Маънои ҳиҷрат

Маънои ҳиҷрат

Нигоҳе ба ҳиҷрат аз зовияи дигар

“Ислом ҳиҷратро дар зиндагии инсонҳо як асл медонад. Маънояш чист? Эҳё ва парвариши шахсияти инсон, мубориза бо яке аз асоситарини омилҳои забунӣ ва асорати инсон: эй инсон! Асири муҳите, ки дар он мутаваллид шудаӣ набош, асири хишту гил набош. Инсон бояд барои худ ин миқдор озодӣ ва ҳуррият ва истиқлол қоил бошад, ки на худро асиру забуни минтақа ва обу гил кунад ва на асиру забуни одоту урфиёт ва ахлоқи зиште, ки муҳит ба ӯ таҳмил кардааст бошад.

Муҳоҷир касе аст, ки битавонад аз сайиот, бадиҳо, палидиҳо, зиштиҳо ва сифоти бад ҷудо шавад. Ҳиҷрат яъне ҷудо шудан аз зиштиҳое, ки бар инсон иҳота пайдо карда, озод кардани худ аз палидиҳои моддӣ ва маънавӣ, ки бар инсон иҳота пайдо кардааст. Пас, натиҷа мегирем, ки ҳиҷрат, худ як омили тарбиятӣ аст…

Инсон ба як чизҳое одат пайдо мекунад. Урфи ҷомеа барои ӯ як асл мешавад ва як одати ҷисмӣ ё руҳӣ барои ӯ пайдо мешавад. Одати ҷисмӣ, мисли одат ба сигор кашидан. Хеле аз афроде, ки сигор мекашанд, вақте пизишк ба онҳо мегӯяд: сигор накаш, ҷавоб медиҳанд: одат кардаам, наметавонам одатамро тарк кунам, тарки одат мӯҷиби мараз аст!

Ин як ҳарфи муфте аст.

الْمُهاجِرُ مَنْ هَجَرَ السَّیِّئاتِ

Мард он аст, ки битавонад аз он чи, ки ба ӯ часпидааст ҷудо шавад ва ҳиҷрат кунад. Ту агар аз як сигор кашидан натавонӣ ҳиҷрат кунӣ, инсон нестӣ…”

Ҳиҷрат ва ҷиҳод ду чизе ҳастанд, ки агар набошанд, барои инсон ҷуз забунӣ ва асорат чизе боқӣ намемонад. Яъне инсон он вақт ба маънии ҳақиқӣ инсон аст, ки забунии он чи ба ӯ иҳота пайдо карда ва ба ӯ часпидааст ё худаш худро ба он часпонда, набошад. Вагарна агар инсон забуни муҳити моддӣ ва ё забуни муҳити маънавие бошад, ки дар он зист мекунад, инсони озод ба маънии воқеӣ нест, инсони асиру забуну бечора аст…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Озодии маънавӣ)

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамдигарро таҳаммул кунем
Садриддин Айнӣ

Матолиби пурбоздид