Мақсад якест

Адаб

 

Мақсад якест

Агар роҳҳо мухталиф аст, аммо мақсад якест

Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” гӯяд:

“Фармуд, ки: ҷониби Туқот (шаҳре дар шимоли шарқии Қуния) мебояд рафтан, ки он тараф гармсер аст. Агарчӣ Антолия гармсер аст, аммо он ҷо ағлаб румиёнанд, сухани моро фаҳм накунанд, агарчӣ дар миёни румиён низ ҳастанд, ки фаҳм мекунанд.

Рӯзе сухан мегуфтам миёни ҷамоате ва миёни эшон ҳам ҷамоате кофирон буданд, дар миёни сухан мегиристанд ва мутазаввиқ (баҳраманд) мешуданд ва ҳолат мекарданд.

Суол кард, ки: эшон чӣ фаҳм кунанд ва чӣ донанд? Ин ҷинс суханро мусалмонони гузида аз ҳазор як фаҳм кунанд, эшон чӣ фаҳм мекарданд, ки мегиристанд?

Фармуд, ки: лозим нест, ки нафси ин суханро фаҳм кунанд, он чӣ асли ин сухан аст, онро фаҳм мекунанд. Охир, ҳама муқирранд ба ягонагии Худо ва ба он ки Худо холиқ аст ва розиқ аст ва дар ҳама мутасарриф ва руҷӯъ ба вай аст ва иқобу афв аз ӯст. (Ва) чун ин суханро шуниданд ва ин сухан васфи Ҳақ аст ва зикри ӯст, пас ҷумларо изтиробу шавқу завқ ҳосил шавад, ки аз ин сухан бӯйи маъшуқ ва матлуби эшон меояд.

Агар роҳҳо мухталиф аст, аммо мақсад якест. Намебинӣ, ки роҳ ба Каъба бисёр аст? Баъзеро роҳ аз Рум аст ва баъзеро аз Шом ва баъзеро аз аҷам ва баъзеро аз Чин ва баъзеро аз роҳи дарё аз тарафи Ҳинду Яман. Пас, агар дар роҳҳо назар кунӣ, ихтилоф азим ва мубойинат (фарқ) беҳадд аст. Аммо чун ба мақсуд назар кунӣ, ҳама муттафиқанд ва ягона, ва ҳамаро дарунҳо ба Каъба муттафиқ аст, ва дарунҳоро ба Каъба иртиботе ва ишқе ва муҳаббате азим аст, ки он ҷо (ҳеҷ) хилоф намегунҷад. Он таъаллуқ, на куфр аст ва на имон, яъне он таъаллуқ машуб (омехта) нест ба он роҳҳои мухталиф, ки гуфтем. (Ва) чун он ҷо расиданд, он мубоҳасаву ҷангу ихтилоф, ки дар роҳҳо мекарданд, ки ин ӯро мегуфт, ки ту ботилӣ ва кофирӣ, ва он дигар инро чунин намояд, аммо чун ба Каъба расиданд, маълум шуд, ки он ҷанг дар роҳҳо буд ва мақсудашон яке буд…” (Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.166-167)

* * *

“Он чӣ асли ин сухан аст, онро фаҳм мекунанд”. Ин мазмун дар Маснавӣ ин гуна омадааст:

Он нидое, к-асли ҳар бонгу навост,

Худ нидо он аст в-ин боқӣ садост.

Турку курду зангу тоҷику араб

Фаҳм карда он нидо бе гӯшу лаб.

Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг?

Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг.

Ҳар даме аз вай ҳамеояд “Аласт”,

Ҷавҳару аъроз мегарданд ҳаст.

Гар намеояд “Бало” з-эшон, вале,

Омаданшон аз адам бошад, бале.

* * *

“Агар роҳҳо мухталиф аст, аммо мақсад якест”. Мавлоно дар Маснавӣ дар ҳикояти мунозиъаи чаҳор нафар, ки забони ядигарро намедонистанд ва ҳамагӣ ангур мехостанд, ҳамин мазмунро овардааст:

Чор касро дод марде як дирам,

Он яке гуфт: Ин ба ангуре диҳам.

Он яке дигар араб буд, гуфт: Ло,

Ман инаб хоҳам на ангур, эй дағо!

Он яке турке буду гуфт: Ин банум,

Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум.

Он яке румӣ бигуфт: Ин қилро

Тарк кун, хоҳем истофилро.

Дар танозуъ он нафар ҷангӣ шуданд,

Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.

Мушт барҳам мезаданд аз аблаҳӣ,

Пур буданд аз ҷаҳлу аз дониш тиҳӣ.

Соҳиби сирре, азизе, садзабон,

Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.

Пас бигуфтӣ ӯ ки ман з-ин як дирам

Орзуи ҷумлатонро медиҳам.

Чунки биспоред дилро бедағал,

Ин дирамтон мекунад чандин амал.

Як дирамтон мешавад чор, алмурод

Чор душман мешавад як з-иттиҳод.

Гуфт: Ҳар яктон диҳад ҷангу фироқ,

Гуфти ман орад шуморо иттифоқ.

Пас шумо хомӯш бошед, инситу,

То забонтон ман шавам дар гуфту гӯ.

Гар сухантон менамояд як намат,

Дар асар мояй низоъ асту сахат…

Istaravshani.com

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пас онгаҳ чӣ фарқ аз санам то Самад?
Ирфон ва тасаввуф ба баёни содда

Матолиби пурбоздид