Масъалаи шинохт
Бахши аввал
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Пешгуфтор
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Мавзӯи баҳси мо “масъалаи шинохт аз назари Қуръон” аст. Масъалаи шинохт ё назарияи шинохт ва ба таъбири уламои имрӯзи арабизабон “назарият-ул-маърифа” (epistemología = эпистемология) имрӯз аҳаммияти фавқулъодае пайдо кардааст ва камтар масъалае ба андозаи масоили марбут ба масъалаи шинохт, имрӯз муҳим шинохта мешавад. Чаро?
Аввал ман бояд иллати аҳаммияти ин масъаларо баён кунам, баъд вориди худи масъала шавам. Имрӯз фалсафаҳои иҷтимоӣ, мактабҳо, идеологияҳо ва “-изм”-ҳо аҳаммияти фавқулъодае пайдо кардааст ва ҳар касе, ки мехоҳад навъе тафаккур дошта бошад ва зиндагии худашро бар асоси як мантиқ мунтабиқ карда бошад, дам аз мактаб ва идеология мезанад. Мактабҳо ва идеологияҳо ва “-изм”-ҳо имрӯз бо якдигар дар набард ва ситез ҳастанд, ҳар мактабе барои худ ҳомӣ мехоҳад ва ба ҳимояти ҳомиёни худаш бармехезад.
Ҷанги афкору ақоид ҳамеша дар дунё будааст, вале дар даврони собиқ чун ғолибан афкору ақоид дар атрофи масоили назарии маҳз буд, аз миёни хавосс, он ҳам хоссулхоссҳо таҷовуз намекард, вале имрӯз чун фалсафаҳои иҷтимоӣ по ба майдон гузоштаанд, бозори ҷанги ақоид, яъне ҷанги мактабҳо ва идеологияҳо ва “-изм”-ҳо доғтар ва гармтар аст.
Робитаи идеология ва ҷаҳонбинӣ
Чаро идеологияҳо бо якдигар мутафовитанд? Чаро як фард ё як гурӯҳ аз як идеология дифоъ мекунад ва фард ё гурӯҳи дигар аз идеология дигар? Агар аз шахсе, ки ба як идеология мӯътақид аст бипурсед, ки чаро ту ба ин идеология пайвастӣ ва ба он дигаре напайвастӣ, мебинед фавран масъалаи дигареро матраҳ мекунад ва он масъалаи ҷаҳонбинӣ аст. Идеологияҳо ва мактабҳо зодаи ҷаҳонбиниҳо ҳастанд. Такягоҳи идеологияҳо ҷаҳонбиниҳо ҳастанд. Ҷаҳонбинӣ яъне навъи бардошт, тафсир ва навъи таҳлиле, ки як инсон дар бораи ҳастӣ ва ҷаҳон ва дар бораи инсон ва ҷомеа ва таърих дорад.
Афрод ва гурӯҳҳо ҷаҳонбиниҳояшон мухталиф аст, яъне як гурӯҳ ҷаҳонро як гуна тафсир мекунад ва гурӯҳи дигар ба гунаи дигар. Агар ҷаҳонбинӣ мухталиф бошад, идеология мухталиф аст, чун такягоҳ ва пояе, ки идеология аз ҷанбаи фикрӣ бар он устувор аст ҷаҳонбинӣ аст, зеро идеология яъне мактабе, ки “боядҳо ва набояд”-ҳоро мушаххас мекунад; мактабе, ки инсонро ба як ҳадафе даъват мекунад ва барои расидан ба он ҳадаф роҳе ироа медиҳад. Идеология мегӯяд: чӣ гуна бояд буд, чӣ гуна бояд зист, чӣ гуна бояд шуд, чӣ гуна бояд сохт, яъне худро чӣ гуна бояд бисозем, тибқи чӣ улгуе бояд бисозем, ҷомеаи худамонро чӣ гуна бояд бисозем. Идеология ба ин умур посух медиҳад, мегӯяд: инчунин бош, инчунин зиндагӣ кун, инчунин бишав, инчунин худро бисоз, инчунин ҷомеаи худро бисоз.
Инҳо ҳама “чаро” дорад; ту мегӯӣ инчунин бош, чаро бояд инчунин бошам ва ончунон набошам? Мегӯӣ инчунин зиндагӣ кун, чаро инчунин зиндагӣ кунам? Чаро ончунон зиндагӣ накунам? Мегӯӣ инчунин бишав, инчунин худро бисоз, инчунин ҳадаф интихоб кун. Ин чароҳоро “ҷаҳонбинӣ” посух медиҳад, мегӯяд: вақте ман мегӯям инчунин бош, чун ҳастӣ инчунин аст, сохтмони ҷаҳон инчунин аст, инсон чунин мавҷуде аст, ҷомеа чунин ҳақиқат ва моҳияте дорад, чунин қонунҳо ва сунане дорад, равони инсон чунин ҳувият ва чунин қонунҳо ва сунане дорад, ҷаҳон инчунин ё ончунон аст. Ҷаҳонбинӣ ба мо хабар медиҳад аз (ин ки) чӣ ҳаст, чӣ нест, чӣ қонуне бар ҷаҳон ва бар инсон ҳоким аст, чӣ қонуне бар ҷомеа ҳоким аст, ҳаракатҳо ба сӯи чӣ ҷиҳате аст, табиат чӣ гуна ҳаракат дорад ва аслан ҳастӣ чист.
Ҳар тавр, ки мо дар мавриди ҷаҳонбинӣ фикр кунем, ночор идеологияи мо тобеъи ҷаҳонбинии мо хоҳад буд. Масалан, имкон надорад, ки инсон ҷаҳонро моддаи маҳз бидонад ва инсонро моддии маҳз, вале барои зиндагӣ дар ҷаҳони ҷовид ҳам фикр кунад, ки агар мехоҳӣ саодати ҷовид дошта бошӣ, чунину чунон бош; дигар саодати ҷовиде дар кор нест. Ин аст, ки мегӯянд, идеология зодаи ҷаҳонбинӣ аст. Ҷаҳонбинӣ ба манзилаи зербинои фикр аст ва идеология ба манзилаи рӯбно. Яъне дар як дастгоҳи фикру андеша, ҷаҳонбинӣ ҳукми табақаи зерин ва идеология ҳукми табақаи рӯинро дорад, ки бар асоси он ва бино бар иқтизооти он сохта шудааст. Агар бихоҳем ба таъбири уламои қадими худамон баён кунем, бояд ин тавр бигӯем, ки идеология ҳикмати амалӣ аст ва ҷаҳонбинӣ ҳикмати назарӣ; ҳикмати амалӣ зодаи ҳикмати назарӣ аст, на ҳикмати назарӣ зодаи ҳикмати амалӣ.
Решаи ихтилофи ҷаҳонбиниҳо
Пас то инҷо ба ин натиҷа расидем, ки идеология зодаи ҷаҳонбинӣ аст. Инҷо фавран як суоли дигар матраҳ мешавад: чаро ҷаҳонбиниҳо мухталиф аст? Чаро яке моддӣ фикр мекунад ва дигаре илоҳӣ? Яке як пора истидлолот ва далоил тартиб медиҳад ва он ҷаҳонбиниро натиҷагирӣ мекунад ва дигаре далоили дигаре тартиб медиҳад ва ҷаҳонбинии дигареро натиҷагирӣ мекунад?
Ҷавоб ин аст, ки ӯ ҷаҳонро ба гунае мешиносад ва ин ба гунаи дигар, шинохти ӯ аз ҷаҳон ин гуна аст ва шинохти ин аз ҷаҳон ба гунаи дигар; ва намешавад ҳам шинохти ин саҳеҳ бошад ва ҳам шинохти он; аз ин ду лоақал яке иштибоҳ аст ва яке саҳеҳ. Ҳамин ҷост, ки масъалаи шинохти саҳеҳ ва шинохти ғалат матраҳ мешавад. Пас, аввал биравем суроғи масъалаи шинохт ва бибинем, ки шинохти саҳеҳ чӣ шинохтӣ аст; яъне қабл аз он ки биравем суроғи ҷаҳон ва бигӯем ҷаҳон ин гуна аст ё он гуна ва қабл аз он ки биравем суроғи идеология ва бигӯем ин идеология саҳеҳ аст ё он идеология, бояд биравем суроғи шинохт, бибинем кадом шинохт саҳеҳ аст ва кадом ғалат ва аслан шинохти саҳеҳ яъне чӣ ва шинохти ғалат яъне чӣ.
Аҳаммият ва қидмати масъалаи шинохт
Дунё, дунёи мактаб ва идеология аст. Мактаб ва идеология бар пояи ҷаҳонбинӣ аст ва ҷаҳонбинӣ бар пояи шинохт. Аз инҷо инсон ба аҳаммияти масъалаи шинохт пай мебарад. Он ки идеологияаш масалан бар асоси ҷаҳонбинии моддӣ аст, ҷаҳонбинии моддиаш бар асоси назарияи хоссе дар боби шинохт аст. Он дигаре идеология дигаре дорад бар асоси ҷаҳонбинии дигаре ва он ҷаҳонбинӣ бар асоси назарияе аст, ки дар боби шинохт дорад. Ин аст, ки мо қабл аз баҳс дар бораи идеологияҳо, мактабҳо ва ҷаҳонбиниҳо, бояд таклифи масъалаи шинохтро равшан кунем.
Арз кардам, ба он андоза, ки имрӯз ин масъала аҳаммият пайдо кардааст, дар ҷаҳони дирӯз ба аҳаммияти ин масъала пай набурда буданд. Вале масъалаи шинохт як масъалаи бисёр қадимӣ аст ва беш аз ду ҳазор сол аз умри он мегузарад. Дар фалсафа ва ҳикмати исломӣ, мо бобе таҳти унвони “назариятул-маърифа” яъне “назарияи шинохт” надорем, вале ағлаби масоиле, ки дар боби шинохт матраҳ аст, ба таври мутафарриқа дар масоили марбут ба илм ва идрок ва ақл ва маъқул, масоили марбут ба вуҷуди зеҳнӣ ва масоили марбут ба нафс ва кайфиёти нафсонӣ матраҳ шудааст. Бинобар ин аз қадим ба аҳаммияти ин масъала каму беш пай барда буданд, вале имрӯз фалсафаҳои дунёи ҷадид бештар ва бештар дар атрофи назарияи шинохт давр мезанад.
Мо намехоҳем ҳамаи масоили марбут ба шинохтро матраҳ кунем, зарурат ҳам надорад, лоақал масоили муҳиммашро тарҳ мекунем.
* * *
Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ
Идома дорад…
Паойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Паойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн