Ҳамдигарро таҳаммул кунем

Чорае надорем ҷуз ин ки якдигарро таҳаммул кунем

Бахши аввал

Вуруди шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук дар зиндагии инсонҳо аз ҷумла мо, тоҷикҳо, дар канори хайроти дигараш ва гоҳе бадиҳояш, аммо як хайри бахусусе ҳам дошт, ва он ин ки: одамҳо назару дидгоҳи худро дар масоили гуногун ва он чи меандешандро ба роҳатӣ ва бидуни мулоҳизаи ину он менависанд; ва дар натиҷа, барои инсонҳо ин нукта собит мешавад, ки ҳамагон якгуна набудаанд ва гуногун будаанд; дар андешаҳо, дар мавзеъгириҳо, дар мухолифатҳо, дар мувофиқатҳо ва ғайра. Ва мо бояд ин ҳақиқатро бипазирем. Яъне ин ҳақиқатро, ки ҳамаро ҳамон гуна, ки ҳаст, бипазирем ва ҳамагон мисли мо нестанд; одамҳо мухталифанд. Инро бипазирем.

Албатта, ин ки мегӯям, “ҳамаро бипазирем” на ба ин маъност, ки дар рафтор бо ҳар инсоне, мисли ӯ бишавем ва тибқи ҳаво ва хости ӯ биандешем ва рафтор кунем. На, манзурам ин нест. Ин як навъ нифоқ ва дурӯӣ аст. Ин зишттар ва нописандтар аст. Одам бояд мавзеъ дошта бошад. Одам бояд фикр дошта бошад. Балки манзурам ин аст, ки мо, бо гуногунӣ ва танаввӯъ бисозем ва бо ин ки одамҳо гуногун ва мутанаввеъ будаанд, бисозем. Агар шумо дар як масъала – сиёсӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра – фикре доред ва бо фикри ман дар он масъала муғойир аст ва чи басо зидд ва мухолиф, алайҳи якдигар шамшер накашем; на ман бо шумо душман шавам ва на шумо бо ман. Ҳам шумо маро таҳаммул кунед ва ҳам ман шуморо. Ҳамеша ба фикри ҳамкорӣ дар маҷолҳои дигар бошем. Хеле аз маҷолҳои дигар аст, ки ману шуморо метавонад гирди ҳам оварад ва нуқтаи муштараки ману шумо қарор бигирад; дар айни он ки мо ҳар ду, дар фикр ва мавзеъгириҳои худ, чӣ сиёсӣ ё динӣ ва ё фарҳангӣ ва ғайра, бо ҳам ихтилоф дорем.

Бале, дар ин аср ва ин қарн, мо чорае надорем ҷуз ин ки ин воқеиятро бипазирем; ин воқеиятро, ки дар ин миён, одамҳое ҳастанд, ки ба фикри шумо ва ба мавзеъгирии шумо розӣ нестанд ва мухолифанд ва мисли шумо намеандешанд ва шумо таваққӯъ надошта бош, вай мисли ту бошад.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ман наметавонам бо шумо ҳамсафар шавам!!!
Маънои ҳиҷрат

Матолиби пурбоздид