Масъули аршади Ҳизбуллоҳ: Ҳизбуллоҳ нисбат ба гузашта қавитар шудааст
Ахбори байналмилал
Вафиқ Сафо, масъули ҳамоҳангкунанда ва иртибототи Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар маҳалли шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ дар зоҳияи Бейрут, барои аввалин бор нишасти матбуотӣ баргузор кард.
Ба гузориши Алмаёдин, Вафиқ Сафо, ки пештар режими саҳюнистӣ муддаии терури вай шуда буд, имрӯз иқдом ба боздид аз зоҳияи ҷанубии Бейрут ва макони шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ кард.
Ин масъули аршади муқовамати Лубнон хотирнишон кард: “Ҳизбуллоҳ барои ҳамаи иттифоқот омода аст ва ба ҳама итминон медиҳем, ки аслан нигарон набошанд. Қудрати Ҳизбуллоҳ эҳё шуда ва тавоноии муқобила бо ҳар таҷовузеро ба ҳар шакле, ки муносиб бидонад, дорад.”
Вай бо эъломи ин ки маросими ташйеи пайкари шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ баъд аз поёни давраи 60 рӯзаи оташбас анҷом хоҳад шуд, эълом кард, ки муқовамат нисбат ба гузашта қавитар ҳам шуда ва барои ҳар гуна таҳаввуле дар оянда омода аст.
Қаламонлайн