Маҳалгароён ва такфириҳо
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Ду гурӯҳ ҳастанд, ки агар мо бихоҳем мисли одамҳо зиндагӣ ва аз қофилаи инсоният ақиб намонем, ҷомеаи мо бояд аз лавси вуҷуди ин ду пок бишавад. Яке, маҳалгароён ва дигар, такфириҳо. Ҳоло, ба тафсил роҷеъ ба ҳар як менависам:
1) Маҳалгароён касоне ҳастанд, ки мутаассифона ба умур аз равзанаи маҳаллу минтақаи худ нигоҳ мекунанд ва меъёру милоки ҳама чиз бидуни истисно дар назди онҳо маҳаллу минтақаашон аст. Ба унвони мисол, агар як тоҷик дар ягон соҳа дастоварде касб ва хабараш дар расонаҳо биёяд, нахустин чизе, ки маҳалгаро мепурсад ин аст, ин қаҳрамон аз куҷои Тоҷикистон аст?! Ҳамин ки фаҳмид, аз минтақаи ӯст, гӯши ҳамаро пур мекунад, ки фалонӣ – ки масалан аз Ванҷ аст ё Кӯлоб аст, ки минтақаи ӯст – ҷойи аввалро касб карда ва фахри мо, тоҷикҳост! Аммо агар фаҳмид, ин қаҳрамон аз минтақае дигар аст – масалан аз Хуҷанд аст – кулӯх бар лабонаш мегирад ва чизе намегӯяд, гӯ ин ки хуҷандиҳо тоҷик нестанд.
Маҳалгароёнро шумо дар миёни ҳар қишре дар ҷомеаи мо мебинед, ихтисос ба қишри хоссе надоранд, дар миёни ҳама ҳастанд; аз диндорону рӯзноманигорону устодони донишгоҳ бигир то муаллимону сиёсиҳо ва ғайра. Хулоса, ин мараз ва беморӣ дар миёни ҳамаи ақшори миллат сироят карда. Аммо бо камоли таассуф, дар миёни рӯзноманигорони тоҷик беш аз ҳама дида мешавад; азизони рӯзноманигори мо мутаассифона ба ин мараз ва бемории мусрӣ чунон олуда гаштаанд, ки ҳатто таҳаммули инро надоранд, ки фамилияи ҳампиёлаашон шабеҳ ба фамилияи рӯзноманигоре бошад, ки аз мухолифон аст.
2) Гурӯҳи дуввум такфириҳо ҳастанд. Мурод аз такфирӣ албатта фақат он диндороне нестанд, ки мехоҳанд ғайри худро аз арсаи одамият ҳазф кунанд, на, балки ҳар касе бо ҳар биниш ва кеш ва ойине, чӣ диндор аст вай ва чӣ бедин, ки бихоҳад ғайри ӯ дар ҷомеа аз арса ҳазфу нобуду маҳв гардад. Манзур аз такфирӣ якчунин одаме аст.
Ва бо камоли таассуф, имрӯзҳо якчунин инсонҳое дар раъси қудрат дар Тоҷикистон қарор доранд, аз “пешвояш” бигир то пойинтарин корманди ин режим. Ҳама такфирӣ ҳастанд, яъне мехоҳанд ғайри онҳо аз ҷомеа ҳазфу маҳв гардад, дар ҷомеа ҳатто як нафар инсоне, ки аз “пешво” интиқодаке бикунад, набошад, агар як ҳарфаке зад, зуд тамғаи “терурист” бар ӯ часпонда мешавад. Ин аст одами такфирӣ. Ин ҷамоат кучактарин фарқе бо ДОЪИШ надоранд. ДОЪИШ ҳам чунин буд, таҳаммули ғайри худашро надошт, ӯро аз байн мебурд. Инҳо низ чунинанд, мунтаҳо ДОЪИШ диндор ва инҳо бединанд, вагарна фарқе надоранд.
Агар бихоҳем мисли одамҳо зиндагӣ кунем, бояд ҷомеаи мо аз лавси вуҷуди ин ду гурӯҳ пок бишавад. Инҳо мисли суск (таракан)-анд, ки ҳар ҷо пояшон бирасад, он ҷоро олуда месозанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн