Маҳдудияти ибрози ҳамбастагӣ бо Фаластин дар Фаронса

 

Маҳдудияти ибрози ҳамбастагӣ бо Фаластин дар “маҳди озодӣ ва ҳуқуқи башар”-и Аврупо

Ахбори байналмилал

Anews

Афви байналмилал (Amnesty International) мегӯяд, ахиран дар Фаронса маҳдудиятҳое барои эъломи умумии ҳамбастагӣ бо Фаластин аз ҷумла лағв ё мамнӯияти тазоҳурот дар ҳимоят аз Ғазза эъмол шудааст.

Ба гузориши Anews, дар баёнияи шӯъбаи маҳаллии ин созмони ҳуқуқи башарӣ гуфта шуда, ки дар ҳафтаҳои ахир маҷмӯае аз маҳдудиятҳо барои ибрози умумии ҳамбастагӣ бо фаластиниёни Ғазза ҳамроҳ бо лағв ё мамнӯияти рӯйдодҳо мушоҳида шудааст.

Яке аз мавориде, ки Афви байналмилал (Amnesty International) ба он ишора карда мамнӯияти конфронси барномарезишуда дар бораи Фаластин аст, ки аввалҳои моҳи ҷорӣ тавассути “Анҷумани Фаластини озод” барои баргузорӣ дар шаҳри Лилл созмондиҳӣ шуда буд.

Мақомҳои фаронсавӣ ин мамнӯиятро бо нигаронӣ дар бораи “таблиғоти теруристӣ” тавҷеҳ карданд; иқдоме, ки мудофеони ҳуқуқи башар ба унвони талош барои буғӣ кардани гуфтумони машрӯъ дар бораи ормони Фаластин маҳкум карданд.

Матилд Пано, аз аъзои аршади порлумони Фаронса, ки ба ҳимояти сареҳи худ аз Фаластин маъруф аст, фош кард, ки ба иттиҳоми “таблиғоти теруристӣ” барои бозҷӯӣ эҳзор шудааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Узви аршади Ҳамос: Телавив дар Рафаҳ ғофилгир мешавад
Нигоҳе ба фалсафаи Кант

Матолиби пурбоздид