Маскав: Агар НАТО душманиро канор нагузорад, таслиҳоти атомии Русия дар Белорус мемонад

Маскав: Агар НАТО душманиро канор нагузорад, таслиҳоти атомии Русия дар Белорус мемонад

Ахбори байналмилал

Яке аз мақомоти аршади Вазорати хориҷаи Русия ҳушдор дод, то замоне ки НАТО ва Амрико сиёсати тазъифи Русияро канорнагузоранд, таслиҳоти атомии Маскав дар Белорус боқӣ мемонад.

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия дар миёнаҳои июн (моҳи гузаштаи мелодӣ) таъкид намуд, ки Маскав аввалин бахш аз зародхонаи атомии худро ба Белорус мунтақил кардасст ва то поёни соли ҷории мелодӣ, интиқоли таслиҳоти атомии токтикӣ ба Белорус такмил хоҳад шуд.

Маскав эълом кардааст, ки хуруҷи таслиҳоти атомии токтикии Русия аз Белорус танҳо замоне рух хоҳад дод, ки Амрико ва НАТО сиёсати тазъифи Русия ва Белорусро раҳо кунанд; ин ба ин маъност, ки тамоми таслиҳоти атомии Амрико ба қаламрави ИМА мунтақил гардад ва зерсохтҳои он дар Аврупо нобуд карда шавад.

Инчунин эҳсос мешавад, аз авохири соли гузашта, тамриноти низомии муштарак ва сафарҳои мақомоти аршади Русия ба Белорус ин гумоназаниро эҷод кардааст, ки мумкин аст, Белорус расман ба даргирии низомии Русия алайҳи Украина бипайвандад. Бо ин ҳол, Лукошенко мураттабан чунин қасдеро рад кардааст, аммо гуфтааст, Белорус ба ҳар гуна ҳамла ба хокаш ё талош барои эҷоди нооромӣ дар он посух хоҳад дод.

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи Ишроқ
Созмони Милал қатъномаи муқобила бо нафратпарокании мазҳабиро тасвиб намуд

Матолиби пурбоздид