Навҷавон ва хештаншиносӣ
Мабоҳиси тарбиятӣ
Яке аз муҳимтарин масоиле, ки дар даврони навҷавонӣ пеш меояд ва мутахассисони тарбият таъкиди зиёде бар он доранд, шаклгирии ҳувият дар навҷавон, ё ҳамон хештаншиносӣ, дар навҷавон аст.
Дар воқеъ шаклгирии ҳувият ба ин маъност, ки ба моҳияти вуҷудии худ пай бибаред ва ба табаи он, битавонед ба беҳдошти ҷисмӣ ва равонӣ даст ёбед.
Авомили бисёр муассире, аз ҷумла авомили итҷимоӣ, хонаводагӣ ва тафовутҳои ҷинсиятӣ метавонанд дар шаклгирии ҳувият таъсиргузор бошанд.
Ҳалли буҳрони ҳувият аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки ба воситаи он маъное барои зиндагӣ меёбед ва мутаоқибан дар паи аҳдофе меравед.
Ҳамчунин метавонед ба роҳатӣ дар зиндагӣ тасмим бигиред ва аз бисёре аз мушкилот ва осебҳои иҷтимоӣ дар амон бошед.
Навҷавонӣ ҳадди фосили байни кӯдакӣ ва ҷавонӣ аст, ки ҳудуди синне 12-13 солагӣ то 18 солагиро дарбар мегирад.
Яке аз аслитарин нишонаҳои даврони навҷавонӣ, булуғ аст, ки бар масоили физиологӣ ва равонӣ таъсир мегузорад.
Булуғи физиологӣ дарбаргирандаи тағйироти баданӣ аст, ки дар фард иттифоқ меафтад ва булуғи равонӣ бо масоиле ба номи “буҳрони ҳувият ва буҳрони хештаншиносӣ” ҳамроҳ аст.
Дар навҷавонӣ ба ин нукта пай мебаред, ки ба зудӣ масъулиятҳо ва нақшаҳоятон дар зиндагӣ бештар хоҳад шуд ва бояд равиши мушаххасеро барои ҳалли масоили худ пеш гиред.
Муҳимтарин суоле, ки дар ин марҳала бароятон мумкин аст, пайдо шавад, ин аст, ки “ман кистам?”
Посухдеҳӣ ба ин саволи навҷавон, муқаддимаи эҷоди ҳувият дар вай хоҳад буд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: