Натонёҳу: “Ҳамлаи Эрон ба Исроил, бузургтарин ҳамлаи мушакии болистик дар таърих буд”
Байналмилал
Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, ҳамлаи Эрон ба Исроилро “бузургтарин ҳамлаи мушакии болистик дар таърих” хонд ва гуфт: “Ҳеч кишваре якчунин ҳамлаеро ба сари шаҳрҳо ва шаҳрвандони худ намепазирад”.
Вай бо ишора ба ин ки “Исроил ин ҳамларо намепазирад” гуфт: “Исроил вазифа ва ҳаққи дифоъ аз худ ва посух ба чунин ҳамалотеро дорад ва ин коре аст, ки анҷом хоҳем дод”.
Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар суханоне гуфт: “Эрон пушти ҳамаи таҳдидот алайҳи мо қарор дорад. Онҳо дар яке аз бузургтарин ҳамалоти таърих, садҳо мушак алайҳи мо шиллик карданд.”
Ӯ дар идома гуфт: “Исроил онро намепазирад. Исроил вазифа ва ҳаққи дифоъ аз худ ва посух ба чунин ҳамалотеро дорад ва ин коре аст, ки анҷом хоҳем дод.”
Натонёҳу дар идома иддао кард: “Дар 11 моҳи гузашта, мо рӯйи як ҷабҳа мутамаркиз будем: аз байн бурдани нерӯи низомии маргбори Ҳамос, пас аз куштори ваҳшатноке, ки дар 7-октябр алайҳи мо анҷом дод. Мо ҳамаи афроди рабудашударо бозмегардонем.”
Вай хитоб ба Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ки хостори таҳрими таслеҳотии Исроил шуда буд гуфт: “Исроил бо ту, ё бидуни ту, пирӯз хоҳад шуд.”
Қаламонлайн