Мақомоти амрикоӣ: Зеленский таҳдиде барои тамоми ҷаҳон аст
Ахбори байналмилал
Як мақоми иттилоотии бознишастаи амрикоӣ изҳор намудааст: Зеленский раиси ҷумҳури Украина, на танҳо таҳдиде барои Украина, балки таҳдиде барои тамоми ҷаҳон аст.
Скотт Риттер мақоми иттилоотии бознишастаи амрикоӣ гуфт: «Мардуми (ҷаҳон) бифаҳманд, ки мо бояд ба таври комил ҳимоят аз Зеленскийро барои муддатҳо пеш мутаваққиф мекардем, чун вай на танҳо боиси нобудии Украина хоҳад шуд, балки мумкин аст ҷаҳонро ба поёни худ наздик кунад».
Риттер инчунин гуфтааст: «Оқилона нест, ки фарз кунем, ҷаҳон ҳамагӣ бар меҳвари Украина мегардад».
Ин мақоми иттилоотии бознишастаи амрикоӣ бо ишора ба мушкилоти нерӯҳои украинӣ, дар поён ёфтани муҳиммоти ҷангӣ, эҳтимоли муқовимати ин нерӯҳо то поёни тобистонро бисёр кам пешбинӣ кард.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн