Халтаи чакка

Адаб

Халтаи чакка

Ҳикоя

Шоҳмансури Шоҳмирзо

Он рӯзи шанбе маросими фотиҳахонии амаки падарам буд. Соати ҳафти бегоҳ ба Душанбе билет доштам. Падарам гуфт, раиси комиҷроия ба фотеҳа омадааст, хоҳиш кардам то Бӯстон расонадат. Ҷомадонамро аз хона берун овардаму мехостам ба мошин нишинам, ки пиразани ҳамдеҳаамон – Маҳгул ҳашшу ҳушкунон омад. Дар дасте дастархон дошту дар дасти дигар халтаи чакка. Пиразан писари мусофире дар Душанбе дошт, ки дер-дер меомад ва ҳар бор қадамаш ба деҳа мерасид, модар мардуми русторо зиёфат медод. Дастархонро гирифтаму ба халтаи чакка нигоҳ кардам, ки ин яъне бори изофӣ ва ончунон қиёфа гирифтам, ки халтаро намегирам. Падарам фақат табассуми малеҳ бар лаб дошт, модарам: «Кампирро ноумед накун, гир аз дасташон, писарашон хурсанд мешавад» -гуфт ва ноилоҷ онро ҳам гирифтаму Падар фотеҳа дод ва мисли ҳамеша дар поён ин байти Ҳофизро хонд:

Он сафаркарда, ки сад қофила дил ҳамраҳи ӯст,

Ҳар куҷо ҳаст, Худоё, ба саломат дораш.

Ва дигарон даст ба рӯй кашиданд. Савори мошин шудам.

Давлатбек Тӯтиев – раиси комиҷроияи ноҳия, марди фурутану самимӣ бо падарам дӯст буд. Фикр мекунам амак ё тағояш бо амаки падарам, ки ҳафтае пеш дар Масчоҳи кӯҳӣ даргузашт ва Раис барои адои фотиҳа ба хонаамон омада буд, ҳамхизмат буд. Мо суҳбаткунон то маркази ноҳия расидем, ки Тӯтиев аз вазъияти таҳсилам дар Донишгоҳ пурсиду хеле шод буд, ки як мутахассис барои ноҳия баъди чанд сол омода мешавад. Вилуси Раис дар назди автовокзали ноҳия қарор гирифту ман пиёда шудам ва дидам пушти мошин – ҷое, ки нишаста будам, оби чакка ба андозаи ду пиёла рехтааст. Ронанда қафо гашту дид ва «ҳеч гап не, худам тоза мекунам» – гуфту ман сурх шудам. Раис аз мошин пиёда шуду роҳи сафед хост ва ман тарафи даккаи билетфурӯшӣ рафтам. Дидам бо ин халта ба шаҳр рафтан зиёд муносиб нест ва аз мағозаи автовокзал як покети селофанӣ бо навиштаи «Карпат», ки акси кӯҳ дошт, харидам. Билети Хуҷандро гирифтаму савори автобус шудам. Автобус ҳаракат кард ва дидам об аз халтаву селофан мерезад. Дар сандалии миёнаи автобус ҷой гирифта будам ва ронанда дар миёнаи роҳ барои чизе ба қафои автобус рафту ҳавзчаи обро диду «ҳа шумо масчоиҳо, ҳамин коратона бас накардед» – гуфту бо норизоятӣ аз канорам гузашт. Чизе нагуфтаму фақат модарамро ба дилам сарзаниш мекардам, ки ба хотири ӯ бори дасти пиразанро гирифтам, вагарна бо ун гарданшахию ғурури навҷавонӣ кампир ба қадам тилло ҳам мерехт, хоҳишашро намепазируфтам. Падарам дар чунин мавридҳо исроре надошт ва тасмимро бо худам мегузошт, ки ағлаб ҳарфи дилашро мехондам. Аммо модар санги бузургеро дар пеши роҳам гузошта буд, ки наметавонистам аз он ба осонӣ бигзарам. Баъди соате ба автовокзали Хуҷанд расидем. Аввалтар аз ҳама пиёда шудаму ба зери маҷнунбедҳо рафтаму селофанро холӣ кардам, ки пур аз зардоб буд. Бо дастонам фишораш додам, ки обаш бештар берун ояд. Дидам об қатра-қатра мечакад ва худро тасаллӣ додам, ки дигар обаш намечакад. Ба автобусе, ки самти фурудгоҳ мерафт, савор шудам ва ҳушу ёдам ба ин халтаи зормонда буд. Тақрибан ним соате дар автобус будам ва дидам об аз халта ҳамоно берун меояд. Хайрият ин бор касе чизе нагуфт, вале худамро накӯҳиш мекардам, ки охир бо ҳамин чакка чи муроди пиразан ҳосил мешавад? Бозорҳои шаҳр пур аз чакка ҳаст-ку. Ба фурудгоҳ расидем. То парвоз ҳудуди 3 соат боқӣ монда буд. Ба чойхонаи наздики фурудгоҳ рафтаму сумкаро холӣ кардам, ки то нисф об дошт. Ин бор ҷомаи хиҷолатро як сӯ гузоштаму халтаро аз бандаш гирифта, ба шохи дарахт овезон кардам. Чойхоначӣ халтаро диду “чаккаи Масчо- ми?, ин обаш ба дарди ҷигар дору” гуфт ва табақи сафолиеро зери халта гузошт, ки об даруни он резад. Чойхоначӣ – марди мӯйлабдор, ки пироҳани сафеди бегиребон ба тан дошт, бо ҳавас ба чакидани қатраҳо нигоҳ карду чойник дар даст сурудеро зери лаб замзамакунон хонду рафт. Садои зан аз солуни фурудгоҳ омад, ки парвози соати ҳафтро эълом кард. Андаки дигар мунтазир мондам, ки оби халта бештар резад. Ба солуни фурудгоҳ рафтам. Ҷомадонро ҳамроҳ бо нонҳо ба бор таҳвил додаму халта дар даст вориди ҳавопаймо шудам. Нозир ҳам аҳамият надод даруни халта чи аст. Сандалии ман дар радифи шашум қарор дошт ва канорам як зани шаҳрӣ менишаст, саропо нозу ишва. Тамоми ҳавосам ба халта буд, ки худоё шарманда нашавам. Чи дағдағаҳое дар сар доштам, ун тарафаш чакка ва обаш ҳам мерехт чи ҷои хиҷолат дошт? Вале шумо – хонандаи азиз намедонед дар он синну сол ман чи хаёлҳое дар сар доштам. Халта бардоштан барои ман айб буд. Оби халта дубора ҷӯяк шуду аз зери поям гузашта, зери кафшҳои пошнабаланди зани шаҳриро ҳам ишғол карда буд. Ҷӯробҳоям ҳам тар шуда буданд. Омад ба сарам аз он чи метарсидам. Бо думи чашм нигоҳ кардам, ки зан худро бо рӯзномае бод мезанад. Аз шишаи ҳавопаймо ба берун нигоҳ мекардам. Гӯё чизе нашудаасту бо тамошои абрҳо, ки ҳамонанди шутурҳои сафед ҷавлон мезаданд, зеҳнамро машғул медоштам. Зан якбора гӯӣ бӯи нохушеро шунида бошад, биниашро ғунд карду аввал ба ман, баъд ба атрофу зери пояш нигарист ва борони маломат бар сарам фурӯ рехт: «Ин чи кори кардагиатон? Кай шумоён маданият ёд мегиред? Куҷоба дидед, ки чаккая даруни самалётба баранд?» – гуфту тугмаи болои сарашро фишор дод, ки меҳмондори зан ба наздамон омад. Зани ҳампаҳлӯям гуфт: «Ин худаш чи гап? Ина бинана, дар шаҳр магазинҳо пури шампун, аз қишлоқ чакка мебаред, ки саратонро шӯед-мӣ? Бемаззагӣ ҳам ҳаду андоза доштагист». Меҳмондор чизе нагуфт, вале ҳамаи мусофирон ба ман нигоҳ мекарданд ва он лаҳза агар шишаи ҳавопаймо боз мебуд, яқин худамро берун меандохтам. Зери обу арақ монда ва гулӯям буғз карда буд. Меҳмондор рафту порчаеро овард, ки миқдоре аз обро ҷабид. Ду марди пушти сарам зери лаб миннатам мекарданд: «О, ина даруни сатил мегузоштӣ ё мемондӣ обаш хушк мешуд, ақл ҳам чизи хуб».

Эҳсос кардам дар он лаҳза ман як махлуқи изофиам ва нафаскашиам сахт мешуд. Гӯё ҳамаи мусофирон нафратам мекарданд. Аз хиҷолат рухсораҳоям месӯхтанд. Садои меҳмондор, ки фуруди ҳавопайморо эълон кард, андаке ба худ овардам ва шукр мекардам пас аз чанд дақиқа берун мешавему дигар на ман ин мусофиронро мебинам ва на онҳо маро. Фақат дилам дар сина гурс-гурс мезад, ки дигар касе чизе нагӯяд. Акнун хиҷолат як сӯ монду риштаҳои асабам торафт кашида мешуданд ва камтарин эрод кофӣ буд мисли оташ даргираму ҳар эродгирро зери мушту лагад гирам. Ҳавопаймо нишаст ва ман бо сари хамида мунтазир будам мусофирон берун оянд. Охирин нафаре будам, ки пой рӯи зинаҳои нардбон гузоштам. Дар гӯшае мисли гунаҳкорон мунтазир мондам то ҳама борашонро гиранд ва ман ҳам нону ҷомадонамро гирам. Хуб буд дар шаб касе чеҳраи сурхамро намедид. Берун омадаму гуфтам халтаи сабилмондаро то ҷон дорам бигираму ба гӯшае андозам. Вале модарам пеши назарам омаду ба худам гуфтам дигар охири масир аст ва ҳар миннату сарзанише, ки буд, таҳаммул кардам ва ҳайф аст амонатро ба соҳибаш нарасонам. Дубора оби халтаро дар зери дарахте холӣ кардаму фақат мехостам зудтар ба хонаи иҷора дар гӯшаи шаҳр расаму ба модарам нома нависам ва тамоми моҷароро барояш шарҳ диҳам, ки дигар аз ин корҳо накунад. Савори автобус шудам. Боз шурӯъ шуд. Оби халта ҳамоно берун меомад. Вале автобус хилват буду ба бахти ман зиёд мусофир надошт ва дар сандалии охир ҷой гирифтам. Ин бор ҷӯяк нашуд, вале об берун меомад. Як зани миёнсол, ки аз истгоҳи Корхонаи нассоҷӣ савор шуда буд ва зоҳиран аз шифти шабона бармегашт, пас аз ду-се истгоҳ, ки ғунуда буд, якбора чашмонашро кушоду ба атроф нигарист ва оби зери поямро диду шояд аз ҷомадонам фаҳмид, ки донишҷӯям «чаккаи қишлоқ бо кабудӣ мазза медиҳад» – гуфт ва ба тарафам як табассуми малеҳ кард. Ин қадар хандааш зебо буд, ки агар халта моли худам мебуд, дудастӣ тақдимаш медоштам. Зан як истгоҳ пештар аз ман фуромаду табассум дар лабаш ҳамоно нақш баста буд. Намедонед ман чи қадар шод будам, ки билохира ба хона расидам ва ҷомадонро пушти дарвоза гузоштаму ибтидо халтаро дар шохи гелоси ҳавлӣ овехтам ва аслан нигоҳ накардам, ки обаш мерезад ё не. Ҳис кардам бӯи дуғи туруш медиҳам. Ин қадар аз манзараи дохили ҳавопаймо нороҳат будам, ки ба шарикам чизе нагуфтаму чанд нон пешаш гузоштам, ки машғул шавад ва худам бо онки хаста будам, қаламу коғаз гирифтаму гарму сӯзон бо ҳамон эҳсоси нороҳатӣ ба модарам нома навиштам: «Оча, медонӣ, чи қадар дӯстат медорам ва барои ту ҳозирам ришамро ба хок молам. Вале хоҳишан дигар аз ин корҳо накун. Акнун ман донишҷӯ шудаам ва ба ҳар хоҳишу гапи занҳои деҳа гӯш надеҳ. Ман бояд мисли шаҳриҳо рафтор кунам, хӯи деҳотиро аз худам дур созам. Ба хотири ту халтаро аз дасти кампир гирифтам, вале то хона расидан дар тамоми тӯли роҳ обаш мечакид ва дар ҳар ҷо маро таънаю маломат мекарданд. Ин бор агар ба деҳа равам, Маҳгулро хабар надеҳ. Бигзор бо ҳамон ҷомадон мисли як шаҳрнишин ба пойтахт биёям» …

Субҳ, ки акнун чакидани оби халта бароям муҳим набуд, халтаро даруни сумка гузоштаму сӯи хонаи писари Маҳгул роҳ пеш гирифтам ва гуфтам дар баргашт номаи модарро даруни покат гузошта, ба сандуқи пуст меандозам.

Ба хонаи ҳамдеҳаамон расидам, ки сари суфра бо зану писараш машғули тановули субҳона буд. Рӯи пӯсти куҳнаи гӯсфанд менишаст. Ин пӯст савғои модараш буд. Шунида будам яке аз ҳамдеҳагон ба хонааш меояду ба гумони инки рӯи мублу диван менишинад, рӯи ҳамин пӯстак нишастааст. Оғӯшам гирифту халтаю нонҳоро ба дасташ додам. Шумо намедонед чи қадар аз гирифтани мазоргузашти модар шод буд. Аввал гӯшаҳои дастархонро бӯй кашид, ки дастони модараш ба он расидаанд ва сипас нонҳоро бӯйиду бӯсид ва аз тамошояшон серӣ надошт. Дидам аз дидааш ашк равон шуд, мисли чакидани қатраҳои оби чакка. Рӯямро баргардондам, ки ашкашро набинам. «Ин очаи меҳрубон ҳанӯз ҳам дар фикри ман аст. Э хок бар сари мусофирӣ, ки аз дидораш сер нестам. Саломатиаш хуб аст, чи аҳвол дорад» – мегуфту суолборонам кард. Нонҳоро гӯӣ ганҷи тилло ёфта бошад, тӯтиё мекард. Халтаро боз карду ангушт бар чакка бурду лесид ва гуфт: «Баҳ-баҳ, ин аз Биҳишт омадаааст, бӯю маззаашро бин!»

Аз моҷарои халта чизе нагуфтам. Насибае гирифтаму «кор дорам» – гуфтаму зуд бархестам. Берун омадам, ки аз тарафи Ҳисор боди мусоиди тобистонӣ мевазид. Нафаси амиқе кашидаму ашкҳои писари Маҳгул пеши назарам омаду тамоми хастагии роҳ, миннату сарзанишҳоро фаромӯш кардам. Номаро пора намудам ва ба ҷӯи пуроби канори роҳ андохтам.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғунчаи хобидаро бедор кардӣ…
Толибон: Ба озодии комили расонаҳо таъкид дорем

Матолиби пурбоздид