Едиот Аҳронот: Ҳамос бо пешниҳоди оташбаси Миср мувофиқат кард
Ахбори байналмилал
Alalam
Рӯзномаи исроилии Едиот Аҳронот навишт:
Ҷунбиши Ҳамос пешниҳоди оташбаси мисриро пазируфта, аммо хостори замонати Омрико шудааст.
Ба гузориши Алъолам, Едиот Аҳронот афзуд:
“Омрико низ ба Ҳамос ваъда дода, ки оташбаси муваққат ба оташбаси доим табдил хоҳад шуд.”
Ҳамзамон, сойти исроилии Wala навишт:
“Ҳайате аз Ҳамос имрӯз барои ироаи посухи ҷунбиш ба пешниҳоди Миср барои мубодилаи асирон вориди Қоҳира хоҳад шуд.”
Ин сойт афзуд: “Масъулини исроилӣ мунтазири посухи Ҳамос ҳастанд ва пешбинӣ мекунанд, ки Ҳамос бо марҳилаи аввали тавофуқ бидуни тааҳҳуди расмии исроилӣ ба поёни ҷанг мувофиқат мекунад, аммо дар бораи теъдоди асирони исроилӣ, ки озод хоҳад кард ва теъдоди асирони фаластинӣ, ки қарор аст дар муқобили онон озод шаванд, шартҳои бисёр сахтгиронае матраҳ хоҳад намуд.”
Alalam
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: