Муҳим ин аст, ки талош кунӣ

Муҳоҷират

Муҳим ин аст, ки талош кунӣ

1 – Аввалин қадам дар роҳи муваффақият ин аст, ки сӯҳбат карданро канор гузорем ва ба ҷои он амал кунем. (Уолт Дизней)

2 – Инсони бадбин ҳангоми рӯбарӯ шудан бо фурсатҳои зиндагӣ душвориҳои онро мебинад, аммо инсони хушбин дар ҳар душворӣ фурсате меёбад. (Уинстон Черчил)

3 – Шикастҳо нисбат ба муваффақиятҳо чизҳои зиёде ба шумо меомӯзанд, пас нагузоред шикастҳо шуморо мутаваққиф кунанд. Онҳо ҳамон чизҳое ҳастанд, ки шахсияти шуморо месозанд.

4 – Агар азми мо барои расидан ба муваффақият кофӣ бошад, шикаст ҳаргиз ба мо ғалаба нахоҳад кард. (Уг Мондину)

5 – Фарде, ки аз эътимод ба нафс ва худбоварии кофӣ бархурдор бошад, ба дигарон низ эътимод ба нафс мебахшад.

6 – Ҳаргиз таслим нашава! Арзишмандатарин чизҳо дар тӯли замон ба даст меояд. Пас сабур бош!

7 – Муҳим нест, ки дар зиндагӣ, чӣ қадар оҳиста ҳаракат мекунед, муҳим ин аст, ки ҳаргиз мутаваққиф нашавед.

8 – Дар оина нигоҳ кун! Рақиби ту дар оина аст!

9 – Дарде, ки имрӯз эҳсос мекунӣ, қудратест, ки дар оянда ҳис хоҳӣ кард.

10 – Масъала ин нест, ки дар зиндагӣ комил бошӣ. Муҳим ин аст, ки талош кунӣ.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Комёбӣ ва муваффақият дар гарави ин маворид аст
Меҳрубонӣ ба ҳамсар

Матолиби пурбоздид