Аҳкоми рӯза – 2

Чӣ касоне метавонанд дар Рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он барояшон воҷиб аст?

Аҳкоми рӯза – 2

Барои беморе, ки беҳбудии вай интизор меравад ва умеди беҳбудӣ дорад ва барои мусофир мубоҳ аст, ки дар Рамазон рӯза нагиранд, вале қазои он бар онҳо воҷиб мебошад. Худованд мефармояд:

ومن كان منكم مريضا أو على سفر فعدة من أيام أخر

“Ва ҳар кас аз шумо дар моҳи Рамазон бемор бошад ё ба мусофират рафт, барои ӯ мубоҳ аст, ки рӯзаи Рамазонро нагирад ва баъд аз моҳи Рамазон ба теъдоди рӯзаҳое, ки нагирифтааст, рӯза бошад ва онҳоро қазо намояд.”

Аҳмад, Абӯдовуд ва Байҳақӣ бо санади саҳеҳ аз Маъоз ривоят кардаанд, ки “Худованд бар Паёмбар (с) рӯзаро фарз намуд ва фармуд:

يأيها الذين آمنوا كتب عليكم الصيام كما كتب على الذين من قبلكم

… то мерасад ба:

وعلى الذين يطيقونه فدية طعام مسكين

… он вақт ҳар кас мехост рӯза мегирифт ва ҳар кас мехост рӯзаро мехӯрд ва ба ҷойи ҳар рӯза мискинеро итъом медод ва ин амал барояш кофӣ буд. Сипас Худованд ояти дигареро нозил фармуд:

شهر رمضان الذي أنزل فيه القرآن

… то ояти:

فمن شهد منكم الشهر فليصمه

… аз он вақт ба баъд, рӯза гирифтан барои касе, ки тандуруст бошад ва мусофир набошад, воҷиб ва собит гардид ва ба бемор ва мусофир иҷоза дода шуд, ки рӯза нагиранд (ва онро баъдан қазо кунанд) ва ба пироне, ки тавоноии рӯза гирифтанро надоранд, ин рухсатро дод, ки ба ҷои ҳар рӯзае як нафар мискинро итъом кунанд.”

Беморие, ки рӯза хӯрданро мубоҳ мекунад, иборат аст аз бемории шадиде, ки рӯза гирифтан мӯҷиби афзоиши он мегардад ё гумон меравад, ки рӯза беҳбудии онро ба таъхир андозад.

Соҳиби Муғнӣ гуфтааст: “Баъзе аз пешиниён гуфтаанд: ҳар навъ беморӣ муҷаввизи рӯзахорӣ аст ҳатто агар дарди дандон ё дарди ангуштон бошад, зеро калимаи мариз омм аст. Ва мусофир барояш мубоҳ аст, ки рӯза нагирад, агарчӣ ниёзе ба он сафар низ надошта бошад. Бинобар ин мутлақи беморӣ ҳам муҷаввизи рӯзахорӣ аст. Ин раъй ба Бухорӣ ва Ато ва Зоҳирия нисбат дода шудааст. Саҳеҳ он аст, ки агар касе ба ҳақиқат нигарон бошад, ки бо рӯза гирифтан бемор мешавад, ҳукми беморро дорад ва метавонад рӯза нагирад ва ҳамчунин касе ки ташнагӣ ва гуруснагӣ бар вай чира шуда ва метарсад, ки ҳалок шавад, бар вай лозим аст, ки рӯзаро бихӯрад ва онро қазо кунад, агарчӣ тандуруст ҳам бошад. Зеро Худованд фармудааст:

ولا تقتلوا أنفسكم إن الله كان بكم رحيما

“Худатонро накушед, бе гумон Худованд нисбат ба шумо бисёр меҳрубон аст.”

وما جعل عليكم في الدين من حرج

“Ва Худо дар умури динӣ шуморо дар тангно қарор надодааст.”

Агар шахси бемор рӯзаро гирифт ва машаққатро таҳаммул кард, рӯзаи вай саҳеҳ мебошад, лекин ба иллати ин ки аз рухсате, ки Худованд дӯст дорад ва ба вай эъто кардааст истифода нанамудааст, макрӯҳ мебошад ва шояд ба вай зиён бирасонад.

Дар замони Паёмбар (с) баъзе аз ёронаш дар он ҳол рӯза мегирифтанд ва баъзе рӯзаро намегирифтанд ва ҳар ду гурӯҳ аз фатвои Паёмбар (с) пайравӣ кардаанд. Ҳамзаи Асламӣ ба Паёмбар (с) гуфт: эй Расули Худо! Ман дар мусофират тавоноии рӯза гирифтанро дар худ мебинам, оё гуноҳ дорад, ки рӯза бошам? Паёмбар (с) гуфт:

هي رخصة من الله تعالى فمن أخذ بها، فحسن، ومن أحب أن يصوم فلا جناح عليه

“Ин як рухсат аст аз ҷониби Худованд, ҳар кас ба он амал кард, нек кардааст, ва ҳар кас хост, ки рӯза бигирад, бар вай гуноҳе нест.” Ба ривояти Муслим.

Ва аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят аст: “Ҳамроҳи Паёмбар (с) ба Макка сафар карда будем, дар ҳоле ки мо рӯза будем ва дар манзиле фуруд омадем. Паёмбар (с) гуфт: “Шумо ба душман наздик шудаед ва рӯзаро бихӯред, шуморо нерӯманд нигаҳ медорад“. Ин сухани Паёмбар (с) барои мо рухсате шуд, бинобар ин баъзе аз мо рӯза буданд ва баъзе аз мо рӯзаро хӯрданд. Сипас дар манзили дигаре фуруд омадем, Паёмбар (с) гуфт: “Шумо бар душман ҳамла мекунед ва шабро бар он ба рӯз меоваред ва рӯза нагирифтан шуморо нерӯмандтар мекунад, пас рӯза нагиред.” Ин сухани Паёмбар (с) ҳукм буд ва дигар рухсати рӯза гирифтан боқӣ намонд. Аз ин рӯ ҳамагӣ ифтор кардем. Сипас баъд аз он медидем, ки касоне аз мо ҳамроҳи Паёмбар (с) дар сафар буданд, рӯза мегирифтанд.” Ба ривояти Аҳмад, Муслим ва Абӯдовуд.

Аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят аст, ки гуфт: “Мо дар моҳи Рамазон ҳамроҳи Паёмбар (с) ба ҷанг мерафтем. Баъзе аз мо рӯза мегирифтанд ва баъзе аз мо рӯза намегирифтанд, на рӯзадорон бар рӯзахорон хӯрда мегирифтанд ва на рӯзахорон бар рӯзадорон. Ва раъйи онон бар ин буд, ки ҳар кас битавонад рӯза бигирад, рӯза бошад ва кори хубе аст ва ҳар кас натавонад рӯза бигирад ва дар худ сустӣ ва нотавонӣ эҳсос кунад, рӯза нагирад ва кори хубе аст.” Ба ривояти Аҳмад ва Муслим.

Ва уламо ихтилоф доранд дар ин ки рӯза гирифтан дар сафар беҳтар аст ё рӯза нагирифтан?

Бино ба райъи Абӯҳанифа, Шофеӣ ва Молик барои касе ки битавонад рӯза бигирад, рӯза гирифтан беҳтар аст, ва барои касе ки натавонад рӯза бигирад, рӯза нагирифтан беҳтар аст.

Ва Умар ибни Абулазиз гуфтааст: ҳар кадом барояш осонтар бошад, беҳтар аст. Бинобар ин, касе ки дар сафар рӯза барояш осон аст ва қазои он баъд аз Рамазон барояш душвор бошад, барои ӯ рӯза гирифтан беҳтар аст. Шавконӣ мегӯяд: касе ки рӯза барояш сахт ва душвор ва зиёнманд аст ва касе ки ба амд мехоҳад аз рухсат рӯ бигардонад ва бо он мухолифат кунад ва касе ки бар худ нигарон бошад, ки дар сафар рӯза бигирад мумкин аст дучори худписандӣ ва тазоҳур ва риё гардад, барои ҳамаи ин гуна ашхос рӯза нагирифтан беҳтар аст. Агар ҳеч як аз инҳо матраҳ набошад, рӯза гирифтан беҳтар мебошад. Ҳар гоҳ мусофир шаб ният ва қасди рӯза кард ва ба сафар рафт, дар тайи рӯз ҳар вақт бихоҳад шаръан муҷоз аст, ки ифтор кунад.

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Паёмбар (с) дар соли фатҳи Макка, ба қасди Макка аз Мадина берун шуд ва то ин ки ба чашмаи оби Амим (дар як милии Асфон) расид, рӯза буд ва мардум низ бо вай рӯза буданд. Ба вай арз карданд, ки рӯза мардумро ба машаққат андохта ва мардум ба ту чашм дӯхтаанд. Баъд аз аср буд, ки паймонаи об хостанд ва аз он нӯшиданд ва мардум ба вай менигаристанд. Пас гурӯҳе низ ифтор карданд ва гурӯҳе ҳамчунон рӯза буданд. Ба эшон арз карданд, ки гурӯҳе ҳамчунон рӯза ҳастанд, ӯ фармуд: онон нофармонӣ карда ва гуноҳкоранд.” (Чун Паёмбар (с) ҳукм карда буд, ки аз ин рухсат истифода кунанд ва онон бо он рухсат мухолифат карданд) Ба ривояти Муслим, Насоӣ ва Тирмизӣ, ки ӯ онро саҳеҳ донистааст.

Аммо вақте ки дар ҳини иқомат бидуни ин ки қасди сафар дошта бошад, нияти рӯза кунад, сипас дар тайи рӯз ба сафар равад, бино ба раъйи ҷумҳури уламо, шаръан муҷоз нест рӯзаашро бихӯрад. Вале Имом Аҳмад ва Исҳоқ ӯро муҷоз медонанд, ки ифтор кунад. Чун Тирмизӣ аз Муҳаммад ибни Каъб ривоят карда ва онро ҳасан донистааст, ки ӯ гуфт: “Дар моҳи Рамазон ба назд Анас ибни Молик рафтам, ки ӯ азми сафар дошт ва шутурашро барояш омода карда буданд ва ӯ либоси сафарро пӯшида буд, ӯ таъом ва ғизое хост ва онро хӯрд. Ман ба вай гуфтам: ин амали шумо пайравӣ аз суннати Расули Худост? Ӯ ҷавоб дод: оре, суннат аст. Сипас савор шуд.”

Аз Убайд ибни Ҷубайр ривоят аст, ки гуфт: дар моҳи Рамазон ҳамроҳ бо Абӯбасраи Ғифорӣ аз Фустоти Миср савор бар киштӣ шудам ва киштӣ роҳ афтод. Сипас ӯ ғизои хешро ҷилави худ ниҳод ва гуфт: биё ҷилав, ман гуфтам: магар ҳанӯз дар миёни хонаҳо нестем? Абӯбасра гуфт: магар аз суннати Расули Худо (с) рӯй мегардонӣ?” Ба ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд. Ровиёни он мавсуқ ҳастанд.

Шавконӣ гуфтааст: “Ин ду ҳадис далолат мекунанд бар ин ки мусофир шаръан метавонад пеш аз берун рафтан аз маҳалле, ки қасди сафар дорад, ифтор кунад. Ва Ибни ал-Арабӣ гуфтааст: ҳадиси Анас саҳеҳ аст ва ба муқтазои он, ҳар кас тадоруки сафар дида бошад, муҷоз аст ифтор кунад ва ин сухан дуруст аст.”

Сафаре, ки ба сабаби он ифтор мубоҳ аст, ҳамон сафаре аст, ки мӯҷиби шикаста намоз хондан мебошад. Ва муддати иқомате, ки мусофир метавонад дар он муддат ифтор кунад, ҳамон муддате аст, ки муҷоз аст дар он намозро шикаста бихонад.

Аҳмад, Абӯдовуд, Байҳақӣ ва Таҳовӣ аз Мансури Калбӣ ривоят кардаанд, ки Даҳия ибни Халифа дар моҳи Рамазон аз яке аз деҳоти Димишқ берун рафт ва ба андозаи масофати як фарсах рафт сипас ифтор кард ва мардумоне низ бо вай ифтор карданд. Ва гурӯҳе дӯст надоштанд, ки ифтор кунанд. Ӯ чун ба деҳи худ баргашт, гуфт: ба Худо савганд, имрӯз чизе дидам, ки гумон намекардам онро бибинам. Имрӯз гурӯҳе аз раҳнамуди Паёмбар (с) ва ёрони ӯ эъроз намуданд — мақсудаш касоне буд, ки дар сафар рӯза буданд — сипас гуфт: Худовандо! Маро ба сӯи худ бибар, Худовандо! Маро бимирон! Ҳамаи ровиёни ин ҳадис мавсуқ ҳастанд ба ҷуз Мансури Калбӣ, ки фақат Иҷлӣ ӯро мавсуқ донистааст.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мақоми исроилӣ: Исроил ситораи парчами Амрико нест
Абдусаттор Бобоев: Тамоми талоши худро барои озодии Абдулло анҷом медиҳем

Матолиби пурбоздид