Масҷиди Баҳлул

Адаб
Масҷиди Баҳлул
Танз
Мегӯянд: масҷиде месохтанд, Баҳлул сар расид ва пурсид:
— Чӣ мекунед?
Гуфтанд:
— Масҷид месозем.
Гуфт:
— Барои чӣ?
Посух доданд:
— Барои чӣ надорад, барои ризои Худо.
Баҳлул хост мизони ихлоси бониёни хайрро ба худашон бифаҳмонад. Маҳрамона суфориш дод, санге тарошиданд ва рӯйи он навиштанд: “Масҷиди Баҳлул”. Шабона онро болои дари масҷид насб кард.
Созандагони масҷид рӯзи баъд омаданд ва диданд болои дари масҷид навишта шудааст: “Масҷиди Баҳлул”, нороҳат шуданд. Баҳлулро пайдо карда, ба боди кутак гирифтанд, ки заҳамоти дигаронро ба номи худат қаламдод мекунӣ?! Баҳлул гуфт:
— Магар шумо нагуфтед, ки масҷидро барои Худо сохтаем. Фаразан, мардум иштибоҳ кунанд ва гумон кунанд, ки ман масҷидро сохтаам, Худо, ки иштибоҳ намекунад.
(Ба нақл аз китоби “Адли илоҳӣ”)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Устод Айнӣ бузург буд ва ҳамин гуна хоҳад монд…
Рисолаи Қушайрия

Матолиби пурбоздид