Дар баробари доишӣ шудани тоҷикон ҷомеа чӣ масъулияте дорад?

Дар баробари доишӣ шудани тоҷикон ҷомеа чӣ масъулияте дорад?

Назароти Шумо

Яке аз корбарони фейсбук, дар сафҳаи шахсии худаш, бо ишора ба ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Шерози Эрон ин гуна изҳори назар кардааст:

“Дуюм бор шуд, ки ҳамлаи террористии Шоҳчароғи Шероз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тавассути як террористи тоҷикистонӣ анҷом мепазирад…
Ин ки барои ҳарду бор ДОИШ аз шаҳрванди Тоҷикистон барои ин қазия интихоб шудааст ҷои савол аст… Чаро?!
Посух ҳарчи ҳам бошад бояд пеши роҳи ин қазия гирифта шавад ва ҳама дар ин қибол масъуланд…
Тоҷикистон ва тоҷикистониён камтар барои эрониҳо шинохта шуда ҳастанд аммо гӯё эрониён Тоҷикистонро бо терроризм ва ДОИШ шинохта истодаанд
Барои пешгирӣ аз ин қазияҳо чӣ вазифае дорем мо?”
Ба назари Шумо мухотаби азиз, дар баробари доишӣ шудан ва ба гуруҳакҳои террористӣ ва ифротӣ пайвастани бархе ҷавонони тоҷик, ҷомеа чӣ масъулияте дорад; инчунин давлат ва масъулини кишварӣ чӣ масулияте доранд?
Назароти худро ирсол кунед.
Қаламолайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми таслиятии ҲНИТ ба муносибати даргузашти Ҷалолиддин Маҳмуд
Фалсафаи ахлоқ – YI

Матолиби пурбоздид