянд, на, мо иҷмоъ дорем, вале на иҷмоъ ба сурати авди арвоҳ ба аҷсод, балки ба маънии авд ба сӯйи парвардигор.

Ҳоло ин авд ба сӯйи парвардигор оё мусталзими авди арвоҳ ба аҷсод аст ё шакли дигаре, баъд бояд бибинем, вале он чи ки Қуръон гуфтааст, аз қиёмат таъбир карда ба вақте, ба рӯзе ё ба нашъае, ки дар он нашъа инсонҳо ба Худо бозгашт мекунанд, яъне чӣ инсонҳо ба Худо бозгашт мекунанд? Аслан омадан аз Худо яъне чӣ ва бозгашт ба сӯйи Худо яъне чӣ? Вале ҳар чи ҳаст, Қуръон ин тавр гуфтааст, ҳатто аз қиёмат таъбир ба “лиқоуллоҳ” кардааст, мункирини қиёматро мункирини лиқои парвардигор номида:

الَّذِینَ كَذَّبُوا بِلِقاءِ اللّهِ

(Анъом/31) ё:

بَلْ هُمْ بِلِقاءِ رَبِّهِمْ كافِرُونَ

(Саҷда/10) Таъбироти Қуръон чунин таъбироте аст.

Албатта мо бидуни ин ки бихоҳем рад ё қабул карда бошем, (назариёти мухталифро баён мекунем). Ҳамаи инҳо мӯътақиданд, ки тафсири мо дар бораи маъод ин аст. Ҳеч кас намехоҳад чизе бар хилофи гуфтаи пайғамбар гуфта бошад, вале ҳар кадом ба як чизҳое истинод мекунанд ва ин тавр тафсир мекунанд. Аз назари баъзе, масъалаи қиёмат ва масъалаи маъод яъне авд кардани руҳҳо бори дигар ба ҳамон баданҳое, ки будаанд ва пӯсидаанд ва мутафарриқ ва хок шудаанд.

Баъзе дигар маъодро ба ҳамон маънии авд илаллоҳ мегиранд, вале мегӯянд: авди арвоҳ илаллоҳ; ҷисм, ки авде надорад ба сӯйи Худо, барои ҷисм маънӣ надорад бигӯем, ба сӯйи Худо бозмегардад; руҳ аст, ки метавонад дараҷот ва маротиберо тай кунад, ки ба ҳасби он дараҷот ва маротиб, ба нашъаи рубубӣ наздиктар бошад ва бинобар ин қиёмат яъне бозгашти арвоҳ ба сӯйи Худо. Сирфи ин матлабро бихоҳем бигӯем, мешавад маъоди руҳонии мутлақ, ки ин бар хилофи зарурати таълимоти анбиёст, яъне дар таълимоти анбиё дуруст аст, ки гуфтаанд, авд ба сӯйи парвардигор, вале барои ин авд шакл ҳам муайян кардаанд, он шакле, ки муайян кардаанд, сад дар сад руҳонӣ нест.

Масъалаи маъод дар миёни қудамои фалосифа аслан матраҳ набуда, яъне аслан маъодро анбиё овардаанд, на фалосифа. Ҳатто Арасту худаш қоил ба фанои руҳ аст ва абадан мӯътақид ба бақои арвоҳ ва авди арвоҳ ва ин ҳарфҳо нест ва руҳро як мавҷуди фонӣ ва қобили фано медонад.

Ҳукамои исломӣ аз қабили Бӯалӣ таври дигаре мӯътақиданд; Бӯалӣ мегӯяд, ки аз назари бурҳони илмӣ ва бурҳони ақлӣ, арвоҳ боқӣ мемонанд ва бозгашт мекунанд ба сӯйи Худованд ва саодат ва шақовати онҳо ҳам, саодат ва шақовати маънавӣ ва ақлонӣ аст, яъне лаззатҳо ва аламҳо, лаззатҳо ва аламҳои ақлонӣ аст (яъне аз навъи лаззате аст, ки ақл мебарад ва аз навъи ранҷе аст, ки ақл мебарад, на аз навъи лаззат ва аламе, ки инсон аз роҳи ҷисм мебарад). Вале баъд мегӯяд, ин роҳе аст, ки мо аз тариқи илмӣ метавонем тай кунем; ин қадр медонем, ки руҳи инсон фонӣ намешавад ва боқӣ мемонад ва дар ҷаҳони дигаре ё муъаззаб аст ё мутанаъим, вале он миқдоре, ки мо аз роҳи далел илмӣ метавонем бифаҳмем ин аст, ки фақат ақли инсон (яъне қувваи оқилаи инсон) боқӣ мемонад, соири қувваҳои инсон ҳар чи ҳаст, ҳама маъдум мешаванд ва қувваи оқила ба сурати як амри мустақил ва як шайъи мустақил ва як шахсияти мустақил — ки шахсияти воқеии инсон ҳам ҳамон оқилааш ҳаст — боқӣ мемонад. Вале баъд мегӯяд, лекин маъоди ҷисмонӣ ҳам чизе аст, ки пайғамбар ба он хабар додааст, содиқ ба он хабар додааст, мо маъоди ҷисмониро ҳам қабул мекунем ба эътибори ин ки мухбири содиқ ба он хабар додааст. Пас дар воқеъ ин тавр мегӯяд, ки далели илмӣ ва ақлӣ моро фақат дар ҳадди маъоди руҳонӣ роҳнамоӣ мекунад, вале ин ки маъоди ҷисмонӣ бошад, чизе аст, ки мо аз роҳи ақл наметавонем кашф кунем, вале чун мухбири содиқ хабар дода. мо қабулаш дорем. (1)

* * *

(1) Бӯалиро ман воқеан мӯъмин ба пайғамбар мебинам, аҷиб ҳам ба пайғамбар имон дорад.

Маод – Муртазо Мутаҳҳарӣ

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роҳи раҳо бояд маро
Ҳувияти интиҳории дуввуми ҳодисаи Кирмон низ мушаххас шуд ва ба эҳтимоли зиёд ӯ низ тоҷик аст

Матолиби пурбоздид