Муқовимати исломии Ироқ иттиҳоми ҳамла ба Арабистонро рад кард
Ахбори байналмилал
Муқовимати исломии Ироқ ҳар гуна иттиҳоми ҳамла ба Арабистонро рад кард
Муқовимати исломии Ироқ зимни радди иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи худ дар бораи ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба таъсисоти Арабистон, ҳадаф аз такрори ин иттиҳомзаниҳоро сарпӯш гузоштан бар шикастҳои паёпайи нерӯҳои саудӣ донист ва нисбат ба тавтиъаҳо барои ба бӯҳрон кашондани Ироқ ҳушдор дод.
Ба гузориши Исно, Муқовимати исломии Ироқ имрӯз (шанбе) дар баёнияе эълом кард: “Зимни табрик ба миллати сарафрози Яман ба хотири пирӯзиҳои майдонии мустамиррашони алайҳи нерӯҳои саудӣ ва муздурони он, таъкид мекунем, ки иттиҳомоти ворида ба муқовимати Ироқ дар мавриди ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ҳаётии саудӣ дар рӯзи ҷумъа, ифтихоре аст, ки мо муддаии он нестем.”
Муқовимати исломии Ироқ дар идома низ аз шитобзадагии давлати Ироқ дар пазириши ин иддаоҳо бидуни такя бар шавоҳиди мӯътабар ё таҳқиқоти мушаххас, ибрози таъаҷҷуб кард.
Муқовимати Ироқ ҳамчунин таъкид кард: “Такрори сиёсати иттиҳомзанӣ ва инҳирофи тавваҷӯҳҳо, танҳо талоше номуваффақ барои сарпӯш гузоштан бар шикастҳои пай дар пай аст, ки нерӯҳои саудӣ ва авомили онҳо аз сӯйи фарзандони шуҷоъи Яман мутаҳаммил шудаанд.”
Муқовимати Ироқ дар идомаи баёния зимни таъкиди дубора бар мавзеъи тазалзулнопазири худ дар ҳимоят аз миллати мазлуми Яман, ки беш аз як даҳа аст дар муҳосираи режими саудӣ қарор доранд, нисбат ба дунболравӣ аз тарҳҳои шуми саҳюнистӣ-омрикоӣ, ки ба дунболи кашондани Ироқ ба бӯҳронҳое ҳастанд, ки танҳо ба нафъи душманонаш аст, ҳушдор дод.
Муқовимати исломии Ироқ дар поёни баёния низ омодагии худро барои ҳузур дар ҳар кумитии таҳқиқи давлатӣ бо ҳадафи расидан ба ҳақиқат ба ҷойи қарор гирифтан таҳти таъсири ривоятҳои машкук, эълом кард”.
Қаламонлайн












