Наёмад
Субҳӣ Ҷавҳаризода
Наврӯз шуду дилбари дилдор наёмад,
Сад бор талаб кардаму як бор наёмад.
Ҳарчанд ки ҷустам зи гулистон хабари ӯ,
Лаҳни хуши ӯ ҳеҷ зи гулзор наёмад.
Аз ғусса дилам об шуду ҳеҷ напурсид,
Дар дидани ин ошиқи бемор наёмад.
Парвонаи парсӯхта бар шамъи ғам омад,
Доруи дилу синаи афгор наёмад.
Дар фосилаи ҳафта шудам зору ҷигархун,
Афсӯс, ки он дилбари ҳушёр наёмад.
Бо лаҳни наво Субҳии мо шеъри тар овард,
Ҳарчанд ки он маҳваши ғамхор наёмад!
Субҳӣ Ҷаҳаризода
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн