Некӣ ба Модар
Мактаби инсоният
Ҷавоне ба ҳузури Расули Худо (с) мушарраф гардид ва арз кард:
Ё Расулаллоҳ! Ба чӣ касе некӣ кунам?
Паёмбар (с) фармуд: Ба модарат.
Дубора суол кард: Сипас ба чӣ касе некӣ кунам?
Ҳазрат фармуд: Ба модарат.
Бори дигар суол кард: Ва сипас ба чӣ касе некӣ кунам?
Ҳазрат фармуд: Ба модарат.
Бори чаҳорум суол кард: Он гоҳ ба чӣ касе некӣ кунам?
Паёмбар (с) фармуд: Ба падарат.
Қаламонлайн