Натиҷаи бистсолаи ишғоли Афғонистон – нобудии зерсохтҳо, мушкилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ

Натиҷаи бистсолаи ишғоли Афғонистон – нобудии зерсохтҳо, мушкилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ

Ахбори минтақа

Вазири иқтисоди давлати Толибон, Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, дар мавриди ишғоли ду даҳаи кишвараш тавассути амрикоиҳо гуфтааст:

Дар давраи ҳузур ва ишғоли бистсолаи Афғонистон тавассути амрикоиҳо, ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба зерсохтҳои Афғонистон нашуда, балки ин зерсохтҳо башиддат нобуд шудааст.

Ҳаниф бо ташреҳи вазъияти роҳҳои байниноҳиявӣ ва байнишаҳрӣ ва вазъияти бади зиндагии мардуми Афғонистон таъкид намудааст, дар даврони ишғол, зерсохтҳои ҳамлу нақл низ на танҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифта, балки муҳаррикҳои иқтисодӣ низ барои тавлид фароҳам нашудааст.

Вазири иқтисоди давлати Толибон ҳамчунин хотирнишон кардааст, дар давраи ишғоли Афғонистон, шоҳиди афзоиши шумори муътодон дар ин кишвар будем ва бар асоси тахминҳо, байни чаҳор то чаҳору ним миллион муъдот ва масрафкунандаи маводди мухаддир дар Афғонистон мушоҳида шудаанд, ки армуғони шуми даврони ишғоли амрикоиҳост.

Изҳороти вазири иқтисоди давлати Толибон дар бораи нобудии зерсохтҳои Афғонистон тавассути Амрико дар давраи ишғоли он кишвар ҳикоят аз ҳақиқате мекунад, ки то даҳаҳои мутамодӣ осори  вайронгари худро бар раванди тавсиаи ин кишвар хоҳад гузошт.

Лозим ба ёдоварист, Амрико ва НАТО, пас аз ҳодисаи ёздаҳи сентябри соли 2001, ба баҳонаи мубориза бо терроризм, Афғонистонро ишғол карда ва дар бист соли ҳузури нокоми худ дар ин кишвар, мероси шуми ноамнӣ ва вайрониро аз худ ба ёдгор гузоштааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарсе аз таърихи хеш
Музеи Садриддин Айнӣ дар Бухоро бозсозӣ мешавад

Матолиби пурбоздид