Масъулин ё мақомот?
Як савол ҷиҳати тааммул
“Мақомот” ва “масъулин” ду мафҳум аст:
Масъул касест, ки аз ӯ пурсида мешавад; аз ӯ мепурсанд, талаб мекунанд.
Ӯ мавриди суол қарор мегирад ва бояд посух диҳад.
Масъул будан, яъне посухгӯ будан аст.
Масъул дар баробари мардум вазифа дорад.
Тааҳҳуд дорад.
Масъул – ходими миллат аст.
Аммо мақомот…
Мақомот – ба маънои касест, ки соҳиби мақом аст.
Яъне ман барои вай ҷойгоҳи баландтар аз худам тасавур мекунам ва табиатан ба худам ин иҷозаро намедиҳам, ки аз ӯ чизеро бипурсам ва ӯро мавриди суол қарор диҳам.
Ӯро муваззаф ба посухгӯӣ намедонам.
Ӯ мақомдор асту соҳибмақом. Аз зумраи мақомот аст.
Ӯ ҳам худро ходими миллат намедонад. Балки бовараш шуда, касест, болотар аз мардум ва миллат аст. Ходими миллат нест.
Қаламонлайн