Гуфтугӯи амниятии Ҳирот, бо мизбонии Тоҷикистон

Гуфтугӯи амниятии Ҳирот, бо мизбонии Тоҷикистон

Ахбори минтақа

farsnews

Нишасти ҷадиди «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот», ки барои мушорикат дар он аз намояндагони ҳукумати Толибони Афғонистон низ даъват шудааст, дар торихи 28-29-ноябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Довуд Муродиён, раиси Муассисаи стратегии Афғонистон гуфт, ёздаҳумин нишасти «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот» бо мушорикати ҳамаи намояндагони гуруҳҳои сиёсии Афғонистон баргузор мешавад.

Интизор меравад, дар ин нишаст масоили мухталифу муҳимми Афғонистон, аз ҷумла гуфтугӯи миллӣ барои тавсеаи демократия, баробарии ҷинсиятӣ, ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар, ҳамбастагӣ бо ҳамсоягон мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд.

Ин дувумин сол аст, ки ин нишаст дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Нишасти «Гуфтугӯи амниятии Ҳирот» аз соли 2012 то 2021 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор мешуд.

farsnews

Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вуқӯи чанд инфиҷор дар Илот
Холид Машъал ба кишварҳои ғарбӣ: “Ба фикри минтақа баъд аз Исроил бошед!”

Матолиби пурбоздид