Маҳкумияти ҳамла ба бемористони Маъмадонӣ аз сӯи Эрон
Ахбори Фаластин
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Носир Канъонӣ иқдоми режими саҳюнистӣ, бомбборони бемористони Маъмадониро як ҷинояти ҷангии ваҳшиёна ва наслкушӣ тавсиф карда ва афзуд:
Режими саҳюнистӣ дар тадовуми ҷиноёти нангин худ дар ҳаққи миллати Фаластин, бо иртикоби ин ҷинояти дадманишона ва ҳавлнок, як бори дигар хӯи дарандагӣ ва субуати худро ба ҳамаи ҷаҳониён нишон дод ва собит кард, ки кучактарин пойбандӣ ба усул ва қавоиди ҳуқуқи байналмилал дар замони ҷанг надорад.
Вай амиқтарин маротиби ҳамдардии давлат ва миллати Эрон бо миллат ва муқовимати Фаластин бавижа хонаводаҳои шуҳадои ин ҷиноятро иброз дошт ва афзуд: Бешак хуни шуҳадои мазлуми ин ҳодиса, азми мардуми муқовим ва муҷоҳиди Фаластинро дар истодагӣ барои пок кардани сарзаминашон аз лавси вуҷуди ишғолгарон ҷазмтар хоҳад кард.
Канъонӣ таъкид кард: Интизор меравад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа СММ ва Шӯрои Амнияти ин созмон ба масъулияти байналмилалии худ, дар баррасии сареи абъоди ин ҷинояти ҷангӣ ва пайгарди қонунии ҷинояткорони саҳюнистӣ амал кунанд.
Қаламонлайн