Маҳдӣ ал-Машшот: Исроил посухи моро хоҳад дид
Ахбори байналмилал
Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман: “Шуҳадои давлати Яман аҳдашонро бо хунашон адо карданд”
“Рӯзҳои сахте дар интизори душманон аст, режими залили саҳюнистӣ посухи моро хоҳад дид”
Ба гузориши Алмаёдин
Маҳдӣ ал-Машшот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, изҳор дошт: “Шуҳадои азиз дар сахттарин таърихи Яман фидо шуданд ва аҳдашонро бо хунашон адо карданд ва ҷиҳодашонро бо беҳтарини поён тамом карданд.”
Маҳдӣ ал-Машшот изҳор дошт: “Он чи ки душман анҷом дод, зарбае буд, аммо мавзеи яманиҳо барои поён додан ба муҳосира пойдор хоҳад монд.”
Ал-Машшот ҳамчунин таъкид кард: “Рӯзҳои сахте дар интизори душманон аст. Эй душман! Ҳукумати касифатонро аз байн хоҳем бурд.”
Вай афзуд: “Мо сарзаминҳои ишғолшударо ба мардум бозхоҳем гардонд ва ширкатҳои ҳамкорикунанда бо душмани ишғолгар бояд бидонанд, ки хуни яманиҳо пок аст ва агар рехта шавад, арши имперотуриҳо суқут хоҳад кард.”
Раис Шӯрои олии сиёсии Яман ҳушдор дод: “Ин ҳукумати режими залил посухи моро хоҳад дид. Амнияти саҳюнистҳо баъд аз чанд рӯз аз байн хоҳад рафт ва мо дар ёрии мардуми Ғазза пойдор хоҳем монд.”
Қаламонлайн