Мақоми амрикоӣ: Ҳадафи Эрон ихроҷи Амрико аз Ироқ ва Сурия аст!
Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико: “Ҳадафи Эрон ихроҷи Омрико аз Ироқ ва Сурия аст”
Женерол Морк Милӣ (Mark Milley), раиси Ситоди муштараки артиши Амрико тасреҳ кард: “Бар асоси арзёбиҳои иттилоотии Амрико, ҳадафи Эрон берун рондани Амрико аз Ироқ ва Сурия барои табдил шудан ба қудрати бартар дар минтақа аст”.
Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико рӯзи сешанбе (28 марти 2023) ба вақти маҳаллӣ низ дар ҷаласаи истимоъи Кунгураи Амрико муддаӣ шуд: “Эрон метавонад зарфи чанд ҳафта маводди кофӣ барои бомби ҳастаӣ дошта бошад ва метавонад зарфи чанд моҳ як бомби воқеӣ бисозад”.
Ин мақоми низомии амрикоӣ иддао кард: “Эрон иқдомотеро барои тавсиаи тавоноиҳои худ барои тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ анҷом додааст. Агар Эрон силоҳи ҳастаӣ тавлид кунад, чандин гузина барои фармондеҳии Амрико вуҷуд дорад”.
Вай ҳамчунин гуфт: “Чин ва Русия тавоноӣ ва қудрат барои таҳдиди манофеи Амрико доранд, аммо ҷанг бо ин ду кишвар ҳатмӣ ё наздик нест”.
Изҳороти ин мақоми омрикоӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Вилём Бурнз (William Burns), раиси Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) дар гуфтугӯ бо шабакаи ВВС эълом кард, ки Эрон тасмиме барои барномаи таслиҳоти ҳастаӣ надорад.
Вай дар посух ба пурсиши ин шабака дар бораи ин ки оё Эрон тасмиме барои сохти силоҳи ҳастаӣ дорад? – гуфт: “То ҷойе, ки медонем, эътиқоде надорем, ки раҳбарони Теҳрон тасмиме барои аз саргирии барномаи таслиҳотӣ, ки дар поёни соли 2003 таълиқ карда буданд, гирифта бошанд”.
Эрон пас аз имзои Барҷом бо ҳадафи лағви таҳримҳо, ба унвони кишваре масъулиятпазир тааҳҳудоти худро бидуни айбу нақс иҷро кард ва ин масъала дар 16 гузориши Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мавриди таъйид қарор гирифт. Аммо пас аз вуруди Дунолд Тромп ба Кохи Сафед дар январи 2017 ва пас аз чанд иқдоми муқаддамотӣ, ниҳоятан бо иттихози мавозеи муғойир бо муфодди Барҷом, бо хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз он, таҳримҳо алайҳи Эрон бозгардонда шуд.
Давлати демукроти Ҷу Бойден пас аз рӯйи кор омадан дар январи 2021, иқдоми якҷонибаи давлати собиқи ин кишварро барои хуруҷ аз тавофуқи Эрон ва гурӯҳи 1+5 маҳкум кард, аммо то кунун дар баробари ҳар гуна иқдоми мӯътабар барои ҷуброни рафтори нодурусти гузашта кӯтоҳӣ кардааст. Давлати Бойден сиёсатҳои фишори ҳаддиаксарии давлати Дунолд Тромпро дар пеш гирифта ва ба баҳонаи ҳуқуқи башарӣ дар ҳимоят аз нооромиҳо дар Эрон ва ҳамчунин ба баҳонаи иддаои ироаи паҳпод аз сӯи Эрон ба Русия барои бакоргирии дар ҷанги Укройн – ки ҳеч далеле дар ин хусус нест – то кунун таҳримҳоеро ҳамгом бо муттаҳидони ғарбии худ эъмол кардааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн