Панде аз Суқрот

Панде аз Суқрот

Рӯзе Суқрот, ҳакими маъруфи юнонӣ, мардеро дид, ки хеле нороҳат аст. Иллати нороҳатияшро аз ӯ пурсид. Мард посух дод: Дар роҳ, ки меомадам, яке аз ошноёнро дидам ва салом кардам, аммо ҷавоб надод ва бо беэътиноӣ ва худхоҳӣ гузашт ва рафт. Ман аз ин рафтори ӯ ранҷидам.

Суқрот пурсид: Хуб, чаро ранҷидӣ?

Мард бо тааҷҷуб гуфт: Хуб, маълум аст, чунин рафторе нороҳаткунанда аст.

Суқрот пурсид: Агар дар роҳ касеро медидӣ, ки ба замин афтода ва аз дарду беморӣ ба худ мепечад, оё аз дасти ӯ дилхур мешудӣ ва меранҷидӣ?

Мард гуфт: Мусаллам аст, ки ҳаргиз дилхур намешудам. Одам, ки аз бемор будани касе дилхур намешавад.

Суқрот пурсид: Ба ҷойи дилхурӣ, чӣ эҳсосе меёфтӣ ва чӣ мекардӣ?

Мард ҷавоб дод: Эҳсоси дилсӯзӣ ва шафқат ва саъй мекардам табиб ё доруе ба ӯ бирасонам.

Суқрот гуфт: Ҳамаи ин корҳоро ба хотири он мекардӣ, ки ӯро бемор медонистӣ. Оё инсон танҳо ҷисмаш бемор мешавад? Ва касе, ки рафтораш нодуруст аст, оё равонаш бемор нест? Агар касе фикр ва равонаш солим бошад, ҳаргиз рафтори баде аз ӯ дида намешавад. Бемории фикрӣ ва равонӣ номаш ғафлат аст, аз ин рӯй, ба ҷойи дилхурӣ ва ранҷиш аз одаме, ки бадӣ мекунад ва дашном медиҳад ва такаббур меварзад ва хулоса як одами ғофил аст, бояд дил сӯзонд ва кӯмак кард ва ба ӯ табиби руҳ ва доруи ҷон расонд. Пас, аз дасти ҳеч кас дилхур машав ва кина ба дил магир ва оромиши худро ҳаргиз аз даст мадеҳ ва бидон, ки ҳар вақт касе бадӣ мекунад, дар он лаҳза бемор аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғурур ва худшефтагӣ
Арзиши бадеии осори Мирзо Турсунзода

Матолиби пурбоздид