Мизбонии Туркия аз 4,3 миллион гардишгар дар ду моҳ

Мизбонии Туркия аз 4,3 миллион гардишгар дар ду моҳ

Ахбори байналмилал

Туркия дур ду моҳи нахусти соли ҷорӣ, мизбони 4.3 миллион гардишгари хориҷӣ будааст.

Вазорати фарҳанги Туркия аз вуруди 4 миллиону 341 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба кишвар, дар тӯли моҳҳои январ ва феврали имсол хабар дод.

Барасоси баёнияи ин вазоратхона, теъдоди гардишгарони ъориҷии воридшуда ба Туркия дар ду моҳаи нахусти соли 2024, бо 12 фоиз афзоиш нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта, ба 4 миллиоону 341 ҳазору 606 нафар расидааст.

Дар моҳи феврал, ду миллиону 294 ҳазору 579 нафар туристи хориҷӣ аз Туркия бозидид кардаанд.

Ба интартиб, нархи афзоиш дар ин моҳ, нисбат ба соли гузашта, 22 фоиз бештар будааст.

Коршиносон далели афзоиши гардишгарони хориҷӣ ва ба табаи он афзоиши даромадҳои назаррас аз соҳаи туризмро муносибати хубу дурусти пулисҳо ва масъулони марбута  донистаанд.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳеч тоҷике ин амали террористиро анҷом надодааст!
Хохоми исроилӣ хостори куштани ҳамаи фаластиниҳо шуд

Матолиби пурбоздид