Мақоми исроилӣ: Исроил ситораи парчами Амрико нест

Мақоми исроилӣ: Исроил ситораи парчами Амрико нест
Вазири амнияти “Исроил”: “Исроил ситораи парчами Амрико нест!”
Бен Гуир, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, зимни интиқоди шадид аз раиси ҷумҳури Амрико, муддаӣ шуд, ки Телавив аз Вошингтун мустақил аст.
Вокунишҳои кобинаи режими саҳюнистӣ ба изҳороти Ҷу Бойден, раиси ҷумҳури Амрико, ки дар он, хостори канор гузоштани ислоҳоти қазоӣ шуд, ташдид шуда ва асабонияти Бен Гуир, вазири амнияти дохилии Телавивро низ барангехтааст.
Ба гузориши Алҷазира, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ ҳамонанди Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири кобина, аз ин изҳороти Бойден интиқод ва онҳоро мисдоқи “дахолат дар умури дохилии Исроил” тавсиф кардааст.
Бен Гуир ба раиси ҷумҳури Амрико ва рӯйкарди Кохи Сафед дар хусуси таҳаввулоти сарзаминҳои ишғолӣ ҳамла карда ва гуфт: “Онҳо бояд дарк кунанд, ки Исроил як кишвари мустақил аст ва ситораи дигаре дар парчами Иёлоти Муттаҳида нест”.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ахлоқи мӯҳсинӣ
Аҳкоми рӯза – 2

Матолиби пурбоздид