Эътирози расонаҳои қирғиз ба хотири фишорҳои ҳукумат

Эътирози расонаҳои қирғиз ба хотири фишорҳои ҳукумат

Ахбори минтақа

Расонаҳои озоди қирғиз дар паи масдуд шудани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, эътироз намуданд.

Дар фазои расонаии Қирғизистон, ба хотири фишор ба расонаҳои озод ва мустақил, эътирози густардаеро оғоз гардида, сомонаҳои хабаррасонӣ ва иттилоотӣ, дирӯз, 28-октябр аз соати 9-и субҳ то 12 рӯз, ҳеч гузорише интишор нашудааст.

Гуфта мешавад, ин тасмим, аз ҷониби расонаҳои озоди Қирғизистон дар паи масдуд шудани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ гирифта шудааст.

Дар ин эътирози дастаҷамъӣ, тамоми рӯзноманигорони мустақил, муҳаррирон, ҳомиёни ҳуқуқи башар, блогнависон ва созмонҳои расонаии қирғиз ҳамроҳӣ намуданд.

Ба таъкиди хабаргузории “Kaktus-media”, ки зимни даъват ба ин эътироз навиштааст, ҳамаи ҳамкасбон ва рӯзноманигорон дар ин эътироз мушорикат намоянд, – аз ҷумла омадааст, – дар сурати ҳамроҳӣ накардан, мумкин аст, ин масдуд намуданҳо ва фишорҳо идома пайдо кунад ва барои ҳар кадом аз расонаҳои озод ва мустақил пеш биёяд.

Расонаҳои қирғизӣ дар хитоб ба масъулини давлатӣ, таъкид намудаанд, фишори густарда алайҳи матбуот ва расонаҳои озодро қатъ карда, ба таъқиби рӯзноманигорон, блогерҳо, фаъолони шаҳрвандӣ ва дигар шахсоне, ки озодона андешаи худро баён мекунанд, хотима бахшанд.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамкориҳо ва табодули таҷрибаҳои тиббӣ байни Тоҷикистон ва Эрон
Беш аз 2,5 миллиард кӯмаки ADB ба Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид