Маъбаде ба номи Instagram

Фарҳанг

Маъбаде ба номи Instagram

Дини диҷитол; мӯъмини алгоритм ва парастиши лойк дар маъбади Instagram

Мақолае дар асри Эрон

Солҳост дар бораи Instagram ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфҳои сатҳӣ ва такрорӣ мешунавем; аз блогерӣ гирифта то селебритӣ (ситора) шудан, ҷамъ кардани follower (таъқибкунанда) ва расидан ба даромад. Аммо ҳамаи инҳо фақат пӯстаи равшани моҷарост.

Зери ин сатҳ, лояе пинҳон вуҷуд дорад, ки камтар дар борааш ҳарф задаем; лояе, ки на саргармкунанда аст ва на бехатар: динҳои диҷитол. “Дин” фақат ба динҳои суннатӣ ва Худопарастӣ маҳдуд нест; ҳар созукоре, ки маъно бисозад, муршид тавлид кунад, маносик дошта бошад ва ваъдаи растгорӣ бидиҳад, коркарде динӣ пайдо мекунад.

Мо ҳар рӯз вориди Instagram мешавем, scroll мекунем (болову пойин меравем), лойк мезанем ва аз сафҳае ба сафҳае дигар меравем, бидуни ин ки мутаваҷҷеҳ бошем ҳамин рафторҳои оддӣ, ба тадриҷ навъе “бовар”-и тозаро шакл медиҳад. Дар канори мо, ки дунболи саргармӣ ё зебоӣ ҳастем, гурӯҳе бузург машғули сохтани динҳои кучаки шахсианд; динҳое бидуни маъбад ва бидуни китоби муқаддас, ки танҳо бо як сафҳа ва як дурбини равшан, эътибор пайдо мекунанд.

Ҳатто вожаи follower низ беаҳаммият нест; аз ҳамон ибтидо робитаи ҳидоят ва пайравиро таъриф мекунад. Дунбол кардан дар зоҳир содда аст, аммо дар амал маҷмӯае аз ниёзҳо ва тарсҳоро фаъол мекунад: ниёз ба таъаллуқ, майл ба таъйид, тарс аз ҷо мондан ва орзуи табдил шудан ба нусхае беҳтар аз он чи ҳастем. Ҳамин нуқта, ҳамон лаҳзаест, ки дини диҷитол реша мегирад.

Дар ин фазо ҳар касе, ки чанд ҷумлаи қисор балад бошад, каме қотеъ ҳарф бизанад ё чеҳрае ҷиддитар дошта бошад, метавонад ба “муршид” табдил шавад; муршиде, ки аз дили алгоритм зода мешавад, на аз дили таҷриба.

Кофист ибороте мисли “огоҳӣ”, “шифо”, “муваффақият” ё “тамаркуз”-ро ҷустуҷӯ кунед, то бо сафаҳоте мувоҷеҳ шавед, ки бештар шабеҳи ойинҳои мудернанд, то сафаҳоти омӯзишӣ; чеҳраҳое хира ба уфуқҳои дурдаст, ҷумалоти қолибӣ, пешгӯиҳои гунг ва давраҳое, ки нусхаи ниҳоии растгорӣ муаррифӣ мешаванд.

Ин динҳои диҷитол китоби муқаддас надоранд, аммо забони махсус доранд; забоне, ки шакли имрӯзии ҳамон адабиёти ойинҳои қадимӣ аст. Забони дугонасозии мудовим, ҷойе, ки “огоҳҳо” дар баробари “манфиҳо” қарор мегиранд. Забоне, ки ҳар нақдро “энержии бад” меномад ва ҳар пурсишеро “тарс”, “ҳасодат” ё “қатъи ҷараёни рушд”.

Ҷумалоти мубҳаме мисли “чизе дар роҳ аст” ё “агар инро тарк кунӣ, рушд намекунӣ” ҳамон нақши ҳушдорҳо ва ваъдаҳои диниро бозӣ мекунанд, фақат дар пӯшише шиктар ва нармтар.

Ин ойинҳо маъмулан бо вожаҳои қашанг шурӯъ мешаванд: оромиш, саломатӣ, огоҳӣ ё сабки зиндагӣ. Аммо масирашон хеле зуд аз омӯзиш ба итоат мерасад. Ҳалқае баста шакл мегирад, ки дар он, хуруҷ навъе хиёнат маҳсуб мешавад ва нақд беэҳтиромӣ. Ҳамвора як давраи ҷадид, як бастаи тоза ё як маҳсул барои “марҳилаи баъд” вуҷуд дорад; ҳамон марҳилае, ки ҳеч вақт намерасад.

Дар ин миён алгоритмҳо, зебоӣ, ахлоқ, бадан, сабки зиндагӣ ва ҳатто нисбати мо бо худамонро бозтаъриф мекунанд. Follower ва лойк табдил ба подошҳои муқаддас шудаанд; алгоритм қонунгузори аслӣ аст ва корбароне, ки мутобиқи хостаҳои он худро бозтарроҳӣ мекунанд, пайравони ин ойинанд. Дини ҷадид инсонро ташвиқ мекунад нусхае зеботар ва ҷаззобтар аз худ тавлид кунад; нусхае, ки шояд бо ҳақиқат фосила дошта бошад, аммо бо хостаҳои алгоритм ҳамоҳангтар аст.

Абзорҳои edit ва филтерҳои диҷитол табдил ба маносики рӯзона шудаанд; ҳар кас бояд тасвире бисозад, ки “мавриди қабул” бошад, на лузуман воқеӣ. Ин дин ба ҷойи асолат ва рушди дарунӣ, ба мо мегуяд: “Он гуна бош, ки алгоритм меписандад.”

Ҳар дин барои тадовуми худ се унсур лозим дорад: таълимот, маносик ва ваъдаи растгорӣ. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар серо бозтавлид кардаанд. Таълимот ҳамон feed (бозхӯрд)-ҳо, ривоятҳо ва тавсияҳоенд, ки мегӯянд, чӣ хуб аст ва чӣ бад, чӣ чизеро бояд бихарӣ ва чӣ касе бояд бошӣ. Маносик ҳамон scroll кардани рӯзона, чек кардани notification (иттилоърасонӣ)-ҳо ва сохтани person (шахсият)-и онлайн аст. Ва ваъдаи растгорӣ ҳамон ҷумлаи пинҳонии алгоритм аст: “Бигзор зиндагиатро беҳтар кунам; фақат додаҳоятро бидеҳ.” Ин дини ҷадид на паёмбар дорад ва на ваҳй; паёмбараш дода аст ва ваҳйаш пешниҳодҳои шахсисозӣ шуда.

Дар дини диҷитол, руъёфурӯшӣ соддатарин ва судовартарин ойин аст; ойине, ки бо сатҳитарин ва дамидаститарин ҷумалот анҷом мешавад. Ҷумлаҳое, ки на умқ доранд, на хирад, аммо шабеҳи вирдҳои муқаддас, ҳар рӯз миллионҳо бор такрор мешаванд: “Ба худат имон дошта бош”, “ту метавонӣ”, “кофист бихоҳӣ”, “зиндагӣ ҳамин аст, ки месозӣ”.

Ҷумалоте, ки ибтидо ангезабахш ба назар мерасанд, аммо дар воқеъ меконизме барои тавлиди ризояти зоҳирӣ ҳастанд; навъе мусаккини маънавӣ, ки низоми шабакаи иҷтимоиро тағзия мекунад, на инсонро. Руъё дар ин сохтор на як масир, балки як “маҳсул” аст; маҳсуле, ки бо камтарин муҳтаво ва бештарин эҳсос фурӯхта мешавад.

Ва корбарон, ҳамчун мӯъминоне умедвор, ҳар рӯз ин ҷумлаҳои холиро лойк мекунанд, шояд, ки рӯзе имонашон ба воқеият табдил шавад. Ин мавзӯъот муштарӣ доранд, чун ҷомеаи воқеӣ дигар он пайвандҳои қадимиро надорад ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо халқи маъноҳои маснуъӣ ҷойи холии онро пур мекунанд.

Бузургтарин хатар аз ҷойе шурӯъ мешавад, ки гуфтугӯ хомӯш шавад. Ҳар дин замоне хатарнок мешавад, ки пурсидан мамнӯъ бошад; ва Instagram ҳам ҳамин мамнӯъиятро бо нусхае нарм иҷро мекунад. На бо бастани коментҳо, балки бо созукоре, ки садои мухолифро камасар мекунад: алгоритме, ки таъйидро бештар аз интиқод намоиш медиҳад; корбароне, ки бо reply (посух) ва report (гузориш) садои мунтақидро пасмезананд; ва фазое, ки мухолифатро пурҳазина ва сукутро бе дарди сар мекунад.

Дар чунин муҳите, одамҳо кам-кам худсонсуриро ба пурсидан тарҷеҳ медиҳанд. Вақте ҳеч кас ҷуръати суол кардан надорад, роҳи хуруҷ баста мешавад. Сукут, ки ҳоким шавад, имони диҷитол комил мешавад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дигар фақат абзори иртибот нестанд; онҳо боварҳо ва арзишҳои моро бозтаъриф мекунанд. Ояндаи ин дини диҷитол пур аз пурсиш аст. Ҳуши маснуъӣ ҳар рӯз дақиқтар рафтор ва боварҳои моро таҳлил мекунад ва мумкин аст масири боварҳо ва арзишҳоро ба шаклҳое, ки ҳатто намедонем, рақам бизанад.

Дар маъбади диҷитоли имрӯз, боварҳо бо алгоритмҳо шакл мегиранд ва арзишҳо бо намоиш санҷида мешаванд; ва он чи боқӣ мемонад, фаҳми ин нукта аст, ки мо ҳанӯз фикр мекунем интихоб мекунем, аммо ҳар рӯз, бехабар дар маносики ин дини диҷитол ширкат мекунем.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хушахлоқӣ
Когда корона оказалась велика

Матолиби пурбоздид