Муқобилаи кишварҳои ғарбӣ бо барномаи Ҷоддаи абрешами Чин
Ахбори минтақа
Танзими ҳафтод лоиҳаи байналмилалӣ аз ҷониби ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон (G7) барои муқобила бо Роҳи абрешами Чин дар дасти иҷрост.
Бино ба гузориши рӯзномаи Аlestiklal, раҳбарони кишварҳои G7 ба тарҳҳои рушди иқтисодии Чин дар ҷаҳон, бахусус тарҳи камарбанд ва ҷоддаи абрешам мухолифат карданд.
Ба ин манзур, дар чаҳорчӯби тарҳи “Дарвозаи Ҷаҳонӣ”-и Иттиҳодияи Аврупо, 70 тарҳи нави байналмилалӣ, бо ҳадафи боздоштани рушди иқтисодии Чин дар кишварҳои ҷаҳон, феҳраст шуда ва дар авлавият қарор гирифтанд, ки бахши зиёде аз пружаҳо дар Осиёи Миёна мутамаркиз ҳастанд.
Дар ин робита, бино ба изҳороти Кохи Сафед, ин гурӯҳ тасмим гирифтааст, то соли 2027 барои сармоягузорӣ ба зербиноҳои ҷаҳонӣ, 600 миллиард доллар ҷамъоварӣ кунад, ки аз ин ҳисоб Вашингтон 200 миллиард доллари онро дар панҷ соли оянда тавассути грантҳо ва захираҳо таъмин хоҳад намуд.
Раиси Кумиссиюни Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки Аврупо барои таъмини молии зербиноӣ дар кишварҳои рӯ ба тавсиа, барои мубориза бо тарҳи роҳи нави абрешим, дар панҷ соли оянда ҳудуди 300 миллиард евро ихтисос хоҳад дод.
Тавре ки гуфта шуд, аксари лоиҳаҳои G7 дар Осиёи Миёна мутамарказ шудаанд. Лоиҳаи Ҳидрогени сабз дар Қазоқистон, як роҳи тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ, нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи ин барномаҳо мебошад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн