Намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар Қазоқистон
Ахбори ҳунарӣ
Намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз ба кор кард.
Намоишгоҳи саноати дастии Эрон дар Академияи ҳунарии Юргинаваи шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо ҳузури донишҷуён, асотид риштаҳои ҳунарӣ, эроншиносон ва масъулини сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.
Дар ин намоишгоҳ, чаҳор ҳунарманди эронӣ, аз устони Исфаҳон осоре аз ҳунарҳои хотамкорӣ, қаламзанӣ, фирӯзакубиро дар маърази диди алоқамандон қарор додаанд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ин намоишгоҳ наҳваи тавлиди осори қаламзанӣ барои ҳозирон ба намоиш даромад.
Намоишгоҳи саноати дастии Эрон аз рӯзи 31-уми моҳи март оғоз ва то шашуми апрел дар донишгоҳҳо ва марокизи фарҳангии шаҳри Алмаатои Қазоқистон идома дорад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн