Маод
Бахши панҷум
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Ҳаёти пас аз марг
Аз ҷумлаи оятҳо, оятҳое аст, ки агарчӣ махсуси шуҳадост, вале аз назари сароҳат шояд ҳеч ояте то ин миқдор сареҳ набошад. Дар ду ҷойи Қуръон ин матлаб омадааст, ки мабодо гумон кунед, ки онон, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд мурда ҳастанд, хайр, зиндаанд. Дар як оят, ки дар сураи Бақара аст, ин тавр мефармояд:
وَلا تَقُولُوا لِمَنْ یُقْتَلُ فِي سَبِیلِ اللّهِ أَمْواتٌ بَلْ أَحْیاءٌ وَلكِنْ لا تَشْعُرُونَ
(Бақара/154) Ба онҳо нагӯед мурдаҳо, онҳо зиндаанд, вале шумо мусташъир нестед, шумо дарк намекунед, шумо хаёл мекунед мурдаанд, воқеан онҳо зинда ҳастанд.
Касоне, ки намехостанд қабул кунанд, ки инсон дар фосилаи мурдан то қиёмат як ҳаёте дорад ва ё ба иллатҳои дигаре гуфтаанд, шояд мақсуд аз ин зиндагӣ зиндагии маҷозӣ аст, на зиндагии ҳақиқӣ, яъне ин ки Қуръон мегӯяд: “Гумон мабар, ки шуҳадо мурда ҳастанд, балки зинда ҳастанд ва шумо намедонед”, мақсуд ин аст, ки номашон зинда аст, ба истилоҳи фалосифаи ҷадид, вуҷуд фӣ нафсиҳиашон мурдааст, вале вуҷудашон барои мардум, вуҷудашон дар дили мардум зинда аст, (ки) албатта ин як таъбири маҷозӣ аст, ки дар мавориде ба кор меравад, мисли ин ки амирулмӯъминин мефармояд:
والعلماء باقون ما بقي الدّهر
Мардум дигар мемиранд, вале уламо зинда ҳастанд.
أعیانهم مفقودة وأمثالهم في القلوب موجودة
(“Наҳҷул-балоға”, ҳикмати 147) вуҷуди айниашон нест,
أما مثالها
— вуҷуди зеҳниашон дар дилҳо мавҷуд аст. Аз ин ҳам таъбир ба ҳаёт мешавад. Ё Ҳофиз мегӯяд:
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо.
Ва ё Саъдӣ мегӯяд:
Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.
Гуфтаанд, ин оятҳо ин тавр аст (ва мақсуд аз ин зиндагӣ, зиндагии маҷозӣ аст), вале дигарон ҷавоб додаанд, ки бо
وَلكِنْ لا تَشْعُرُونَ
— ҷур дарнамеояд. Агар мақсуд аз ин ки инҳо зинда ҳастанд яъне номи некашон дар миёни мардум зинда аст, пас мардум ҳам комилан медонанд, ки номи некашон зинда аст, аммо Қуръон навъе зиндагиро баён мекунад, ки ба мардум мегӯяд: вале шумо намефаҳмед, шумо дарк намекунед, воқеан зиндаанд, вале шумо дарк намекунед.
Ба илова, ояти дигаре қаринаи ин оят ҳаст, ки дигар ҳеч гуна аз ин ҷур эҳтимолотро намешавад дар он дод ва табъан муфассири ин оят ҳам ҳаст ва он ин аст:
وَلا تَحْسَبَنَّ الَّذِینَ قُتِلُوا فِي سَبِیلِ اللّهِ أَمْواتاً بَلْ أَحْیاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ یُرْزَقُونَ
Нагӯед ба онҳо амвот, онҳо зиндаанд ва дар назди парвардигор марзуқанд, ба онҳо рӯзӣ мерасад, неъматҳо ба онҳо мерасад, ки истифода мекунанд,
فَرِحِینَ بِما آتاهُمُ اللّهُ مِنْ فَضْلِهِ
Шодмонанд ба он чи Худованд аз фазли худ ба онҳо иноят кардааст,
وَیَسْتَبْشِرُونَ بِالَّذِینَ لَمْ یَلْحَقُوا بِهِمْ
(Оли Имрон/169 ва 170) Ва доиман дар садад ва ҷустуҷӯ ва талаби башоратанд дар бораи дӯстонашон, ки ҳанӯз ба онҳо мулҳақ нашудаанд, яъне онҳо дӯстоне доранд, ки ҳанӯз дар ин дунё зинда ҳастанд ва мунтазиранд, ки кай ин башорат ба онҳо бирасад, ки фалон дӯсти шумо ҳам шаҳид шуд ва ба шумо мулҳақ хоҳад шуд.
Ин оят агарчӣ дар мавриди хусуси шуҳадост, вале ба ҳар ҳол сароҳаташ дар матлаб ба назар мерасад инкорнопазир аст, ки Қуръон мехоҳад бигӯяд, шуҳадо баъд аз мурдан зинда ҳастанд, мусташъиранд, шодмонанд, марзуқанд ва огоҳанд, ҳатто огоҳанд аз дунёе, ки аз он убур кардаанд.
Мумкин аст касе роҷеъ ба ин оят бигӯяд, шояд фақат шуҳадо ин ҷуранд. Албатта маълум аст, ки инсон наметавонад эҳтимол бидиҳад, ки аз назари Қуръон мардум ду синфанд, ғайри шуҳадо ҳар, ки ҳаст, ҳама несту нобуд ва маъдум мешаванд, то қиёмат, дар сукути мутлақ фурӯ мераванд, на азобе ва на неъмате ва фақат шуҳадо ин ҷур ҳастанд. Ба илова, оятҳои дигар дар ин замина ҳаст, ки арз мекунам. Ин ҳам ду оят, ки махсус ба шуҳадо буд.
Муколима миёни фариштагон ва мурдагон
Оятҳои дигаре мо дорем, ки дар он оятҳо муколимаи фариштагонро бо мутаваффоҳо (вафоткардаҳо) баъд аз мурдан баён мекунад, ки фариштагон сухане мегӯянд ба онҳо ва онҳо ҷавоб медиҳанд, боз фариштагон ба онҳо ҷавоб медиҳанд, муколима миёнашон сурат мегирад, мисли ин оят, ки махсусан роҷеъ ба як типе аз ашқиёст, ки мефармояд:
إِنَّ الَّذِینَ تَوَفّاهُمُ الْمَلائِكَةُ ظالِمِي أَنْفُسِهِمْ قالُوا فِیمَ كُنْتُمْ قالُوا كُنّا مُسْتَضْعَفِینَ فِي الْأَرْضِ قالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللّهِ واسِعَةً فَتُهاجِرُوا فِیها
(Нисо/97) Ин оят ҷузъи оятҳои ҳиҷрат аст. Мефармояд, гурӯҳе аз мардум, ки фариштагон онҳоро таҳвил мегиранд, аз онҳо мепурсанд:
فِیمَ كُنْتُمْ
Шумо дар дунё дар чӣ ҳоле будед, дар чӣ вазъе будед? Онҳо, ки дасти худашонро аз ҳама чиз тиҳӣ мебинанд, мавзӯеро (ки воқеан рост буда) ба унвони як узр зикр мекунанд:
قالُوا كُنّا مُسْتَضْعَفِینَ فِي الْأَرْضِ
Мо як идда мардуми мустазъаф яъне заъиф шумурдашуда, ба ҳисоб наомада, як мардуми бечорае будем, дастамон намерасид ба дин ва Худо ва пайғамбар ва дастур ва ин ҷур чизҳо. Албатта худи оят ҳикоят мекунад — аҳодис ҳам ворид шуда — ки дар бораи гурӯҳе аз мусалмонон аст, ки дар билоди куфр зиндагӣ мекарданд, дар ҳоле, ки мусалмон буданд ва вазифаашон ин буд, ки ҳиҷрат кунанд, биёянд ба билоди ислом, вале дигар ҳолу ҳиммати ҳиҷрат карданро надоштанд, ҳамон ҷо мемонанд, дар ҳоле, ки дар онҷо василаи динӣ ҳеч барояшон мавҷуд набуд, намедонистанд ҳоло, ки мусалмонанд, чӣ тавр амал кунанд. Ҳар мусалмоне агар дар чунин шароите қарор гирифт, ҳиҷрат кардан барояш воҷиб аст.
قالُوا أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللّهِ واسِعَةً فَتُهاجِرُوا فِیها
Фариштаҳо мегӯянд: оё замини Худо фарох набуд, ки муҳоҷират кунед?
Ин як муколама аст, ки Қуръон сареҳан муколима миёни фариштагон ва гурӯҳе аз мардумро, ки онҳоро мустазъафин меномад нақл мекунад. Инҳо дигар аз шуҳадо нестанд, аз бечораҳо ва бадбахтҳо ва мустазъафин ҳастанд. Қуръон гуфта, амри инҳо бо Худост, таклифи инҳоро равшан накардааст.
Ба ҳар ҳол, инҳо ҷузъи шуҳадо ва суъадо нестанд. Ин чӣ чизеро нишон медиҳад? Оё нишон намедиҳад, ки аз назари Қуръон, ин мустазъафин баъд аз мурдан аз як навъ ҳаёте бархӯрдор ҳастанд?
Боз дар бораи як иддаи дигар мегӯяд:
الَّذِینَ تَتَوَفّاهُمُ الْمَلائِكَةُ طَیِّبِینَ یَقُولُونَ سَلامٌ عَلَیْكُمْ
(Наҳл/32) Онҳое, ки дар ҳоле, ки покиза ҳастанд, малоика онҳоро таҳвил мегиранд, малоика ба онҳо дуруд мефиристанд.
Ин ҳам як тип оятҳо, ки музокирот ва муколамоте, ки миёни малоика ва амвот билофосила баъд аз мурдан аст, баён мекунад. Оятҳои дигаре ҳам дар ин замина вуҷуд дорад.
Мӯъмини Оли Ёсин
Оятҳои дигаре ҳам мо дар ин замина дорем, ки роҷеъ ба фард ва шахс аст, саргузашт аст, вале аз саргузашт маълум мешавад, ки Қуръон ҳаёте баъд аз мурдан ва қабл аз қиёмат қоил аст. Яке аз ин ашхос мӯъмини Оли Ёсин аст, ки достонаш дар сураи Ёсин омадааст. Қуръон нақл мекунад, ки ду расул ба қаряе фиристода шуд ва баъд (Худо) севвумеро дар таъйиди онҳо фиристод (1). Дар ин миён марде пайдо мешавад мӯъмин, ки ба онҳо имон меоварад ва рисолаташонро таблиғ мекунад.
Чун (саргузашти ин мӯъмин) дар сураи Ёсин зикр шуда исми ӯ мӯъмини Оли Ёсин шудааст. Қуръон намегӯяд, мӯъмини Оли Ёсин, мегӯяд:
رَجُلٌ مِنْ أَقْصَی الْمَدِینَةِ
Дар бораи мӯъмини Оли Фиръавн мегӯяд:
مؤمن آل فرعون
Ба қиёси он, инро ҳам гуфтаанд мӯъмини Оли Ёсин, вагарна дар Қуръон калимаи мӯъмини Оли Ёсин надорем.
وَجاءَ مِنْ أَقْصَا الْمَدِینَةِ رَجُلٌ یَسْعی قالَ یا قَوْمِ اتَّبِعُوا الْمُرْسَلِینَ
(Ёсин/20) То он ҷо мерасад, ки ӯ мемирад. Албатта Қуръон на исми мавт меоварад ва на исми қатл, вале тафосир мегӯянд, ба чӣ вазъе ӯро куштанд, ки ба ҳар ҳол дар баҳси мо дахолат надорад. Қуръон мегӯяд:
قِیلَ اُدْخُلِ اَلْجَنَّةَ
Ба ӯ гуфта шуд, вориди биҳишт шав!
قالَ یا لَیْتَ قَوْمِي یَعْلَمُونَ بِما غَفَرَ لِي رَبِّي وَجَعَلَنِي مِنَ الْمُكْرَمِینَ
(Ёсин/26 ва 27) Он вақте, ки худашро дар муқобили он саодатҳо дид, гуфт: эй кош ин қавми ман медонистанд, ки ман алъон дар чӣ вазъе ҳастам, ки Худо чӣ гуна аз гуноҳони гузаштаи ман даргузашт ва чӣ гуна маро мукаррам ва мавриди эҳтиром сохт!
Ин оят ин тавр ҳикоят мекунад, ки ин (шахси мӯъмин) мард, баъд аз мурдан ӯро дохил дар як навъ биҳишт карданд (2), ӯ дар он дунё ба фикри мардуми ин дунё буд, мегуфт, эй кош инро медонистанд! Ҳанӯз қиёмате нест, ин қазия марбут ба қабл аз қиёмат аст.
* * *
(1) Қуръон фақат мегӯяд “қаря”, мегӯянд, шаҳри Антокия буда, расулон аз Фаластин мераванд Антокия. Антокия ҷузъи Руми қадим будааст ва ҳоло ҷузъи Туркия аст.
(2) Биҳиштҳо ҳаст: биҳишти олами барзах ва ғайри олами барзах. Агар (ҳаёти пас аз марг)-ро аз Қуръон истифода кардаем, ин матлабро ҳам истифода мекунем.
Идома дорад…
Қаламонлайн