Баски дар торих ҷавраш кардаӣ…

Адаб
Баски дар торих ҷавраш кардаӣ…
Пайрави Иқбол
Баски дар торих ҷавраш кардаӣ,
Беш аз ин таҳқиру озораш макун.
Фахри ин миллат рабудӣ лоақал…
Ин замон маҳкум ба террораш макун.
Оташе аз к-аз дигарон афрӯхтем.
Худ дар он сӯхтему худро сохтем.
Аз барои эътимоди дигарон,
Эътибори хештанро бохтем.
Мушкиле моро агар бошад кунун,
Гуфтанд имрӯзу фардо бигзарад.
То ба кай дар чархи гардун ҳар бадӣ..
Бигзарад гар бар сари мо бигзарад.
Кӯш дар меҳан, ки моро зиндагӣ,
Дар назар маънии нав пайдо кунад.
То ба кай гар аблаҳе созад ғалат…
Ҷумла чашми хеш сӯйи мо кунад.
Пайрави Иқбол

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мушкили Ғазза ин аст!
Дармон

Матолиби пурбоздид