Мӯъҷиза
Мактаби инсоният
Бутпарастон ба Паёмбар(с) гуфтанд: Агар метавонӣ ба он дарахт бигӯ, аз реша канда шавад ва ин ҷо биёяд.
Сипас Паёмбар ба дарахт ишорае карданд. Дарахт аз замин канда шуд ва рӯи решаҳояш ҳаркат кард ва то назди Паёмбар давид ва сояашро бар сари Паёмбар андохт.
Ҳама гуфтанд: Бигӯ то дарахт ду нисф шавад.
Паёмбар гуфтанд ва ҳамон тавр шуд.
Боз бутпарастон гуфтанд: Ҳоло дубора боз ба ҳам бичаспад.
Паёмбар гуфтанд ва ҳамон тавр шуд.
Гуфтанд: Бигӯ, баргардад.
Паёмбар дастур доданд ва дарахт баргашт ба ҷои худаш. Бутпарастон пас аз мушоҳидаи ин ҳама аз мӯъҷиза аз Паёмбар ба ҷои он ки имон биоваранд, ба Паёмбар гуфтанд: Ту ҷодугарӣ!!!
Паёмбар фармуданд: Медонистам имон намеоваред. Аз ҳамин алон мебинаматон, ки дар ҷанги Бадр кушта мешавед ва ҷанозаатонро даруни чоҳ меандозем.
Ҳамон тавре ки Паёмбар фармуда буданд, ҳамаи онон дар ҷанги Бадр кушта шуданд ва ҷанозаашон дар чоҳ андохта шуд.
qalamonline.net
Қаламонлайн