Мулло Алии Қушчӣ

Таърих

Мулло Алии Қушчии Самарқандӣ

Алоуддин Алӣ ибни Муҳаммади Самарқандӣ маъруф ба Мулло Алии Қушчӣ (1403-1474), мутакаллим, риёзидон ва мунаҷҷим, аз машоҳири уламо ва аз фуқаҳои ҷаҳони ислом ва яке аз барҷастарин мутакаллимон буд.

Мулло Алии Қушчӣ дар шаҳри Самарқанд дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш аз ходимони Амир Улуғбеки Темурӣ буд. (Заркалӣ, ҷ.5, с.348) Ӯ дар даврони кӯдакӣ мавриди таваҷҷӯҳи Улуғбек қарор гирифт (Хондамир, ҷ.4, с.38) ва ба сабаби ин алоқа, Улуғбек ба ӯ лақаби фарзандӣ дод, чунонки ҳеч чизро аз ӯ пинҳон намекард. (Бартолд, с.220)

Мулло Алии Қушчӣ дар ҷавонӣ барои касби улуми гуногун ба вежа илми риёзӣ (арифметика) ба Кирмон рафт ва пас аз поёни таҳсилоташ ба Самарқанд бозгашт ва “Рисолаи ҳалли ашколи қамарӣ”-ро барои Улуғбек навишт ва беш аз пеш таҳсини вайро барангехт. (Мударриси Табрезӣ, с.495)

Вожаи “Қушчӣ” лафзе туркӣ ва мураккаб аз ду лафзи “қуш” (ба маънӣ мурғ) ва “чӣ” (ҳарфи нисбат) аст. Падари Мулло Алӣ (Муҳаммади Самарқандӣ) ба ин ном шӯҳрат дошт, зеро вазифа дошт мурғони шикории Улуғбекро нигаҳдорӣ кунад.

Мулло Алии Қушчӣ дар Самарқанд бештари улум, ба вежа ҳайат ва риёзиётро аз Қозизодаи Румӣ ва Улуғбеки Темурӣ омӯхт. (Мударриси Табрезӣ ,с.495). Қозизодаи Румӣ аз риёзидонони садаи нӯҳуми ҳиҷрӣ буд. Ӯ аз нахустин устодони Улуғбек ва роҳнамои вай дар тарҳи расадхонаи Самарқанд буд ва пас аз Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ мудири расадхонаи Самарқанд шуд ва дар таълифи “Зиҷи Улуғбек” ширкат ҷуст, яке аз осори маъруфи ӯ дар риёзиёт “Шарҳу ашколит-таъсис” аст. (Фаршод, ҷ.2, с.896)

Улуғбек фарзанди Шоҳрух ва наводаи Темур, подшоҳе буд, ки ба кишваргушоӣ алоқа надошт, ва ба иллати алоқае, ки ба улуми гуногун дошт, мадрасае дар Самарқанд бино кард, ки нуҷум муҳимтарин мавзӯе буд, ки дар онҷо тадрис мешуд. Ӯ донишмандони рӯзгори худро маъмури ташкили расадхонаи Самарқанд кард. Пеш аз Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ, яке аз риёзидонон ва ситорашиносони садаи нӯҳум, мудирияти расадхонаи Самарқандро ба ӯҳда дошт ва наздик ба ҳафт сол дар онҷо саргарми кори расад буд ва дар ҳамонҷо даргузашт. Пас аз Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ ва Қозизодаи Румӣ, Мулло Алии Қушчӣ маъмури анҷоми расад ва зиҷ шуд ва зиҷи улуғбекиро, ки ба зиҷи ҷадид маъруф буд, ба хубӣ ба поён расонд. (Сафо, ҷ.4, с.105; Мударриси Табрезӣ, .495)

Расадхонаи Самарқанд поёни дардноке дошт. Улуғбек, бунёнгузори он, бо хашми ҷамъе аз руҳониёни мутаассиби он давра, ки бо пажӯҳишҳои ситорашиносӣ сари носозгорӣ доштанд рӯ ба рӯ шуд ва саранҷом ба дасти писараш Абдуллатиф ва бо таҳрики нобихрадон, кушта шуд. Хушбахтона пеш аз он ки битавонанд ин кори нобихрадонаро анҷом диҳанд, Мулло Алии Қушчӣ шабона ва махфиёна ба расадхона рафт ва маҷмӯаи баррасиҳо ва ёддоштҳои марбут ба расадҳоро ҷамъоварӣ кард ва аз Самарқанд берун бурд.

Мулло Алии Қушчӣ ба иллати бетаваҷҷӯҳии ҷонишинони Улуғбек ба донишу пажӯҳиш, аз таваққуфи бештар дар дастгоҳи Темуриён худдорӣ кард ва равонаи диёри ғурбат шуд. (Мударриси Табрезӣ, с.495) Сипас барои анҷоми фаризаи ҳаҷ ба Табрез рафт ва амири Табрез ба ӯ эҳтироми фаровон гузошт. Қушчӣ барои бастани паймони сулҳ миёни амири Табрез ва Султон Муҳаммади Усмонӣ ба Истонбул рафт ва бо исрор ва хоҳиши Султон Муҳаммад дар онҷо монд ва дар мадрасаи Аёсуфия ба тадрис пардохт ва “Рисолаи Муҳаммадия”-ро дар илми ҳисоб ба номи Султон Муҳаммади Усмонӣ навишт.

Мулло Алии Қушчӣ яке аз нахустин муаллимони нуҷум ва риёзиёт дар Туркия буд ва барои густариши улум дар он кишвар кӯшид. Қушчӣ дар соли 879 ҳ. (мусодиф бо 16 декабри 1474 мелодӣ) дар Истонбул вафот ёфт ва дар канори қабри Абӯаюби Ансорӣ, саҳобаи Паёмбар (с), ба хок супурда шуд.

Осор

Мулло Алии Қушчӣ китобҳо ва рисолаҳо ва ҳошияҳои фаровоне дар риёзиёт, нуҷум, ҳайат, мантиқ ва калом ва ғайра дорад, ки ба тартиб иборатанд аз:

1) Рисолаи Муҳаммадия дар ҳисоб (геометрия);

2) Мизон ул-ҳисоб (геометрия);

3) Рисолае дар ҳисоб ба форсӣ (геометрия);

4) Китоби ҳайат;

5) Рисолаи фатҳия дар илми ҳайат;

6) Шарҳи зиҷи Улуғбек ба номи “Суллам ус-само”;

7) Аҷзоъ ул-қазия (дар мантиқ);

8) “Шарҳу таҷрид ал-эътиқод”-и Хоҷа Насируддини Тӯcӣ;

9) Маҳбуб ул-ҳамоил;

10) Ҳошия бар авоили шарҳи кашшофи Тафтозонӣ;

11) “Ал-ъунқуд аз-завоҳир” (дар илми сарф);

12) Ал-фавоид фил ағлот.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Онон, ки таърихро ба ёд наспоранд…
Ихтилоф ё ҳикояти ду тоҷир

Матолиби пурбоздид