Натиҷаи дидори мақомоти Амрико ва толибон дар Доҳа
Ахбори байналмилал
Дидори дурӯзаи мақомоти амрикоӣ бо намояндагони ҳукумати толибон дар Доҳа, пойтахти Қатар, ба поён расид.
Бар асоси баёнияи Вазорати хориҷаи толибон, ҳайати толибон дар ин дидорҳо гуфтааст: Барои эътимодсозӣ бояд номи раҳбарони толибон аз феҳрасти сиёҳи таҳримҳо ҳазф шавад ва захоири арзии Афғонистон озод гардад.
Ин дидорҳо рӯзи 30 ва 31 июл бо ширкати ҳайате ба раҳбарии Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон баргузор шудааст.
Ҳайати амрикоӣ дар ин нишаст муташаккил аз Томас Вест, намояндаи вижаи Вазорати хориҷаи Амрико дар умури Афғонистон, Рино Амирӣ, намояндаи занон ва духтарони афғон ва Корен Декор, масъули ҳайати амрикоӣ барои Афғонистон дар Доҳа будааст.
Қаламонлайн