“Марги қу”
Меҳди Ҳамидии Шерозӣ
Шанидам, ки чун қуи зебо бимирад,
Фиребанда зоду фиребо бимирад.
Шаби марг танхо нишинад ба мавҷе,
Равад гушаи дуру танхо бимирад.
Дар он гуша чандон ғазал хонад он шаб,
Ки худ дар миёни ғазалҳо бимирад.
Гуруҳе бар онанд к-ин мурғи шайдо,
Куҷо ошиқӣ кард, он ҷо бимирад.
Шаби марг, аз бим он ҷо шитобад,
Ки аз марг ғофил шавад то бимирад.
Ман ин нукта гирам, ки бовар накардам,
Надидам, ки қуйе ба саҳро бимирад.
Чу рузе зи оғуши дарё баромад,
Шабе ҳам дар оғуши дарё бимирад.
Ту дарёи ман будӣ оғуш во кун,
Ки мехоҳад ин қуи зебо бимирад.