Тирандозӣ ва ҳамла ба шаҳри Ромуллоҳи Фаластин

Тирандозӣ ва ҳамла ба шаҳри Ромуллоҳи Фаластин

Ахбори байналмилал

Дар шаҳри Ромуллоҳ, бар асари тирандозии нируҳои исроилӣ, шонздаҳ нафар фаластинӣ, аз ҷумла чанд рӯзноманигор захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, тирандозии нируҳои низомии исроилӣ ба самти ғайринизомиён будааст.

Ин тирандозӣ, ки аз тирҳои ҷангӣ истифода шудааст, ба самти садҳо нафар фаластинӣ анҷом гирифта ва 16 фаластинӣ, аз ҷумла чанд рӯзноманигор захмӣ шудаанд.

Дар ин ҳамалот даҳҳо фаластинӣ низ бар асари партоби норинҷакҳои дорои газ дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳр дучори хафагӣ шудаанд. Ҳамчунин низомиёни исроилӣ дар ин ҳамалот, манзили Ислом Фаррух – асири фаластиниро ҳам дар бахши қадимии шаҳри Ромуллоҳ муҳосира намуда онро хароб кардаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қисматҳое аз “Рисолаи сиёсат”-и Ибни Сино – II
Мақоми амрикоӣ: Ҷанги Украина аз даҳ сол пеш тадорук дида шудааст

Матолиби пурбоздид