Нафси маломатгар яъне чӣ?

Нафси маломатгар яъне чӣ?

Дар вуҷуди ҳамаи инсонҳо қуввае ҳаст, ки ба василаи он, метавонад дурустро аз нодуруст ва саҳеҳро аз ғалат ташхис бидиҳад. Ин қувва ҳамон аст, ки ақлаш меномем.

Дурусту нодуруст, дар ду сатҳ ба кор меравад: яке, дар андеша ва яке ҳам дар амал. Яъне, гоҳе як андеша метавонад дуруст бошад ё нодуруст ва гоҳе як амалу рафтор метавонад дуруст ва ё нодуруст бошад. Ақли инсон дар ҳар ду сатҳ қодир ба ташхис аст.

Дар Қуръони Карим, дар ҷойе нафси инсониро ба “нафси лаввома” (нафси маломатгар) тавсиф мекунад, ки ишора ба ҳамон қувваи ташхисдиҳандаи дуруст аз нодуруст дар сатҳи рафтору амал аст (ақли амалӣ). Яъне, одамӣ – ҳар ки ҳаст, чӣ диндор ё бедин – қатъи назар аз ин ки аз касе чизе омӯхта бошад, вақте як рафтору кирдори нодуруст аз ӯ сар занад (ва нодуруст будани онро ақлаш дарк мекунад), азоби виҷдон мекашад, яъне виҷдонаш ӯро озор медиҳад, ки чаро ин корро кардааст?! Ва ба сухани дигар, виҷдонаш ӯро маломат мекунад. Ин ҳамон “нафси лаввома” аст.

وَلَا أُقْسِمُ بِالنَّفْسِ اللَّوَّامَةِ

“Савганд ба нафси лаввома (виҷдони маломатгар ва бедор)…” (Сураи Қиёмат, ояти 2)

Ва сипас, дар чанд ояти баъд мегӯяд:

بَلِ الْإِنسَانُ عَلَى نَفْسِهِ بَصِيرَةٌ. وَلَوْ أَلْقَى مَعَاذِيرَهُ

“Балки инсон худаш аз вазъи худ огоҳ аст, ҳарчанд дар зоҳир барои худ узрҳое битарошад…” (Сураи Қиёмат, оятҳои 14-15)

Мехоҳад бигӯяд, инсон ба воситаи қувваи ташхиси дуруст аз нодуруст (ақл), қодир аст рафтори ношоистро бишносад ва аз ин рӯ, ҳар гоҳ анҷомаш дод, виҷдонаш ӯро азоб медиҳад, аммо гоҳе рафторашро тавҷеҳ мекунад ва барои он узр меоварад, вале бо ин ҳама медонад, ки кори нодурусте анҷом дода. Ин ки мегӯяд, “балки инсон худаш аз вазъи худ огоҳ аст” ишора ба ҳамин нукта аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: Мушкили минтақа, мудохилаи Амрико дар ҳамаи умур аст
Путин: Ҳамаи масъулони давлатӣ бояд мошинҳои дохилӣ савор шаванд

Матолиби пурбоздид