Чанд ҳикмат аз Ғаззолӣ

Адаб

Чанд ҳикмат аз Ғаззолӣ

  1. «Илми бе амал девонагӣ аст ва амали бе илм шуданӣ нест. Илме, ки туро аз гуноҳон бознадорад ва ба итоати маъбуд водор накунад, фардои қиёмат туро аз оташи дӯзах бознахоҳад дошт. Агар имрӯз ба донишат амал накунӣ ва дар садади ҷуброни рӯзҳои гузашта барнаёӣ, рӯзи қиёмат аз ононе хоҳӣ буд, ки мегӯянд: моро ба дунё бозгардон, то кори шоистае анҷом диҳем, ва онгоҳ ба ту мегӯянд: аҳмақ! Ту худ аз онҷо омадаӣ!…»
  2. «Хушиҳо ва лаззатҳо бар се дараҷа аст: аввал он ки пасттар аст мисли шикам ва зери шикам, халқ бештар он бидонанд ва бад-он машғул бошанд. Ва далели пастии он ин аст, ки ҳамаи ҳайвонот бо вай дар ин амр шарик, балки ғолибанд ҳамчун магасу мӯру кирм. Дуввум, лаззати ғалаба ва риёсат аст, ки баъзе ҳайвонот бо вай шариканд ҳамчун шеру паланг. Севвум, лаззати илм ва ҳикмат ва маърифати Ҳақ Таоло, ки инро ҳеч ҷонваре надорад…»
  3. «Фарқи мӯъмин ва мунофиқ:

Мӯъмин ба фикру ибрат машғул бувад ва мунофиқ ба ҳирсу амал (орзу);

Мӯъмин аз ҳама кас навмед бувад магар аз Ҳақ Таоло ва мунофиқ ба ҳама кас умед дорад магар Ҳақ Таоло;

Мӯъмин мол фидои дин кунад ва мунофиқ дин фидои мол кунад;

Мӯъмин тоат ҳам дорад ва ҳам гиряд ва мунофиқ маъсият ҳам кунад ва ҳам хандад;

Мӯъмин танҳоӣ ва хилватро дӯст дорад ва мунофиқ дар ҷамъ будан ва издиҳом ва шулуғиро;

Мӯъмин, ҳам корад ва тарсад, ки надаравад ва мунофиқ накорад ва тамаъ дорад, ки бидаравад…»

  1. «Агар тоати шаҳват дорӣ, дар ту сифати палидӣ, бешармӣ, ҳарисӣ, чоплусӣ, хасисӣ, шамотат ва ҳасад падид ояд, ва агар (шаҳват) мақҳур гардонӣ (яъне бар он пирӯз гардӣ), дар ту сифати қаноат, хештандорӣ, шарм, порсоӣ ва бе тамаъӣ падид ояд…»

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иззати дунё дар чист?
Баҳорат хуш, ки фикри дигаронӣ!

Матолиби пурбоздид