Миллати Фаластин бо силоҳи амрикоӣ кушта мешаванд

Миллати Фаластин бо силоҳи амрикоӣ кушта мешаванд

Ахбори ҷаҳон

Дабири кулли Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин – Зиёд Нахола  гуфт:

Ҷонибдории байналмиллалӣ ба вижа Амрико аз режими саҳюнистӣ ҳамчунон вуҷуд дорад ва миллати Фаластин бо силоҳи Амрико кушта мешавад.

Зиёд Нахола  ба муносибати сию шашумин солгарди таъсиси ин ҷунбиш дар маросими бошукӯҳе, ки дар минтақаи Алкатиба дар навори Ғазза баргузор шуд, дар суханоне афзуд:

Режими саҳюнистӣ моро бо силоҳи Амрико мекушад ва Ташкилоти худгардон низ бо тасмими Тел-Авив моро дастгир мекунанд. Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва размандагони он ба сурати муттаҳид ва дар канори соири гуруҳҳои муқовимат барои муқобила бо режими ишғолгар дар майдон ҳузур доранд.

Нахола  тасреҳ кард: Кишварҳои арабии созшкор бо ҳақорат дар паи оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ҳастанд ва ба сурати ғамангезе дар муқобили он фурӯ мерезанд. Фақат муборизони муқовимат ҳастанд, ки метавонанд ин авзои фоҷеаборро мутаваққиф кунанд.

Ба таъкиди коршиносон, ҳамчунон Амрико пуштибони аслӣ ва  таъминкунандаи аслиҳа барои Исроил ба шумор меравад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Кореяи Шимолӣ: Силоҳҳои куштори ҷамъии Амрико бузургтарин таҳдид барои ҷаҳон аст
Донишҷӯёни Қуръон

Матолиби пурбоздид